Мо намедонистем…
Мо толибилмони солҳои 70-уми садаи ХХ ҳар рӯз баъди дарс роҳи Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосими Фирдавсиро пеш мегирифтем, ки он солҳо аз соати 8-и субҳ то соати 10 шаб кор мекард. Хеле серодам мешуд: аз талабагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр то ба кормандони илмии пажӯҳишгоҳу устодони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҳама машғули қироат буданд. На ҳамеша имконият пайдо мешуд, ки вориди китобхона гардем. Баъзан дар даромадгоҳ, гоҳо дар толори шӯъбаи дастнависҳо ба ду нафар мардони солхӯрдаву миёнсол вомеҳӯрдем, ки кормандони китобхона онҳоро самимона пешвоз гирифта, гусел мекарданд. Бо диққат ба ҳарфҳояшон гӯш медоданд, кӯшиш мекарданд, ки ҳар хоҳишу фармоишашон ба зудӣ иҷро шавад. Бо эҳтиром «домулло» ё «муаллим» мегуфтанд. Мо он вақт намедонистем, ин ду марди шариф Тӯрақул Зеҳниву Раҳими Ҳошим—собиқадорони илму фарҳанги ҷумҳурӣ, шогирдони устод Айнианд. Намедонистем, ки ҳар ду дар ғанӣ гардидани китобхона аз ҳисоби дастхатҳои нодир хидмати арзанда кардаанд ва ҳар ду зодаву парвандагони обу хоки яке аз марказҳои фарҳангии бостонии тоҷикон – Самарқанданд ва воқеаҳои солҳои аввали ҳокимияти шӯравиро аз таъсиси мактабу матбуот ва нашриёти тоҷик то ба баҳсҳои он замон дар атрофи тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна, маорифу китобҳои дарсӣ, таърих, забону адабиёти тоҷик, на танҳо бо тамоми ҷузъиёташ медонанд, балки муаллифони аввалин мақолаҳо доир ба ин мавзӯъҳо низ ҳастанд. Дар ташаккули матбуоту нашриёт, фарҳангу адабиёти нави тоҷик ёварони доимии устодони бузурги сухан Айниву Лоҳутӣ будаанд…
ШОГИРДИ УСТОД АЙНӢ
Намедонистем, ки Раҳими Ҳошим 5 октябри соли 1908 таваллуд шуда, дар Самарқанд ба камол расидааст. Ҷавонии ӯ ба давроне рост омада, ки дар ин маркази бостонии форсизабонон таҳаввулу дигаргуниҳои назаррасе рух медод: Самарқанд, ки дар ҳайати Туркистон буд, дар ин кишвар ҳокимияти шӯравӣ дар охири соли 1917 таъсис ёфта, ба мардуми он-намояндагони халқияту миллатҳои гуногун баробарҳуқуқиву озодӣ дода, мактабҳои нав кушод. Фаъолияти матбааву матбуотро роҳандозӣ кард, ки дар ин кишвар аввалин нашрияҳои ҳукумати шӯравӣ ва ҳизби коммунист аз соли 1918 ба забони русиву ӯзбекӣ мунтазам интишор меёфтанд.
Ағлаби равшангароёну ислоҳотхоҳони муқими шаҳрҳои бузургтарини Осиёи Миёна-Тошканду Самарқанд, Бухорову Хуқанд қарорҳои ҳукумати навро гарм истиқбол карданд, зеро орзуву омоли чандинсолаашон дар хусуси таъсиси мактабу матбаа ва матбуоти миллӣ ҷомаи амал мепӯшид. Ҳарчанд онҳо ба ташкили мактабу матбуоти ҷадид дар даврони ҳукумати подшоҳии рус дар Самарқанд назар ба Бухоро бештар муваффақ гардида буданд, вале дар фаъолияти равшангароёну навхоҳони тоҷику форсизабонон мушкилоти зиёде буд: ҳам мақомоти маҳаллии ҳукумати подшоҳии рус ва ҳам рӯҳониёни кӯҳнапараст, ки худро қадимӣ муаррифӣ мекарданд, бо ҳар васила ба амали навҷӯёнаи онҳо халал мерасонданд.
Устод Айнӣ, ки соли 1917 баъди бо баҳонаи ширкаташ дар намоиши шукронаи амри ислоҳоти охири намояндаи манғитиён амири Бухоро Олимхон 75 чӯб зада, зиндонӣ карда буданд, аскарони рус аз марг наҷот дода, бо захмҳои зиёде ба Самарқанд оварданд, аз соли 1918 дар мактаби нави таҳсилоти ҳамагонии шӯравӣ ба кор пардохт. Ва Раҳими Ҳошим, ки талабаи мактаби ҷадид буд, таҳсилашро дар мактаби шӯравӣ дар назди устод Айнӣ давом дод. То ба охири умр боифтихор худро чун шогирди бевоситаи яке аз бунёдгузорони мактаби нав дар аморати Бухоро, поягузори адабиёти шӯравии тоҷик, мураттиби тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик»–шиносномаи миллати тоҷик дар солҳои пурошӯби 20-уми садаи гузашта, ки понтуркистҳо мавҷудияти онро тамоман инкор мекарданд, яке аз бунёдгузорони мактабу маорифи тоҷикону форсизабонони Осиёи Миёна, муаррих, муҳаққиқ ва адабиётшиноси машҳур устод Айнӣ муаррифӣ мекард. Ӯ ба хубӣ чанд хислати устодашро кашф карда буд, ки ба назари шогирд аз ҳама муҳимаш интизом ва интизомдӯстии Айнӣ буд: «Касоне ҳастанд, ки аз ҳамкорон ва тобеони худ интизом талаб намуда, аммо худашон чандон побанди интизом намебошанд, ё ин ки на ҳама вақт ба он пурра риоя мекунанд. Аммо Айнӣ ин тавр набуд. Ӯ бо риояти комили худ ба интизом дигаронро маҷбур ба риояти интизом мекард. Ин, ба назари ман, беҳтарин роҳи талқини хислатеву хосияте ба дигарон мебошад. Ин аз тариқҳои тарбиявии Айнӣ буд. Худ намуна, агар ба истилоҳи имрӯза гӯем, мисоли шахсӣ».
