Мавлоно файласуф нест
Доктор Муҳаммадалии Меҳросо:
«Ман бо мутолиа дар “Девон”- и Мавлоно, на танҳо чунин хислатҳо ва фазилатҳоеро мутлақан дар ў намебинам. Балки дар аксар мавридҳо, ўро фарде хурофотӣ, шақиюлқалб (сангин, бераҳм), кофирситез (душмани ғайримусулмон) мешиносам»
ё чаро диндорони мутаассиб ўро мепарастанд
Ман бо мавзўи “фалсафаи дин” ва мафҳум ва истилоҳе бо номи “фалсафаи мовароуттабиа” (метафизика) мухолифам ва бидуни заррае шакку шубҳа ақида дорам, ки чизе бо номи “фалсафаи динӣ” ва мардумоне ба ном «файласуфони динӣ» вуҷуд надоранд. Ва тамоми касоне, ки мехоҳанд барои дин фалсафа бибофанд, хаёлбофони гумроҳанд. Ҳамчунон ки “равшанфикри динӣ” ҳам вуҷуд надорад ва ин ибора зидди ақл ва мантиқ аст. Чаро ки дин бунёди илмӣ надорад ва дар маҷмўъ муште авҳом (хаёлот), ийҳом (тасаввуроти ботил) ва ибҳом (печидагўӣ) аст, ки манбаъ ва сарчашмааш тасаввуроти ғалат ва пиндоргароӣ (хаёлпарастӣ) аст. Одамӣ наметавонад ҳам хирадгаро (ратсионалист) бошад ва ҳам хурофотӣ. Этиқод ба мавҳумот ва дунёи пас аз марг хурофоти бепоя бо донишварӣ, донишмандӣ ва андешамандӣ дар тазод аст. Касе ки ба маъоди ҷисмонӣ (аз нав зиндашавии) ҷисмонӣ ва рўҳонии инсон ва вуҷуди биҳишту дўзах бовар дорад, ҳатто даҳ миллион байт шеър ҳам гуфта бошад, ки дар зумраи арбоби маърифат ва файласуф табақабандӣ намешавад. Касе ки ба ҷои андеша ба хаёлбоофӣ рў меоварад ва ба ҷои донишҳо ва воқеият, мафҳумот ва хурофотро асоси андешаи худ қарор медиҳад, на файласуф метавонад бошад ва на равшанфикр!
Ҷалолиддини Муҳаммади Балхӣ маъруф ба Муллои Рум, аз ҷумлаи касонест, ки борҳо ва борҳо дар шеърҳояш аз растохез, оташи дўзах ва хурофот; фарқ миёни мусулмон ва кофир; ва ҳатто фатво бо куштани ғайри мусулмон сухан гуфтааст, ки комилан ба ақлоният (ратсионализм), ки пешаи файласуф ва решаи фалсафа аст, мухолиф ва зид аст. Ҳамзамон, ин сухан ҳам нодуруст аст, ки он замонро (замони Мавлоноро) наметавон бо асри ҷадид муқоиса кард. Зеро қарнҳо пеш аз Мавлоно, Абўалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Закариёи Розӣ ва дигарон зеҳне равшан дошта ва бисёре аз ҳаракатҳоро ошкор кардаанд.
Файласуф дар пайи кашфи розҳои (муаммоҳои) гетӣ (дунё) ва ёфтани ҳақиқат аст. Чунин ковишгароне (ҷўяндагоне), ки дар доманаи сарсабз ва пуртаровати кўҳистонҳои маърифат бо тешаи хирад ва куланги (каланди) андеша, ба ковидан ва ҷустуҷўи замин ва заминаҳои донишҳо машғуланд, то аз дили хоки ин кўҳсор зарра – зарра гавҳари ҳақоиқро (ҳақиқатҳоро) берун оварда ва дар маърази дили одамиён қарор диҳанд, бо ғарқшудаагон дар саҳифаҳои китобҳои Авесто, Таврот, Инҷил ва Қуръон комилан фарқ мекунанд. Бинобар ин, бовармандон (диндорон) ба мақулоти лоҳут (ақидаҳои худшиносӣ) ва мавҳумоти мобаъдаттабиа (метафизика) ва хурофоти шариат, бо ҳар мизон (андоза) бори китобе, ки бар дўш (китф) дошта бошанд, дар ин табақабандