Асосӣ » Бояд хонд

Доғи сиёҳи «тиллои сафед»

1 октябрь 2008 1,141 нафар хонданд Як тавзеҳ

Аз Паёми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба МО (соли 2007):

Дар соҳаи аграрӣ бо мақсади таъмин кардани бехатарии озуқавории кишвар татбиқи чорабиниҳои мушаххас, аз ҷумла таҳия ва қабули барномаҳои бехатарии озуқаворӣ ва рушди истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ барои давраи то соли 2015  дар назар аст.

Баланд бардоштани самаранокии соҳаи пахтакорӣ пеш аз ҳама бо роҳи ҳал кардани проблемаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор дар асоси иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумат оид ба ҳалли он, таъмини озодии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кам кардани дахолати  мақомоти маҳаллӣ ба фаъолияти онҳо пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар хусуси таъмини истифодаи оқилонаи замин, механизми нави маблағгузории истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин андешидани чораҳо барои истифодаи мақсадноки маблағҳо пешбинӣ гардад.

Дар се соли оянда ба соҳаи кишоварзӣ барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав ва кадастри замин аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ зиёда аз 900 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2007-ум 200 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Баробари ин зарур аст, ки аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар доир ба тезонидани татбиқи «Барномаи рушди соҳаи коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2007-2015» тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Қарзи пахта:

400 млн.доллари ИМА.

Ҳар сол қариб 100 млн.долл. меафзояд.

Ҳукумат:

Нақшаи нави эҳёи пахтакорӣ ҳаст.—2 июни соли ҷорӣ дар доираи Форуми рушди Тоҷикистон лоиҳаи «Дорожная карта» оид ба ҳалли қарзи пахта муаррифӣ гардид.

Агентӣ оид ба ҳалли қарзи хоҷагиҳои пахтакор таъсис мешавад.

Донорҳо:

Шӯрои иҷроияи директорони Бонки ҷаҳонӣ қарзро барои лоиҳаи барқарорсозии бахши пахтакории Тоҷикистон ба Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми $ 15 млн. тасдиқ намуд.

Дар муаррифиварақаи Намояндагии БҶ дар Душанбе гуфта мешавад:

«Пахтакорӣ соҳаи муҳимтарини ҳам бахши кишоварзӣ ва ҳам иқтисоди миллӣ мебошад. Пахта 60% ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ташкил дода, 75 % аҳолии деҳотро фаро мегирад ва 45 % заминҳои обёришаванда барои ин зироат ҷудо шудааст.

Дар Тоҷикистон пахта сарчашмаи асосии даромад аз содирот ва ҷамъоварии андоз ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон аз рӯи содироти пахта дар ҷаҳон ҷойи чорумро ишғол мекунад ва дар бозори байналхалқӣ талабот ба пахтаи баландсифати он зиёд аст».

Намояндагони БҶ қарзи ғуншудаи пахтаро нишонаи бӯҳрони соҳа меҳисобанд.

Роҳбари БҶ оид ба лоиҳаи мазкур Беҳзод Шамсиев қайд намуд, ки лоиҳа на танҳо сабабҳои мустақим ва оқибатҳои бӯҳрони қарзро бояд ҳал намояд, но также и базовые искажения в области политики и институциональные недостатки, которые стали его причиной».

Қарзи мазкур ба 40 сол дода мешавад, ки 10 соли он давраи имтиёзнок аст.

Лоиҳа дар давоми 5 сол татбиқ мегардад.

***

Ба ақидаи Рустам Самиев – коршиноси мустақил:

– Низкий объем выделяемых средств, отсутствие прозрачности в механизме их распределения и изначальная коррумпированность сферы хлопкового производства, где в большей мере действуют административные правила, нежели законы рынка, не помогут в разрешении долгового кризиса, а лишь пополнять объем внешнего госдолга страны.

«Проблема долгов более чем ясная и без создания различных проектов и получения кредитов. Её корни нужно искать в головных офисах фьючерских компаний в Душанбе, а ветви  — на зарубежных счетах и в частных владениях руководителей бывших колхозов и совхозов хлопкосеющих районов и руководителей органов местной власти на местах». («Факты и комментарии, №23, 7 июня 2007 г.)

***

Вил.Суғд:

60% замин ба пахтакорӣ ҷудо шудааст;

73 ҳазор нафар дар ин соҳа меҳнат мекунад.

То 1.04.07 хоҷ. пахтакори вил. аз сармоягузорон $ 40млн. қарздоранд.

13 сармоягузор бо деҳқонон кор мекунад. Танҳо «Агроинвестбонк» ба 2 хоҷагӣ (6 ҳазор га. пахта доранд) қарз додаасту халос.

С.Наҷмиддинов – раиси х/д, н. Мастчоҳ: Аз рӯзе ки соҳиби замин шудем, қариб  $ 20 ҳазор ба гарданамон бор шуд. Молу мулкамонро фурӯхта, онро соф кардем. Вале намояндаи як фучерист омада, ҳисобу китоб карда, моро  $ 5 ҳазор қарздор карда рафт.

С. 2006 дар вил. 131 ҳазор тонна пахта истеҳсол шуд. Имсол ба 76 ҳаз. 641 га пахта кишта шуд.

Дар вил. 7 ҳазор х/д вуҷуд дорад.

М.Ахмедов – мудири шӯъбаи комплекси агросаноатии вил.Суғд:

«Мақсади мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дахолат ба хоҷагиҳои давлатӣ нест, баръакс ба онҳо фаҳмонидани моҳияти аслии ислоҳот ва зудтар амалӣ сохтани ҳадафҳои он мебошад. Имрӯз мо намегӯем, ки 100 фисад кишти ин ё он зироатро ба роҳ монед, вале ба хотири он ки пахта аз маҳсулотҳои стратегӣ ва содиротии кишвар аст, ақаллан дар 60% майдонҳо ба роҳ мондани парвариши ин зироат аз манфиат холӣ нест».

***

Қодир Комилов – роҳбари кооперативи истеҳсолии «Фаровон», ноҳияи Спитамен:

– Варианти якуми ҳалли қарзи пахта дуруст.Яъне, хоҷагӣ ҳаҷми пурраи маблағи қарзро дар мӯҳлати номаҳдуд мегардонад. Дар ин ҳолат маблағгузорон бояд сабр кунанд.

… Деҳқон бояд худаш ҳал кунад, ки чӣ қадар пахта корад. Вале об масъалаи муҳим аст. Дар ҳар маҳал комиссияи махсус заминҳои барои пахта ҷудошударо мушаххас кунад, зеро обмонии пахта хоса аст. Бинобар ин, майдони барои пахта ҷудошуда дар ҷое 60-70%, дар ҷои дигар 30-30% мешавад.

Агар деҳқон ба ихтиёри худ (мувофиқи қонун) пахта корад, % лозим намояд. Вале дар маҳали камоб андози заминро ду карат кам бояд кард, зеро дар камобӣ деҳқон танҳо 1 ҳосил мегирад.

Тухмӣ: Шароите лозим, ки деҳқон дар давраи аввал тухмии репродуксияи 1 ва 2-юм гирифтан (харидан) тавонад, минбаъд тухмии навъи элита. Зеро аз тухмии хушсифат ҳосилнокӣ (10-20 сентнер) вобастагӣ дорад.

Андоз: Андозҳои мавҷударо то 70% фуроварда, ба як намуд содда кардан лозим.

Қарзи бонкӣ: аз 5-6% солона набояд зиёд бошад. Зеро худи бонкҳо аз БҶ 1-3% солона мегиранду ба деҳқон 16-35% медиҳанд. Бонкҳо аз инфлятсия наметарсанд, зеро қарзро бо курси ҳамонрӯза ҳисоб мекунанд. Деҳқон агар июли с.2006 100 доллар қарз гирифта бошад (бо курси 325), июли имсол ӯ маҷбур аст бо курси 345 гардонад, бар замми % солона.

Тафтишҳо, ГСМ, доруи минералӣ…. Дастгирии давлатӣ лозим. Мас, ИМА то 30% буҷаи давлатиро ба х/қ сарф мекунад.

Пахта

Сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат Саймурод Баҳриддинов:

Вилояти Хатлон: 320 ҳазор тонна (20 август шурӯъ мешавад), вилояти Суғд: 171 ҳаз.300 тонна (1 сентябр), ноҳияҳои тобеи Марказ: 49 ҳаз.700 тонна (5 сентябр)

Дар ҷумҳурӣ бояд имсол 550 ҳаз.тонна. Порсол 438 ҳазор тоннаба ҷои 610 ҳазор тоннаи нақша. Соли гузашта аз ҳар гектар 16,7 сентнер ҳосил рӯёниданд.

Корхонаҳои пахтатозакунӣ: 55, аз онҳо 2 панҷ сол боз кор намекунад.

Сармутахассиси оид ба коркарди пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзии Вазорат Бойназар Бозоров:

То соли 1980 дар ҷумҳурӣ 24 заводи пахта ҳар сол 800-900 ҳазор тоннаро коркард мекард. Имрӯз бо вуҷуди он ки заводҳо қудрати коркарди 1 млн. 400 ҳаз.тоннаро доранд, дар коркарди соли 2006 ҳамагӣ 31% қудрати онҳо истифода шуд. Сабаби асосӣ: номураттабии таъминот бо барқ ва таҷҳизоти кӯҳнашуда.

Соли 1974 аз ҳар га 33 сентнерӣ ҳосил буд. Соли 1980 ҷумҳурӣ бештар аз 1 млн. т. Пахта ғундошта буд.

Абдуваҳоб Воҳидов – мудири шӯъбаи сиёсати аграрии Пажӯҳишгоҳи татқиқоти иқтисодии Ваз. рушди иқт.ва савд.ҶТ: «Ҳоло дар қисмати ниҳоят андаки заминҳои кишти пахта шудгори тирамоҳӣ гузаронида мешавад. Сабаб дар он аст, ки дар моҳҳои ноябр-декабр сармоягузорон воҳидҳои кишоварзиро бо миқдори зарурии сӯзишворӣ таъмин карда наметавонанд. Дуввум ин ки тухмии бесифат истифода бурда мешавад. Барои иҷрои нақша 250-260 ҳазор гектар замини кишт кофист. Танд корро дуруст ташкил кард».

«Меъёри иҷрои нақша аз рӯи ҳосили 22-23 сентнер муқаррар шудааст. Аммо бояд на камтар аз 25 сентнер ҳосил рӯёнид, то ки хоҷагиҳо қарздор намонанд».

С.2207 дар 254,9 ҳазор гектар дар хоҷагиҳои 34 ноҳияи ҷумҳурӣ пахта коридаанд, ки аз порсола 26 ҳазор гектар кам аст.

Ба ақидаи мутахассисон агар аз ҳар гектар замин на камтар аз 25 сентнерӣ ҳосил ба даст наояд, пахтакорӣ соҳаи фоидаовар нахоҳад буд. Ба маълумоти оморӣ назар карда, мебинем, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ тӯли 10 соли охир ҳосилнокии пахта ба 20 сентнерӣ нарасидааст.

Вале дар ҳар минтақаи кишоварзӣ хоҷагиҳои алоҳидае ҳастанд, ки ҳосилнокии пахтаро ба 30-35 сентнерӣ, мерасонанд. Барои мисол, собиқ раиси хоҷагии деҳқонии «Ирам»-и ноҳияи Конибодом Набиҷон Инъомов, ки 24 сол раиси ин хоҷагии машҳур буду ҳоло дар нафақа аст, соли 2005 аз хоҷагӣ 5 гектар замин гирифта, деҳқонӣ кард. Ӯ аз ҷумла дар 3 гектар пахтаи навъи маҳиннах кишта, парвариш намуд ва дар ҳоле, ки хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ҳосилнокиро бо азобе ба 18-20 сентнерӣ расониданд, 53 сентнерӣ(!) пахтаи маҳиннах рӯёнид.

Қарз чӣ хел пайдо шуд?

Системаи нав – истифода аз хидмати сармоягузор дар соҳаи пахтакорӣ (с.1995) сабаби пайдоиши қарз гардид.

Аслан сармоягузор «амаки серпул» нест, балки ӯ худ маблағро қарз мегирад ва ба қадри доноиву тавоноиаш истифода бурда, аз он суд мебардорад. Дар оғози ҳамкорӣ бо соҳаи кишоварзӣ бояд гуфт, ки онҳо аз роҳбарони соҳаи пахтакорӣ ба маротиб донотар буданд ва тавонистанд «сармоягузории» соҳаро ба фоидаи худ ба роҳ монанд. Сармоягузорон ба хоҷагиҳо маблағ надода, таъминоти онҳоро ба ӯҳда гирифтанд. Онҳо тухмӣ, нуриҳои маъданӣ, қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзиро харидорӣ намуда, бо нархҳои дилхоҳ, баъзан аз нархҳои бозор ҳам қиматтар ба хоҷагиҳо доданд. Чунин додугирифти сармоягузорон ба хоҷагиҳои пахтакор дар миқёси умум оқибатҳои дугона дошт. Дар як қисми хоҷагиҳо, ки «раисҳои навбаромад» инони роҳбариро ба даст гирифта буданд, дидаю дониста ба шартҳои барои хоҷагӣ зараровари сармоягузорон розӣ шуданд, зеро худашон низ манфиати шахсӣ мебардоштанд. Гузашта аз ин, солҳои минбаъда бо баҳонаҳои ҳисобӣ кардани қарзу қонеъ сохтани эҳтиёҷоти хоҷагӣ қисми зиёди техника ва биною иншооти ҳудуди хоҷагиро фурӯхтаву азхуд намуданд. Дар қисми дигари хоҷагиҳо мутасаддиёни кор, ба иллати пастии маърифати ҳуқуқӣ ва сарфаҳм нарафтани усулҳои нави хоҷагидорӣ дар муносибат ба сармоягузорон осонакак фиреб хӯрданд.

Ба ақидаи коршиноси умури иқтисод Дилшод Саъдиев мушкилоти кишоварзонро нодида гирифтан, соҳаро бесоҳиб мондан ва назорат накардан аз болои фаъолияти ширкатҳои фучеристӣ ба он овард, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ аз фучеристон қарздор шаванд.

Рустам Самиев – иқтисодшиноси мустақил:

– Решаи қарзҳои пахтаро дар офисҳои Душанбегии ширкатҳои фучеристӣ, шохаҳояшро дар суратҳисобҳои бонкҳои хориҷӣ ва иншоотҳои шахсии собиқ роҳбарони колхозу совхозҳои пахтакор ва роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷуст. Таърихи истеҳсол ва содироти пахта аз Тоҷикистон дар аввалҳои солҳои 2000-ум – ин таърихи бандитизм ва тиҷорати ғайриқонунӣ аст ва сабабҳои бӯҳрони соҳаро ҷустан ё худфиребӣ аст ё боз «ба чашм хок пошидан».

Фучеристҳо чӣ мегӯянд?

Исматулло Ҳаёев – роҳбари ширкати «ХИМА»:

– Қарзҳои мавҷудаи соҳаи пахтакорӣ бо сабабҳои объективию субъективӣ пайдо шуданд. Ҳақбин бояд буд: гуфтани он ки сармоягузорон хубанду деҳқонон бад, ё баръакс, дуруст нест. Хатогиҳо аз ин тараф ҳам аз он тараф ҳам буданд.

Ман аллакай 15 сол боз бо пахта машғулам ва гуфта метавонам, ки сабаби объективии воқеии пайдошави қарзҳои деҳот якбора пастравии нархи ҷаҳонии пахта буд.

Солҳои гузашта барои истеҳсоли пахта каму беш сармояггузорӣ мешуд, вале боздеҳи маблағгузориҳо  набуд. Дарвоқеъ, ҳосилнокии ҳар гектар 12 сентнерро ташкил диҳад, аз кадом боздеҳи сармоя метавон сухан гуфт?

Аз як гектар 12 сентнер чӣ маъно дорад? Барои чунин ҳосил гирифтан коре кардан ҳам лозим нест: танҳо чигитро кишта, як бор об деҳу халос. Шояд кам касоне донанд, ки соли 1913 ҳосилнокии пахта 16 сентнерӣ буд. Он замон на техника буду на трактор, на нуриҳои маъданӣ, танҳо поруи маҳаллӣ буд.

Чӣ бояд кард?

И.Ҳаёев – «ХИМА»:

– Аксари мо бо хоҷагиҳо аз қарз намегӯем. Мегӯем, ки бародарон, мо ҳамин солро маблағгузорӣ менамоем, ва шумо ҳам маблағи ҳаминсолаи моро баргардонед, қарзҳои пешинаро алҳол як сӯ монед,

Мо маблағгузорӣ мекунем, вале хоҷагиҳо харҷҳои ҳаминсоларо пурра пӯшида наметавонанд. Боз ҳама мегӯянд, ки қарзи хоҷагиҳо дар назди сармоягузорон ҳамасола меафзояд. Қарзро ки барнагардонӣ, албатта, зиёд мешавад.