Ва бешак, Раҳими Ҳошим чун шогирди ин алломаи замон на танҳо дар интизому интизомдӯстӣ, балки дар рушду нумуи мактабу маориф, матбуоту нашриёт ва илму адабиёти тоҷик хидмати шоёнеро ба анҷом расонид. Фаъолияти пурсамари илмиву адабии ӯро метавон ба чанд соҳа тақсим кард:
РАҲИМИ ҲОШИМ ВА МАТБУОТУ НАШРИЁТИ ТОҶИК
Намедонистем, ки чун садҳо ҳамсолонаш аввалан, ба туфайли нахустин ҳафтаномаи шӯравии форсизабонони Осиёи Миёна «Шӯълаи инқилоб», ки бо ҷидду ҷаҳди яке аз афроди фидоии миллат Сайидризо Ализода соли 1919 ба нашр оғоз кард ва бо сайъу талоши устод Айнӣ то охири соли 1921 интишор кард, аз таҳаввулоту дигаргуниҳои кишвар огоҳӣ ёфт. Сониян, ҳарчанд дар солҳои 20-уми асри мозӣ корманди адабии рӯзномаву маҷаллаҳои ӯзбекии «Зарафшон» ва «Маориф ва уқутувчи» буд, бо ҳидояти устодаш Садридини Айнӣ дар матбуоти навтаъсиси тоҷик дар Самарқанд—рӯзномаи «Овози тоҷик» (25 августи соли 1924), маҷаллаи «Раҳбари дониш» (шумораи нахустинаш «Дониш ва биниш» соли 1927) ва Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1925) фаъолона ширкат варзидааст. Вай дар баҳсҳои матбуот дар он солҳо оид ба забони тоҷикӣ ва роҳу усули соддаву оммафаҳм кардани забони матбуот ширкат варзида, мақолаҳои «Ба мо забони оммафаҳм даркор аст» ва «Дар гирди забони адабии тоҷик чӣ менависанд?»-ро таълиф намудааст, ки ташреҳи баҳсҳо дар ҷаласаву машваратҳо ва нигоштаҳои он замон дар матбуоти даврии тоҷикӣ ва русии Осиёи Миёна оид ба ин масъала аст. Дар мақолаи аввал зимни баррасии ҷаласаи машваратии омодагӣ ба конфронси алифбои нав, ки 10-уми октябри соли 1928 дар Тошканд баргузор гардида буд, масъалаи забон ба миён омадааст ва ширкаткунандагони ҷаласаро ба ду гурӯҳ тақсим карда. Бино ба мушоҳидаи муаллифи мақола тарафдорони фикри аввал даъво доштанд, ки «забони классикӣ ба мо ба кор намеояд. Забони имрӯзаи матбуоти тоҷик низ аз омма дур ва ба ӯ мафҳум намебошад.
Пас, бояд забони ба омма наздик гирифт. Барои ин онон таклиф мекунанд, ки забони Бухороро асос қарор дода, ӯро бо лаҳҷаҳои ҷойҳои дигар пур ва такмил намоем ва забони адабии тоҷик ном диҳем. Ба қавли рафиқ Думбол онҳо забони адабиро ихтироъ кардан мехоҳанд».
Яъне намояндагони гурӯҳи аввал забони ҳазорсолаи тоҷикиро, ки бо баракати давлати Сомониён аз замони Одамушшуаро Рӯдакӣ то ба замони инқилоб ба кулли мардуми форсизабон бе тағйироти ҷиддӣ чун забони ягонаи меъёр хидмат кардааст ва тоҷикони Осиёи Миёнаву Афғонистон, мардуми Эрон, форсизабонҳои Ҳиндустону кулли ҷаҳон бе тарҷума, шарҳу эзоҳ ва ягон мушкилот аз осори Рӯдакиву «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ то ба имрӯз истифода мекарданд, даъво пеш оварданд: «забони классикӣ ба мо ба кор намеояд». Яъне қудрату тавоноӣ ва нерӯву ғановати онро бо чашми кам дида, мехостанд барои соҳибзабонон чун алифбои нав забони наве эҷод кунанд. Аз тарафи дигар забони матбуоти онрӯзаро низ «аз омма дур ва ба ӯ мафҳум намебошад» қаламдод карданд.
Пӯшида нест, ки тарзи баёни рӯзноманигорӣ аз адабиёти илмиву бадеӣ тафовут дорад, вале намешавад онро аз «омма дур ва ба ӯ мафҳум намебошад» маънидод кард ва аз пайи эҷоди забоне шуд. Он замон гурӯҳе дар сар андешаи навсозии ҷаҳонро мепарвариданд, ки ба назарашон эҷоди забоне ба мардуми соҳибтаъриху тамаддун ва фарҳанги тоҷики аз ҳама дороиаш ба тақсимоти ҳудуди миллии шӯравиён маҳрум чандон мушкиле надошт.
