Асосӣ » Бояд хонд

Устод Лоиқ дар Порашт

23 сентябрь 2009 2,012 нафар хонданд 4 Тавзеҳ

Вақте ки дар мактаби миёна мехондам, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Абдумурод Назаров дар бораи адабиёти муосири тоҷик ва адибони солҳои 70-ум маълумот дода, номи шоир Лоиқ Шералиро на як бору ду бор ба забон мегирифтанд. Муаллим  аз шеърҳои ӯ намунаҳо мехонданду мегуфтанд, ки «Лоиқ шоири тавонои аср аст». Ба ашъори Лоиқ ҳамон солҳо мафтун шуда, дар дилам орзуи ширине пайдо шуда буд: Оё шоирро ягон вақт дида метавониста бошам?!

Соли 1978 ин орзуям ҷомаи амал пӯшид. Ҳамон сол донишҷӯйи шӯъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Точикистон шудам. Рӯзе раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултаамон Қироншоҳи Шарифзода ба дастам даъватномаеро дода, гуфт, ки ба маҳфил ҳатман биёям.

Сухан аз пеши худ кай бофтам ман,

Варо аз рози дилҳо кофтам ман.

Дарозу кӯтаҳии мисраҳоро,

Зи ожанги ҷабинҳо ёфтам ман.

Лоиқ.

Даъватномаро кушода, ба сатрҳои зерин чашм давондам: 28 декабри соли 1978, соати 17.00. дар маҷлисгоҳи Университет бо Лаурети Мукофоти Давлатии Точикистон ба номи Рудакӣ, шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ вохӯрӣ оғоз меёбад.

Хурсандиам ҳадду канор надошт. Ба иҷорахона омадам ва китоби «Адибони Тоҷикистон» («Ирфон», 1976)-ро гирифта, ба  Донишгоҳ шитофтам.

Толори Донишгоҳ пур аз донишҷӯён ва омӯзгорон. Устод Лоиқ бо декани факултети филологияи тоҷик Маҳмуд Давлатов (рӯҳашон шод бод!) зери кафкӯбиҳо дохили толор гардиданд. Декани факултет баъди сухани муқаддимавӣ навбатро ба шоири маҳбуб Лоиқ вогузоштанд. Устод ҳозиронро бо фарорасии Соли нав табрик гуфтанд ва тӯли қариб ду соат аз боби шеъру шоирӣ сухан ронданд, шеърҳо хонданд ва ба суолҳои донишҷуён ҷавоб доданд. Навбати соядастнависӣ омад. Ман ба назди устод рафтам ва саҳифаи 430-юми китоби «Адибони Тоҷикистон»-ро кушода, хоҳиш кардам, ки устод соядасте нависанд. Устод дар тарафи чапи акси худ (ва тарҷумаи ҳол) «Сарбаланд бошед. Лоиқ»-ро нигоштанд. Ин вохӯрии аввалини ман буд бо устод Лоиқ.

Солҳои донишҷӯӣ дар маҳфилҳо борҳо шеърхонии устодро дидаву шунидаам. Махсусан, маҳфили дар бинои Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузоршудаи «Ширу шакар», ки дар он устод Лоиқ ва Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов иштирок намуданд, хеле ҷолибу хотирмон буд. Устод Лоиқ шеър мегуфтанду  Ҷӯрабек Муродов месароид.

Солҳои донишҷуӣ ба охир расид. Ба зодгоҳ баргашта, дар мактаб омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик шудам. Соли 1990, 6 ноябр. Шоири маҳбуби тоҷикзабони Ӯзбекистон Ҷонибеки Қувноқ, ки дар «Овози тоҷик» (ш. Тошканд) фаъолият дошт, вафот кард. Аз шаҳри Душанбе адибону рӯзноманигорон, устод Лоиқ, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Иноят Насриддин, Давлати Даврон ва Қироншоҳи Шарифзода ба ҷанозаи Ҷонибек омаданд. Ҳангоми бозгашт аз қабристони деҳа дар хонаи омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Абдумурод Назаров муддате таваққуф намуданд. Аҳли Порашт мотамзада буд, вале аз тарафи дигар муаллимони мактабро омадани чунин шахсиятҳои маъруф бо сарварии устод Лоиқ (дарвоқеъ, он солҳо устод Лоиқ Депутати халқии ИҶШС буданд) ба деҳа ифтихорманд месохт. Охир ба гӯшаи хаёли кӣ меомад, ки устод Лоиқ барин шоири бузург ба ин деҳаи дурдасти тоҷикнишин ташриф меоварад?! Бинобар ин, сарварони деҳа бо арзи сипос аз қадршиносӣ ва таъзияи адибони тоҷик, хоҳиш намуданд, ки онҳо ду-се рӯз меҳмони азизи деҳ бошанд. Роҳбалади меҳмонон, Қироншоҳи Шарифзода (зодаи деҳаи Порашт), ки он солҳо дар «Ҷавонони Тоҷикистон» кор мекард, низ устод Лоиқу ҳамроҳонашонро талқин менамуд, ки даъвати пораштиёнро рад накунанд, бо ин баҳона сариқадам аз мактабҳои тоҷикии деҳоти ҳамсоя дидан менамоянд, мардуми ин минтақа муштоқи дидору мулоқоти адибони Тоҷикистон ҳастанд.  Вале устод Лоиқ, ки аз ин талафот хеле ғамзада буданд, даъватро қабул накарда,  бо афсӯс гуфтанд, ки «мо ноябри соли оянда ба ҷашни 50-солагии Ҷонибеки азиз нияти Порашт омадан доштем. Зеро Ҷонибек фарзанди танҳо Порашт ё Ӯзбекистон нест, балки ӯ шоири тамоми мардуми  тоҷик аст, гузашта аз ин, ӯ сафири фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд»…