Агар ҳангоми нав ташкилшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ масъалаи қарзҳоро ҳал мекарданд, ҳоло ҳамааш хуб мебуд. Дар соли 1999 қарзҳои мо ба 1 гектар 150, максимум 200 доллариро ташкил медод. Имрӯз қарз ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба 1 гектар аз 1000 доллар зиёд аст. Яъне, ҳангоми тақсим кардани замин гуфтан лозим буд, ки мебахшед, 100 гектар замин мехоҳед, хоҷагии деҳқонӣ ташкил кунеду қарзи мавҷударо пӯшонед.

Ба фикри ман, қарзҳоро реструктуризатсия бояд кард, мӯҳлати баргардонидани онҳоро на камтар аз 20 сол муайян бояд намуд. Баргардонидани қарзро ҳамасола ба ҳар гектар мушаххас бояд кард. Яъне, хоҷагӣ бар замми  маблағи ҳарсолаи гирифтааш, 50 долларӣ ба ҳар гектар қарзро бояд баргардонад.

Ман ҷонибдори чунин ситемаи сармоягузории истеҳсоли пахта ҳастам: фермер ба банк рафта, моликиятеро ба гарав монда, қарз мегирад, пахтаро парвариш карда мерасонад, ман аз ӯ пахтаро мехарам. Шартномаи хариди пахта, ки ман бо ин фермер имзо мекунам, барои бонк гарав ҳисоб мешавад. Кор дар тамоми ҷаҳон чунин ба роҳ монда шудааст, дар ягон кишвар фермер маҳсулоташро худаш намефурӯшад. Дар ҳама ҷо ширкатҳои махсусгардонидашуда ҳастанд. («Факты и комментарии», №14 (50), 3 апрели с. 2007).

Оё давлат метавонад қарзи пахтаро пардохт кунад?

Дар бораи ин масъала низ ақидаҳо гуногунанд. Яке агар фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро чун як шакли мустақили моликиятдорӣ тавсиф намуда, дахолати мақомоти давлатиро ба он нораво ҳисобад ва дар натиҷаи ҳосилшуда умуман айби давлатро набинад, дигарӣ баръакс, аз аввал суст будани фишангҳои назоратии давлатро ба муносибати сармоягузорон ва хоҷагиҳои пахтакор  сабаби афзудани қарзи пахта ҳисобида, дахолати мақомоти давлатиро ба ин масъала зарур медонад.

Ба ақидаи коршиноси умури иқтисод Дилшод Саъдиев давлат аз болои фаъолияти ширкатҳои фучеристӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳеҷ гуна мониторинг ба роҳ намонд, бинобар ин, маблағҳои барои соҳа ҷудошударо сармоягузорон ба куҷое ки хостанд, сарф намуданд.

Гурӯҳи дигари мутахассисон дар мавриди аз ҷониби давлат ҳал намудани муаммои қарзи пахта умуман хушбин нестанд. Масалан, иқтисодшинос Иброҳим Ҳусайнов ақида дорад, ки ҳоло агар давлат хоҳад ҳам, буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи қариб 400 млн. доллараи пахта қодир нест. Барои ин кор бояд нерӯгоҳҳои Роғун ва Сангтӯда комилан ба кор андохта шаванд ва ба манбаъи асосии даромади Тоҷикистон табдил ёбанд. Он гоҳ Тоҷикистон метавонад аз ҳисоби фурӯши барқ ба хориҷи кишвар, қарзҳои худро пардохт кунад.

Ана ҳамин тавр, масъалаи пардохти қарзи пахта аз ҷониби давлат дар назари аввал гӯё муқаррарӣ метобад, дар асл он чандон соддае нест, ки ба осонӣ ҳалли худро ёбад.

Вале печидагии қазияи қарзи пахта маъноеро надорад, ки давлат барои кушодани гиреҳҳои он ба иқдоме даст назада бошад.

Ҳанӯз соли 2003 бо мақсади тезонидани раванди ислоҳот дар бахши кишоварзӣ ва мусоидат намудан ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи механизми танзими қарзҳои корхонаву ташкилотҳои кишоварзии азнавташкилшуда ва азнавташкилшаванда» (аз 15 апрели соли 2003, №1054) содир гардид. Фармони мазкур Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки миллиро вазифадор менамуд, ки тартиб ва мӯҳлати танзими ӯҳдадориҳои қарзии ташкилотҳои кишоварзии таҷдидгардида ва таҷдидшавандаро таҳияву муайян намоянд.