Вале Думбол барин донишмандону фозилон ва огоҳ аз гузаштаи пурифтихори тоҷикон чун тарафдорони манфиатҳои ин мардум аз рӯйи имону виҷдон чунин андешаи ҷолиб ва қобили таваҷҷӯҳи дар айни замон мувофиқ ба сиёсати даврро пешниҳод доштанд: «Вақте ки забони китобӣ мавҷуд аст ва ба ҳамаи лаҳҷаҳои тоҷикон наздик мебошад, чӣ лозим ба эҷоди як забони тозаи адабии тоҷикӣ машғул шавем.
Ба ҷойи он, ки майнаи меҳнаткашони тоҷикро бо суханҳои дар воқеъ хонагӣ гаранг кунем ва саргардон шавем, ки ин лафз беҳтар аст ё он лафз, ин сухан беҳтар аст ё он, инро беҳтар мефаҳманд ё онро ва ғайра беҳтар он нест, ки машғул ба татбиқи забони китобии мавҷуда бошем ва онро мувофиқи шароити имрӯза ба районҳои муҳими тоҷикӣ наздик кунем. Вақто ки қабул кардани лаҳҷаҳои Бухорову Самарқанд барои осонии тараққии мадании халқ манфиати махсусе намедиҳад, чаро бояд оммаи тоҷиконро, ки бештарашон дар хориҷи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аз сохтмони маданӣ ва сусиёлистии Тоҷикистони шӯроӣ дур кунем ва чаро бояд худро аз таъсироти инқилобӣ маҳкум кунем? Магар барои мо бад аст як буроқи пурқуввате дошта бошем, ки бо воситаи он тоифаҳои гуногунро, ки дар таҳти нуфузи ҷаҳонгирони англис ҳастанд, инқилобӣ кунем?»
Ҳам маҷлиси машварат ва ҳам конфаронси алифбо, ки дар он ҷо ҳам ин масъала баррасӣ гардида буд, қароре бароварда натавонист. Ҳақ ба ҷониби муаллифи мақола, ки «масъалаи забон масъалае нест, ки ӯро бо қарор ва гапҳо ба як ҷо мондани якчанд кас ҳал кардан мумкин шавад, балки забон як ҳодисаи иҷтимоӣ аст.
Ӯро сохтан ва офаридан мумкин нест, ӯро оммаи халқ худ мувофиқи талаби худ бо вуҷуд меоварад ва чунон дуруст мекунад, ки ҳеҷ эҷодчӣ ва ҳеҷ як назариячӣ қодири он нест».
Раҳими Ҳошим роҳи ҳалли масъаларо дар он мебинад, ки «забони маъмулии имрӯзаро, ки мо дорем, тоза кардан ва ба соддагии он кӯшидан ва ба зебоии он диққат намудан лозим аст. Мо бояд дар аснои содда кардан аз доираи қонунҳои асосии сарф ва наҳв, ки махсуси забони форсӣ аст, то мумкин аст берун нашавем».
Ба назар чунин мерасад, ки мақолаи дуюм дар асоси чунин як таъкиди устод Айнӣ «имрӯзҳо дар бораи чӣ будани забони тоҷикӣ мунозира ва гуфтугузор меравад. Азбаски бештарини ин мунозираҳо дар матбуоти русӣ ва бо забони русӣ гузориш ёфта истодааст, мо нависандагони тоҷик, ки забони худро ба зӯр медонем, –чи ҷойи забони русӣ–аз рӯҳи ин мунозираҳо ва аз чӣ будани фикри ҳар кадом мунозиракунандагон бехабарем» ба рӯйи сафҳа омадааст. Раҳим Ҳошим чун донандаи забони русӣ мақолаҳои яке аз рӯзномаҳои маъруфи замон «Правда Востока» («Ҳақиқати Шарқ»)-нашрияи ҳизби коммунисти Ӯзбакистонро оид ба забони тоҷикӣ дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» таҳти унвони «Дар гирди забони адабии тоҷик чӣ менависанд?» ташреҳ кардааст. Ӯ мақолаҳои Музаффар, Дяков, Думбол ва профессор Шилдро аз рӯзномаи «Правда Востока» баъди маҷлиси машваратӣ оид ба омодагӣ ба конфронси алифбои нав, ки забони адабии тоҷик кадом аст? –ро низ мавриди музокира ва музокира қарор дода буд, баррасӣ намуда, аз ҳар кадоме ба таври мушаххас натиҷагирӣ кардааст. Музаффар дар мақолаи “Барои забони тоҷикии оммафаҳм” бар он назар аст, ки «агар мо оммаи Тоҷикистонро ба сӯйи маданият, савод ва фан бурданӣ шавем, бояд забони китобу газетаҳои мо забони кобинетӣ ва исхоластикии касони интихобшуда набуда, забони модарии ба аксарият фаҳмо шавад».
Муаллифи мақолаи мақолаи дуввум Дяков мехоҳад, ки “ба асоси забони адабии тоҷикӣ яке аз лаҳҷаҳои тоҷикии машҳур ва бештар фаҳмида мешудагиро мондан даркор аст.”
Думбол дар мақолаи “Забони адабии тоҷикро ихтироъ кардан даркор?” дар посух ба Музаффар пешниҳод мекунад, ки «забони китобии имрӯзаро ислоҳ ва такмил карда ба шакли забони умумии расмӣ даровардан лозим аст. Ин забон ба ҳамаи Тоҷикистон умумӣ мешавад ва барои паҳн намудани таъсири инқилобӣ дар Шарқи форсизабонон як яроқи нағзе аст».
