Асосӣ » Иқтисоду иҷтимоъ

Соҳибкорони тоҷик дар Амрико

7 январь 2010 762 нафар хонданд Як тавзеҳ

Соҳибкорони тоҷик барои муҳокимаи мавзӯи «Чӣ тавр барномаи амрикоии табодули мутахассисон ба фаъолияти мо таъсир мерасонад?» дар Душанбе гирд омаданд. Қаблан, даҳ соҳибкор ба воситаи Барномаи робитаи ҷамоаҳо, ки аз тарафи Агентии ИМА оид ба инкишофи байналмилалӣ  (USAID) дастгирӣ меёбад, ба шаҳри Портленди иёлати Орегони ИМА сафар карда буданд. Иштирокчиёни барнома дар оилаҳои амрикоӣ зиндагӣ  карда, барои табодули назар доир ба масоили гуногуни рушди соҳибкорӣ ва инкишофи соҳаи хусусӣ дар маҳалҳо бо ҳамкасбони амрикоии худ мулоқотҳо карданд.

Соҳибкорони соҳаи кишоварзии тоҷик дар Портленд бо намояндагони тиҷорати хурду миёна ва муассисаҳои пуштибони онҳо вохӯрданд. Масалан, онҳо дар мубоҳисаҳо доир ба зарурати муколамаи сохторҳои давлатӣ бо бахши хусусӣ дар рушди тиҷорати шахсӣ иштирок намуданд. Онҳо, ҳамчунин, бо намунаҳои истеҳсолоти пай дар пай, усулҳои маркетинг ва бурдани тиҷорати оилавӣ шинос шуданд.

Барномаи робитаҳои ҷомеаҳои USAID яке аз барномаҳои сершумори Агентии ИМА оид ба инкишофи байналмилалӣ буда, ба шарофати дастирии мардуми Амрико ҷорӣ мегардад. Аз соли 1993 то имрӯз мардуми Амрико ба воситаи лоиҳаҳои USAID, тахминан, 300 миллион доллари амрикоиро барои инкишофи иқтисодиёт, соҳаи тандурустӣ, маориф ва ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Як тавзеҳ »

  • саидджалол навишт:

    Ман ягдона проект додаам аммо 6-мох интизорам дар ин барномаи бонуфузи
    /

Фикри худро нависед!

Хоҳишмандем тавзеҳоро оид ба мавзӯъ нависед.

Шумо метавонед барчаспҳои зеринро истифода баред:
<a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>