Солҳои пешин озмуни оид ба забону адабиёти тоҷик дар байни мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон ҳар сол дар яке аз вилоятҳои ҷумҳурӣ мегузашт ва он анъанаи хуб буд. Чунин озмуни навбатӣ моҳи марти соли 1992 дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё баргузор шуд. Ман 6 нафар шогирдони мактабҳои тоҷикии ноҳияи Форишро ба Сариосиё бурдам. Ташкилотчии озмун, методисти мактабҳои тоҷикии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ғ.Бекназаров гуфтанд, ки фардо аз Душанбе шоирон Лоиқ ва Гулрухсор барои вохӯрӣ меоянд.

25 марти соли 1992. Устоди шодравон Лоиқ ва шоираи ширинсухан Гулрухсор бо худ барои шогирдони мактабҳои тоҷикӣ китобҳои бадеӣ тӯҳфа оварданд, маҳфил ороста, аз ашъорашон қироат карданд, ба саволҳои ҳозирон ҷавоб доданд.

Баъди анҷоми вохӯрӣ назди устод рафтам, ба китоби «Дасти дуои модар» (Душанбе, «Адиб», 1991) дастхат гирифтам ва гуфтам, ки «мо аз Порашт омадем, аз зодгоҳи Ҷонибек. Чи хуб мебуд агар барои хотира ҳамроҳ сурат мегирифтем». Уcтод бо самимият аз Порашту пораштиён пурсиданд ва дар ҳалқаи мо барои ёдгор сурат гирифтанд.

Аз он 6 нафар иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявӣ Манучеҳра Назарова дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил карда, ҳоло омӯзгорӣ мекунад. Анорбой Назаров баъди хатми факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳоло мухбири рӯзномаи «Овози тоҷик» мебошад.

8 июли соли 2000. Дар ҳашари таъмири мактабамон (тайёрӣ ба соли таҳсили нав) иштирок доштем. Хаткашони деҳа рӯзномаи дӯстдоштаамон «Овози тоҷик»- ро овард. Рӯзномаро кушода, чашмам ба сурати устод Лоиқ ва сӯгвории аҳли қалами рӯзнома бо номи «Дареғу дод аз дасти ҷудоӣ» афтод. Бовар намекардам. Наход, устод Лоиқ фавтида бошанд?!

Марги устод барои адабиёти муосири тоҷик талафоти бузург буд. Қариб, ки дар ҳар дарси забону адабиёт устод Лоиқ ва ашъори безаволи ӯро ба хотир меоварам. Шоирон бисёранд, аммо на ҳамаи шоиронро, ба ин дараҷа дӯст дошта тавонистам. Чаро? Барои ин суоли худ то ҳол ҷавоби аниқ надорам. Рубоие аз осори безаволи устод Лоиқ ба ёд мерасад:

Ёрон ба сари мазори ман нола кунед,

Бар мотами рӯзгори ман нола кунед.

Бар мотами рӯзгори ман нола чӣ суд?

Бар мурдани ёдгори ман нола кунед.

Собир Эргашев,

омӯзгори мактаби миёнаи ба

номи Ҷонибек, ноҳияи

Фориш, Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

4 тавзеҳ »

  • admin (муваллид) навишт:

    test

  • Саид навишт:

    маколаи хуб

  • икромиддин навишт:

    сухан хар кас наметвон гуфт ба ин тарзе, ки мегуи.
    даруни мсрахои худ ту гуйё дусти мечуи.
    Ахсан бар он шоире ки сухан аз дил мегуяд, бо эхтиром Икрми Пулоди.

  • Илхом навишт:

    Дарди дили хазорон мавтуншудагонии коломи устодро гуфтаед. Ташакур ба чунин шахсон.

Фикри худро нависед!

Хоҳишмандем тавзеҳоро оид ба мавзӯъ нависед.

Шумо метавонед барчаспҳои зеринро истифода баред:
<a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>