Профессур Шилд аз ду роҳ интихоби якеашро қобили таваҷҷӯҳ медонад: «ё барои як табақаи борики зиёиёни форсидон, ки дар мамлакатҳои гуногун мезиянд, забони кӯҳнаи адабиро нигаҳ дорем ва ё халқро бо забони махсуси худаш биёмӯзем» ва назари дуюмро ҷонибдорӣ мекунад. Ба пиндори профессори Шилд лаҳҷаи Бухоро «бо суханҳои аз русӣ гирифта шуда, бой шуда, дар ҳама ҷои Тоҷикистони шӯроӣ ин ҳолро дидан мумкин аст». Азбаски дар забони форсӣ калимаҳои русӣ, ки гӯё камол ҳисобида мешуд, камистеъмол буда, аз зиндагонии шӯроӣ дур аст, биноан ба хулосаи қатъии профессор «ба забони халқи инқилобгар асос гирифтан мумкин нест. Ва ҳам ӯ пур аз таъбиру истилоҳҳои арабӣ аст ва ҳарфҳои нави маданиро танҳо аз фаронсавӣ гирифтааст, ки ин забон на ин ки ба забони тоҷикӣ ҳеҷ як таъсири маданӣ надорад, надошт ва нахоҳад дошт, балки шакли калимаҳои он низ аз забони миллатҳои дигар фарқнок мебошад».
Аз ҷониби дигар, професор Шилд ҳадафу мақсади тағйири алифбои арабиасоси тоҷикиро ба лотинӣ то андозае ошкор кардааст, ки он як навъ посухи хубест ба ҷонибдорони ашаддии алифбои лотиниасоси тоҷикӣ дар хусуси бо тақозои замон дигар гардидани алифбо, на сиёсати замону талаби роҳбарони ҳукумати шӯроӣ: «Тоҷикон мувофиқи лаҳҷаву шеваи забони худашон алифбои нав дуруст карданд, ин алифбо хоҳ- нохоҳ як ранги махсусе хоҳад гирифт. Иттиҳоде, ки ҳоло дар байни забонҳои форсӣ мавҷуд аст, фақат барои он аст, ки дар алифбои араб ишоратҳо садоҳои гуногун доранд ва дар алифбои араб соитҳо навишта намешаванд. Аммо замоне, ки алифбои нав қабул карда шуд, саҷияи мавҳуми байналхалқии забони ҳозираи Эрон аз миён хоҳад рафт»-(Таъкиди мо-П. Г.)..
Профессор Шилд бар он аст, ки: «агар мунавварфикрони форсӣ, мунавварфикрони ҳинд, афғон ва Эрон ҳақиқатан ба донистани корҳои инқилобӣ умеду орзу дошта бошанд, барои онон ҳарфҳои лотинӣ ва забони соддаи моро омӯхтан аз гулистон бод кардан ва бо ин навъ савод омӯхтани деҳқони тоҷик осонтар хоҳад шуд» ва аз тарафи дигар, барои тағйири алифбо ин нукта низ басо муҳим буд, ки профессор Шилд дар хулосаи мақолааш иқрор шуда: «Охируламр, то замоне ки дар адабиёт лаҳҷаи зиндаи халқ истеъмол карда нашавад, кори маорифи халқ аз дасти рӯҳониён халос нахоҳад шуд. Замоне ки Теҳрон аз пойтахти шоҳӣ баромад, маркази инқилобӣ шуд. Инқилобчиёни Эрон низ инро хоҳанд фаҳмид. Забони адабии кӯҳна ба Қуръон бисёр наздик аст ва барои ин он ҳамеша дар байни оммаи васеъ таъсири диниро паҳн хоҳад кард. Ғайр аз ин ман ҷасоратан мегӯям, ки ин забони адабӣ ҳатто ба табақаҳои васеи Теҳрон ва Шероз низ фаҳмо нест. Замоне ки дар Эрон инқилоби прулетарӣ сар зад, мо хоҳем дид, ки забони меҳнаткашони он ҷо ба забони меҳнаткашони Тоҷикистони шӯроӣ бисёр наздик ва забони ҳар дуи онон аз забони адабӣ дур будааст» (Таъкиди мо—П. Г.).
Раҳими Ҳошим бо ҳамин хулоса ташреҳашро ҷамъбаст карда, дигар сухане ба ҷуз «инак, хулосаи фикрҳое, ки тоҷикшиносон дар бораи забони адабии тоҷик ба майдон андохтаанд» илова накардааст. Хулосаи муаллиф ҳикмати маъруфи дар хона кас ҳаст, як сухан бас астро ба хотир меоварад.
РАҲИМИ ҲОШИМ МУҲАҚҚИҚИ ТАЪРИХИ МАТБУОТ
Намедонистем, ки Раҳими Ҳошим на танҳо дар рушду нумӯи матбуоту нашриёти навтаъсиси тоҷик хидмати арзанда карда, балки аввалин мақолаҳоро доир ба таърихи матбуоти мо ҳам навишта.
Мақому мавқеи матбуот дар ҷомеа аз ҷониби равшангароёни форсизабон хеле хуб шарҳу эзоҳ ёфта, вазифаи матбуоту масъулияти рӯзноманигорро дар ҷомеа ҳам мушаххас гардида буд. Ба назари равшангаройи маъруфи эронӣ, муаллифи китоби «Саёҳатномаи Иброҳимбек» Зайнулобиддини Мароғаӣ «сабаби умдаи тараққиёти милали мағрибзамин аз маёмин (саодат)-и он мамлакатҳои некбахт аст, ки тамоми нақоиси авто (ватан)-и худашонро аз ҳар табақае аз табақоти миллат ва ҳар шӯъбае аз шуаботи мамлакат, ки дидаву мешунаванд, пас аз ҳусул (ҳосил)-и итминони комил аз сидқи онҳо машҳудот (дида) ва масмуот (шунида)-и жхудашонро бидуни ҳеч мулоҳизоти шахсия ва ағрози нафсия дар саҳоифи авроқи матбуа ба пеши анзори амвия гузошта, мураҷҷа (бартарӣ)-и корро ба илоҳи он нуқсон даъват мекунанд. Мураҷҷаи кор низ ба маҳзи шунидани ёдоварии матбуот бидуни фавт дақиқан таҳқиқи он нуқсон иқдом карда, ҳар гоҳ қавли матбуот саҳеҳ аст, фавран асбоби ислоҳи онро фароҳам оварда, аз гӯянда ҳам ташаккур мекунад. Агар аҳёнан иштибоҳе дар кор бошад, онро ҳам ба забоне хуше баён карда, ба рафъи иштибоҳи матбуот мепардозад. Пас, метавон гуфт, ки сакана (сокинон)-и хушбахти он саҳафотро ҳам забони гӯё ҳаст, ҳам дидаи бино ва ҳам гӯши шунаво. Афсӯс, ки мо аз он се неъмат маҳрумем».
Маҳрумиятро аз ин се неъмат равшангароёну ислоҳотпарварони тоҷик дар оғози садаи ХХ ба шарофати таҳаввулоту тағйироти назарраси ҷомеа бештару беҳтар дарк менамуданд. Абдуррауфи Фитрат ба муқобили онҳое, ки дар аморати Бухоро хондани матбуотро манъ мекарданд, аз забони фарангӣ таъкид дошт: «Агар мутолиаи ҷароиди исломиро ҳаром нагуфта, балки худатон низ гоҳо мехондед, имрӯз илоҷи дарди исломро аз манн, ки кофирам, намепурсидед». Яъне матбуот, аз як тараф, дармонбахши дардҳои ҷомеа ва аз ҷониби дигар тарғибгари ахлоқи хубу некӯ аст: «… матбаа кушода, халқро ба воситаи ҷароид ба ахлоқи ҳасана тарғиб намоед».
Бо ҳамин ниятҳои накӯ ду тан аз мардони шарифи Бухорои Шариф –Мирзо Муҳиддини Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким бо сайъу талоши зиёде 11 марти соли 1912 аввалин рӯзномаи тоҷикии Осиёи Миёна «Бухорои Шариф»-ро дастраси ҳаммиллатони худ гардониданд, ки барои таҳриру нашри он фозилу донишманд, дастпарвари мактаби эҷодии Мирзо Ҷалил Маҳмадқулизода ва Алиаскари Собир-бунёдгузорони маҷаллаи озарбойҷонии «Мулло Насриддин» дар Тифлис Мирзо Ҷалоли Юсуфзодаро ба Бухоро хонданд. Ин рӯзнома то оғози соли 1913 153 шумора ба табъ расид ва бо маслиҳату машварати амири Бухорову гумоштаи сиёсии рус аз нашр боздошта шуд, зеро ҳар ду ҷониб ба ниятҳои хеш нарасида буданд: рӯзнома на мубаллииғи сиёсати ҳукумати рус гардид, на тавсифгари амири «ислоҳотпарвар»-у ҳомии ислому мусалмонон» Олимхони баҳодур.
То нимаи дуюми солҳои 20-уми садаи гузашта ба аввалин рӯзномаи тоҷикӣ ва минбари тараққихоҳон будани он қоил буданд. Вале пешвоёни инқилоб ва идеологияи ҳукмрони шӯравӣ ба хулосае расиданд, ки ҳамаи матбуоти халқҳои собиқ шӯравӣ иртиҷоӣ буданд ва бояд таърихи матбуоти нав аз матбуоти сотсиал-демократҳо ҳусни оғоз гирад. Ва ин ақида аз мақола ба мақола, аз китобе ба китобе мекӯчид. Муаллифони мақолаҳо ҳатто мулоҳизаҳои устод Айниро дар бораи «Бухорои Шариф» ва нашрияҳои дузабонаву сезабонаи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ аз хотир бароварда буданд.
Раҳими Ҳошим ҳанӯз соли 1932 дар мақолаи «Ба газетачигии мо як назар» ҷуръат карда, рӯзномаи «Бухорои Шариф»-ро сароғози матбуоти тоҷик хонд. Вале бо гузашти солҳо, дар даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии кишварамон, ки ба заҳмату ҷуръати устод Айнӣ ва шогирдону пайравонашон бештар арҷгузорӣ шавад, муҳаққиқони маъруфи таърихи рӯзноманигориамон таҳқиқоти соҳаи журналистикаро танҳо дар чанд рисолаи худу дӯстон ва шогирдонашон дарёфтаанд. Набояд фаромӯш кунем, ки вобаста ба шароиту талаби давру замон гоҳо ибрози андешае дар мақолаи кӯчак аз асари калонҳаҷм қимати бештаре пайдо мекунад. Аз сӯйи дигар, қисми мақолаҳо доир ба таърихи матбуотамон дар асоси ишораву таъкидҳои устод Айнӣ ба рӯйи сафҳа омада, бархе аз муаллифони рисолаҳо ҳамон рӯзномаву маҷалларо, чи расад ба хонданаш, ҳатто ба чашми худ надидаанд…
Дар мақолаҳои дигараш на танҳо аз хусуси матбуоти тоҷик, балки рӯзномаву маҷаллаҳои халқҳои дигар, аз ҷумла Озарбойҷон ибрози андеша кардааст, ки дар ин замина «Мавқеи журнали «Мулло Насриддин» дар инкишофи ғояҳои маорифпарварӣ-демократӣ дар Осиёи Миёна яке аз мақолаҳои пурарзишест.
