Кушоишҳо ба корат бод
Дар тӯли солҳои фаъолият дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ устодони ғамхору меҳрубон, ҳамкорони содиқу дилсӯз ва дӯстони ҷонию вафодорро пайдо кардам. Дар қатори онҳо Абдураҳмон Расулӣ ном рафиқи мушфиқеро вохӯрдам. Нависандаи баркамол, журналисти пухтакор, ростшину ростбин, ростқавлу ростгӯ. Эҷодаш баланд, навовару созанда, заҳматкаш, қиссаю ҳикояҳо, очерку лавҳаҳояш ҳақиқати зиндагии мардум аст.
Агар солҳои донишҷӯияшро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (факултети филология) ба хотир оварем, ҳамчун як ҷавони ботамкин, боғайрат, офарандаи қиссаву ҳикояҳои дилнишин, ҷӯяндаи фатҳу кушоиши қуллаҳои мурод ва ёбандаи образҳои ҳақиқии асарҳояшро мебинем. Ӯ ҳанӯз аз овони бачагиаш дар рӯзномаю маҷалаҳо аз ҳаёти ҷавонону наврасон ҳикояю лавҳаҳо менавишт. Аз ибтидои ҳамон солҳо ба кори журналистӣ дил баст, омӯхтану мутолиаи китобҳои дӯстдоштаашро асоси дастовардҳои эҷодиаш донист. Албатта дар ин самту соҳаи нозуку пуршараф устодони ғамхор, нависандагони машҳури Тоҷикистон Абдумалик Баҳорӣ ва Насимҷон Раҷабов ба Абдураҳмон дасти ёрӣ дароз карданд. Абдураҳмон бо мададу дастгирии устодон ба дараҷаи камол расид. Дар натиҷаи заҳматҳои зиёд ва талошҳои эҷодӣ як силсила асарҳо, очерку қиссаҳо, ҳикояву лавҳаҳо, аз ҷумла китобҳои «Ҷонон ҳаёт ва ҷонон одамон», «Савти Хиромон», «Мурад камбағалӣ», «Таронаи баҳор», «Маҳбуби дилҳо», «Раис», «Шахси ба нуру ба имон», «Ҳақиқат», «Дурбин», «Эъҷоз» (дар чоп), ҳикояҳои «Интихоби баъди марг» (Аробакаш), «Шаш зани Орзубек», «Марди танҳо», «Муборакбодӣ дар ҷаноза», «Ҳадиси бахт» ва ғайраро таълиф кардааст.
Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ устод Абдумалик Баҳорӣ дар сарсухани «Савти Хиромон»-и Абдураҳмон Расулӣ чунин менависад: Абдураҳмон Расулӣ чандин сол боз ҳикоя менависад. Ва то ин дам чанд маҷмӯааш аз чоп баромадааст. Ман муддатест, ки навиштаҳои ӯро мушоҳида мекунам. Аз мушоҳидаҳоям хулоса кардам, ки аз ҳикоят то ҳикоя, аз маҷмӯа то маҷмӯа, истеъдоди вай такмил меёбад, сабкаш торафт сайқал мегирад, услубаш хушсалиқа мешавад, мавзӯъҳояш ҷиддитар мегарданд, банду басту баёнаш гуворотар ба чашм мерасад.
Аз рӯи гуфтаи устод Баҳорӣ асарҳои Абдураҳмон Расулӣ ҳам фалсафаи ишқу муҳаббат, ҳам фалсафаи зиндагӣ, ҳам фалсафаи рӯҳи инсонро таҷассум мекунад, ки онҳо аз диди ҳаёти рангину ба мантиқ асос гирифтаи нависанда ҳаллу ҷамъбаст мешаванд.
Абдураҳмон Расулӣ дар ҳақиқат ҳам асосан ҳикоянавис аст. Дар пайравии ҳикоянависҳои машҳури тоҷик Ҳаким Карим, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев ва чанде дигарон дар жанри ҳикоянависӣ худ шӯҳрат пайдо кард. Ӯ дар муносибат бо ҳамкорон, ҳаммаслакон, дӯстон ва ниҳоят устодон, мушфиқу меҳрубон аст. Махсусан ба устодонаш эҳтирому эътиқоди баланд дорад.
Ба наздикӣ ба ифтихори 85 – солагии зодрӯзи яке аз собиқадорони меҳнат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, журналисти бомаҳорат Олег Дмитриевич Соболов дар рӯзномаи «Народная газета» бо номи «Мехоҳам ҳамеша саломат бошед, устод!» очерке ба забони русӣ ба чоп расонида, аз паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти Олег Соболев бо самимияти хос қисса намудааст.
Завҷаи ғамхору меҳрубонаш Тӯҳфахон Расулӣ ҳамчун журналисти варзида ва тарҷумони кордида чакидаҳои эҷодии Абдураҳмонро пеш аз чоп мехонад, таҳрир мекунад, андешаҳояшро пеши назар меоварад ва бо ин роҳ ба ӯ кӯмак мерасонаду илҳоми эҷодӣ мебахшад.
Абдураҳмон Расулӣ дар оиладорӣ ва тарбияи фарзандон падари меҳрубону сахтгир ва намунаи ибрати дигарон аст. Имрӯзҳо ӯ мавлуди мубораки шастсолагӣ дорад. Шасти камолот, шасти эҷодиёт, шасти зиндагии бофароғат…
Муборак ҷашни мавлудат, барору бахт ёрат бод,
Танат солим, дароз умрат, кушоишҳо ба корат бод!
Расул Шарифов,
Корманди Шоистаи Тоҷикистон.


test
Фикри худро нависед!