Ҳукумати ҶТ дар қарори «Дар бораи танзими қарзҳои ташкилотҳои кишоварзии таҷдидгардида ва таҷдидшаванда» аз 25 декабри с. 2003, таҳти №542, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ, Бонки миллӣ, комиссияҳо оид ба таҷдиди корхонаву ташкилотҳои кишоварзӣ, сармоягузорон ва дигар ташкилотҳои дахлдорро вазифадор месохт, ки қарзҳои ташкилотҳои кишоварзиро аз бонкҳову сармоягузорон дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ мувофиқи майдони заминашон, бо назардошти санаи таъсисшавии корхона, санаи пайдошавии қарзҳо ва Кадастри давлатии замин мутаносибан тақсим намоянд.

Мӯхлати баргардонидани қарзҳо ба сармоягузорону бонкҳо бо шарти пардохт аз ҳосили соли 2003, то 1 январи соли 2007 тамдид гардид.

Гзашта аз ин, давлат ба хотири ҳалли проблемаи қарзҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ ба иқдоми дигар даст зад. Қарзҳои аз пардохти хидматрасонии барқ, газ, об, андозу пардохтҳои иҷтимоӣ, ба ғайр аз пардохти 1% – и иҷтимоӣ ҷамъшудаи ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ бахшида шуд.

Чунин тадбирҳои андешидашуда, ки ҳам манфиати давлат ва ҳам манфиати хоҷагиҳои деҳқониро ҳимоя менамуданд, боистӣ соҳаи кишоварзии мамлакатро аз бӯҳрон ба пуррагӣ нараҳонад ҳам, самти халосӣ аз вартаро рӯшан месохт. Вале соли аввали «нафасросткунӣ» — соли 2004 хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ қариб 200 млн. доллар қарз доштанд, соли дигараш ин рақам ба ҷои камшавӣ ба 20 млн. доллари дигар афзуд. Касе на сабабҳои аслии ин афзоишро ҷусту на касе хоҳиши бардошти сабақ аз нокомиро дошт. Гӯё «бинобар номусоид омадани обу ҳаво» назар ба соли 2004  (556 ҳаз.766 т.) қариб 109 ҳаз. тонна кам ба даст омадани ҳосили пахта  (447 ҳаз. 918 т.) ба баҳси оғознашудаи афзоиши қарз хотима гузошт.

Соли 2006 дар масъалаи «Давлат ва қарзи пахта» танаффус ба миён омад. Шояд мақомоти дахлдори давлатӣ бо таҳлили натиҷаҳои бадастомада, аниқтараш бесамарии тадбирҳои тӯли ду-се соли охир андешида ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассиртаре баҳри ҳалли проблема машғул шуданд, шояд мисли фучеристони сармоягузор бо умеди рӯй додани «мӯъҷиза» – и соли хоҷагии 2006  дар пахтазори ҷумҳурӣ буданд. Вале «мӯъҷиза» рӯй надод. Хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ бо вуҷуди хоҳишу кӯшиши зиёд ба ҷои 610 ҳазор тоннаи нақшаи сол ҳамагӣ 438 ҳазор тонна «тиллои сафед» ба даст оварданд, ки ҳосилнокии ҳар гектар 16,7 сентнериро ташкил дод. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2006 низ қарзи пахта афзун гардиду кам нашуд.

Вазъи баамаломада, ба ҷои коҳиш ёфтан ҳамасола тақрибан то $100 млн. афзудани қарзи пахта, бегумон ба бӯҳрони ҷиддӣ гирифтории соҳа, Ҳукумати ҷумҳуриро водор сохт, ки назари худро ба масъала тағйир диҳад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009» аз 5 марти соли 2007, таҳти рақами 111 қабул гардид, ки ба ақидаи мутахассисон дар ҳолати иҷро гардидан, метавонад барои аз бӯҳрон раҳонидани соҳаи пахтакорӣ қадами ҷиддӣ гардад.

Қироншоҳи Шарифзода.

Як тавзеҳ »

  • admin (муваллид) навишт:

    test

Фикри худро нависед!

Хоҳишмандем тавзеҳоро оид ба мавзӯъ нависед.

Шумо метавонед барчаспҳои зеринро истифода баред:
<a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>