РАҲИМИ ҲОШИМ МУТАРҶИМ
Намедонистем, ки қисмати дигари фаъолияти Раҳим Ҳошим марбут ба тарҷумаи осори пешвоёну бунёдгузорони давлати шӯравӣ ва адибони халқҳои ҷаҳон мебошад, ки аввалин тарҷумаҳояш ҳанӯз солҳои 20-уми садаи ХХ дар матбуоту нашриёти навтаъсиси тоҷик ба табъ мерасиданд. Дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият низ устод Айнӣ дастгириву мададгориаш карда, ки душвориву мушкилоти нашриёти навтаъсиси тоҷикро дар он айём чунин ба ёд овардааст: «Рӯзҳои нав ташкил шудани Нашриёти давлатии Тоҷикистонро ба ёд меоварам. Кадрҳо аз ҳар тараф ба кор ҷалб карда мешуданд, вале теъдоди онҳо ба шумораи ангуштони ду даст ҳам намерасад. Баъзе аз инҳо газета ва китобҳои нашри Эронро хонда буданд, дар услуби матбуоти Эрон менавиштанд, баъзе услуби кӯҳнаи забони мадраса, услуби иншои маҳкамаҳои кӯҳнаро кор мефармуданд. Баъзеи дигар, ки дар мактабҳои ӯзбекӣ дарс хонда, дар матбуоти ӯзбек кор карда буданд, дар таъсири ҷумлабандиҳои ӯзбекӣ буданд.
Як тасаввур кунед, агар дар чунин вазъияте мисли Айнӣ як донишманди забон, як дӯстдори забони тоҷик, як марди дилсӯзу ғамхор дар сари гаҳвораи забони адабии мо… намебуд, барои барҳам додани ин дӯлобӣ, он дарҳаму барҳамӣ чӣ қадар маблағҳо сарф кардан лозим меомад ва он ҳам оё натиҷаи мусбате медод ё не?»
Ва дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон, ки соли 1925 дар Самарқанд таъсис ёфта, устод Айнӣ ба ҳайси сармуҳаррир ифои вазифа мекард, ба кормандону мутарҷимони ҷавон тарзу усули таҳрир ва дарси тарҷума меомӯхт. Ӯ гарчанде забони русиро намедонист, вале бино ба қобилияти баланд ва мантиқи қавиаш камбуду норасоии тарҷумаҳоро дақиқ муайян мекард. Аз муҳарриру мутарҷим тақозои ислоҳи ҷумлаҳои носуфта ва аз асл дурро мекард ва дар анҷоми корҳои дигар маслиҳатҳои судманд медод, ки Раҳим Ҳошим яке аз чунин сабақҳои устод Айниро дар яке аз мақолаҳояш баён доштааст: «Ҳеч аз хотирам намебарояд. Соли 1927 як китоби дарсии ҳисобро барои синфҳои 1У мактабҳои ибтидоӣ тарҷума карда будам. Домулло таҳрир карданд, баъд маро ҷеғ зада дар паҳлӯи худ шинонда ҷойҳои шубҳаноки тарҷумаро як ба як ба аслаш муқоиса кунонда баромаданд.
Одатан ҷойҳои шубҳаноки дастнависҳоеро, ки таҳрир мекарданд, дар коғазҳои камбари дароз, масалан «саҳифаи 17, сатри 12 аз поён ё боло» гуфта қайд карда мемонданд ва он ҷумлаи нодурустро хонда:
«Аслашро ёб, канӣ, чӣ гуфтааст»,–гуфта мепурсиданд.
Ман аз нусхаи русӣ ҷойи даркориро меёфтам ва онро гашта тарҷума мекардам, домулло ба тарҷумаи навам боз розӣ намешуданд. То вақте ки аз тарҷума маънои ҳақиқӣ—маънои мантиқии он ҷумла равшан набарояд, бо исрори тамом дуруст тарҷума карданро талаб менамуданд».
Самараи ҳамин серталабӣ ва роҳбаладиҳо буд, ки ӯ чун мутарҷим ба камол расид ва бештар аз 100 асари хурду бузургро бо савияи баланд, равону шево аз адабиёти дигар халқҳо аз забони русиву туркӣ ба тоҷикӣ баргардонд, ки дар байнашон қмссаву романҳои адибони маъруфи русу дигар халқҳои ҷаҳон Лев Толстой, М. Лермонтов, А Радишев, В. Короленко, А. Герсен, М. Горкий, П. Лукнитский, А. Фадеев, М. Ф. Охундов, Г. Р. Нурӣ, Марк Твен, Нозим ҳикмат, Азиз Несин, М. Козимӣ, Р. Такор, Сзюн Син ва бисёр дигарон ҳастанд.
Асари устод Айнӣ «Таърихи инқилоби Бухоро»-ро, ки бинобар бо баҳонаи «гум» шудани нусхаи тоҷикиаш нашриёти ҶХШ Бухоро чоп накарда, аз муаллиф нусхаи ӯзбекиашро талаб доштанд ва он зери таҳрири олими маъруфи туркшинос Самойлович соли 1926 ҳамагӣ як маротиба ба забони ӯзбекӣ чун «Мавод барои инқилоби Бухоро» нашр гардида буд, соли 1986 таҳти унвони «Таърихи инқилоби Бухоро» ба табъ расонд. Агар таъкиди тарҷума аз ӯзбекӣ набошад, аз осори дигари тоҷикии устод Айнӣ фарқ кардани он душвор аст ва гумони ғолиби нусхаи асл боло меравад, ки бо баракати чандсолаи ҳамкорӣ услуби нигориши устоди хешро хеле мукаммал ҳам омӯхта. Нусхаи аслии тоҷикии ин асар бо сайъу кӯшиши фарзанди устод Айнӣ профессор Камол Айнӣ баъди қариб бист соли тарҷумаи он аз ҷониби Раҳими Ҳошим пайдо ва аввал дар Теҳрон, баъд дар Душанбе бо хати ниёкон ва кириллӣ таҳти унвони «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» рӯйи чоп омад. То ин замон «Таърихи инқилоби Бухоро»-и тарҷумаи Раҳими Ҳошим барои муарриху муҳаққиқон ва шавқмандони таърихи таҳаввулоту дигаргуниҳо, ҳодисаву воқеаҳо дар қаламрави аморати Бухорои оғози садаи ХХ чун манбаи мӯътамад хидмат кард. Имкони бештари ошноиро бо суръату сурати воқеаҳо ва андешаву афкори яке аз раҳбарони ҳаракати равшангаройӣ ва ислоҳотхоҳонаи тоҷик дар оғози садаи ХХ дар аморати Бухоро Садридини Айнӣ ба вуҷуд оварда, тасаввури мардумро то андозае аз қолаби идеологияи яккаҳукмрони шӯравӣ берун кард. Ин асар дар Самарқанд солҳои 1918-1920 ба рӯйи сафҳа омада буд, ки устод Айнӣ бо идеологияи нави шӯравӣ дар бораи нақши ҳизби яккаҳукмрони коммунистӣ омезиш наёфта буд ва аз ин нигоҳ баъди нашри асар дар соли 1926 аз ҷониби яке аз роҳбарони вақти туркгаройии ҳукумати ҷумҳурии халқии шӯравии Бухоро Файзуллоҳи Хоҷа боиси маломат ҳам гардида буд.
Оид ба санъати тарҷума ва маҳорати мутарҷимон низ чанд мақола ба табъ расонда, аз як тараф, ба ҷавонон кӯшиши аз таҷрибаи мутарҷимии хеш роҳу усули ба сифати баланд анҷом додани тарҷумаи осори бадеиро карда бошад, аз тарафи дигар, ба хидмати ҳампешагони худ арҷгузорӣ кардааст. Яъне ҳампеша медонад, ки ҳиммати ҳампеша чист…
РАҲИМИ ҲОШИМ МУБАЛЛИҒИ РӮЗГОРУ ОСОРИ АДИБОНИ АСИЛ
Намедонистем, ки аслан тарҷумаи осори пурарзиши бадеӣ тарғиби адабиёту адиби асил ва заҳматталаб аст. Вале Раҳими Ҳошим илова бар ин ба шиносондани хонандагони тоҷик ба рӯзгор ва осори адибони ҷаҳон аз соли 1927 шурӯъ намудааст. Гарчанде аввалин намунаҳои осори адибони маъруфи русу ҷаҳонро бори нахуст рӯзномаи «Бухорои Шариф» соли 1912 ба табъ расонд, вале аввалин мақолаҳо оид ба рӯзгору осори онҳо дар матбуоти шӯравии тоҷик интишор ёфт ва хидмати Раҳими Ҳошим дар ин ҷода низ назаррас аст. Аввалин мақолаҳояш доир ба Мирзо Фатҳалӣ Охундов ва Антон Чехов дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» солҳои 1928-1929 чоп шуд. Ва солҳои минбаъд таҳқиқу баррасӣ ва мушаххасоти таъсири адабиёти форсу тоҷик ба эҷодиёти адибони халқҳои дигар ва адабиёти ҷаҳон ба адибони тоҷик яке аз шохаҳои фаъолияти адабиётшиносии ӯро фаро гирифта, асару мақолаҳои зиёде, аз қабили «Шер дар майдони адабиёт», «Дӯстии ду халқ ва адабиёт» «Ҳаҷвнависи оташинсухан», «Ахундов дар бораи шеър ва шоирӣ», «Шӯълаи инқилоби хасмгудоз», «Палангинапӯш», «Сарояндаи ишқу садоқат» «Журнали «Гулистон», Алихон Соғунӣ ва Темурланг» ҳамроҳи академик А. Мухторов), «Шоири мубориз», «Муҳокимаи ду забон»-ро ба табъ расонд. Муҳаққиқони ҷавонро дар ин ҷода ёрмандиву мададгорӣ кард, ки ин соҳаи илми адабиётшиносии тоҷик қудрату тавоноӣ пайдо намуд. Дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва факултаҳои филологияи донишгоҳҳои Тоҷикистон мутахассисони варзида ба камол расиданд, ки таъсири файзбори адабиёти форсу тоҷикро ба адабиёти халқҳои дигар, аз ҷумла русу олмон, инглису фаронса, турку тотор, Озарбойҷону Ҳиндустон, арманиву гурҷӣ, ӯзбеку туркман, қазоқу қирғиз мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, ба натиҷаҳои ҷолиб ноил гардиданд.
РАҲИМИ ҲОШИМ МУАЛЛИФ, МУРАТТИБ ВА МУҲАРРИР
Намедонистем, ки Раҳими Ҳошим муалифи китобҳои дарсӣ, мураттиби китобҳои хониш барои талабагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ буда, дар таҳия, таҳрир, баргардон ва ба нашр расондани осори гаронбаҳои ниёгон, фарҳангҳои дузабонаи русиву тоҷикӣ, тоҷикиву русӣ ва тафсирии забони тоҷикӣ, осори устод Айнӣ чун шогирди қобилу соҳибистеъдод аз солҳои 20-30-уми садаи гузашта шурӯъ кардааст
Китобҳои «Соли дуюм» (Китоби қироат барои синфи дуюми дараҷаи якум), «Соли сеюм» (Китоби қироат барои синфи сеюми дараҷаи якум), «Учебник таджикского языка для русских служащих в госаппарате Тадж. ССР» ва дар охири ҳамн китоб «Таджикско-русский словарь», «Русско- таджикский словарь», «Роҳи нав» (китоби хониш барои мактабҳои савод ва курсҳо), «Забони тоҷикӣ» (Маҷмӯаи мақолаҳо ва мотриёлҳо), «5 дар 4» (Китоби қироат барои солҳои 4 ва 5 мактабҳои дараҷаи аввал ва техникумҳо), «Луғати мукаммали русӣ-тоҷикӣ» (ҳамроҳи С. Ализода, А. Исмоилзода, м. Юсуфов) тартиб дода, осори адибони маъруфи классикиро таҳия ва ба нашр омода намудааст.
Ӯ муҳаррири асарҳои ҷудогона, «Ёддоштҳо» ва мураттибу муҳаррири қисме аз куллиёти устод Айнӣ, адибону адабиётшиносони тоҷик, Маликушшуаро Баҳор ва дигар ҳамзабонон аз Эрону Афғонистон буд, ки ба чоп омода намудани онҳо вақту заҳмат талаб мекард. Инчунин доир ба осори адибон ва адабиёти ҳамзабонон мақолаҳоеро, аз қабили «Саид Нафисӣ –донишманд ва адиб», «Назаре ба шеъри форсизабон» ба табъ расонда, хонандагонро бо мӯҳтавои эҷодиёти адибони ҳамзабон ошно мекард.
РАҲИМИ ҲОШИМ ВА СУХАНЕ ЧАНД АЗ УСТОДОНУ ДӮСТОН
Намедонистем, ки Раҳими Ҳошим шахси қадршиноси заҳмати устодону посдори нону намаки дӯстонаш аст. Ӯ аз овони ҷавонӣ то ба пирӣ дар бораи ҳар кадоме аз устодонаш Садриддини Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Абдулқодири Шакӯрӣ ва Сайидризои Ализода, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Баҳроми Сирус, дӯстонаш Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Раҳим Ҷалил, Шарифҷон Ҳусейнзода ва дигарон бо ихлосу сипос, меҳру муҳаббат ва самимияти баланд сухан гуфта, дар ифшои хислату хӯйи нотакрор, муносибат ба кор ва намунаи ибраташон дар рӯзгор мӯшикофона рафтор кардааст, ки гуфтораш лаззатбор аст. Ҳамин мутолиа гумон мекунӣ, ки суханаш бо асал омехта ва аз маърифати баландаш як ҷаҳон маънӣ мебардорӣ…
ФАРЗАНДИ СОДИҚИ ХАЛҚ ДУШМАНИ ХАЛҚ
Намедонистем, ки Раҳими Ҳошим низ чун дигар фарзандони фозилу донишманд ва содиқи мардуми тоҷик дар даврони шахспарастии сталинӣ ҳамчун душмани халқ чанд соли умри ширини ҷавониро дар зиндонҳо гузаронда. Аҷабо, аввалин мутарҷимини осори классикони марксизм-ленинизм ва мубаллиғони сохти нави шӯравӣ, аз қабили Сайидризо Ализода, Раҳими Ҳошим ҷосусу ватанфурӯш ва душманони меҳану миллати хеш. Яке умри худро дар зиндон ба поён расонд. Дигаре баъди азобу шиканҷаи зиёде озод гардида, вале ҳамеша дар тарсу ҳарос буд. Бо чашмони худ дида, ки осори ниёконаш, дастнависҳои дӯстону ҳамсолонаш чи гуна ҳаммоми зиндониёнро гарм мекунад. Қисмати талхи худу ҳамсолон ва тӯъмаи оташи сиёсати нопоки замон гардидани шабҳои бедорхобии ҳамқаламонаш, ки сафҳаву китобҳо дар як лаҳза ба тӯдаи хокистар табдил мешуд, то охирин лаҳзаҳои зиндагониаш думболагираш мекарданд. Дилу ҷигараш месӯхт, гуфтан мехост, на, бо тамоми ҳастиаш фарёд задан мехост, ки эй ононе, ки ин қадар Сталинро мепарастед, раҳбари беҳамтояш мехонед, як бор ба чашми ибрат бубинед ва хулоса кунед: дар як муддати кӯтоҳ чи қадар гулҳои навхезу сари сабади миллататонро несту нобуд ва майдонро барои беҳунарону каммаърифатон фарох кард. Вале ба атрофаш назар мекарду ҷуз хомӯшӣ дигар илоҷеро намеёфт…
Ба ҳар ҳол хотири устодон, дӯстону ҳамсолони ҷавонмаргаш оромаш намегузоштанд, ки гоҳ-гоҳу ҷо-ҷо аз он солҳо ҳам қисса карда, то боқимондагон хотираи он ҷавонмардону ҷавонмаргонро пос доранд. Ҳангоми баҳо ба гузашта онҳоро низ фаромӯш накунанд…
Ёди муаллифи сатрҳои пурсӯзу гудози Раҳими Ҳошим ва ҳамаи он дӯстонаш гунаҳкори бегуноҳаш гиромӣ бод!


test
Фикри худро нависед!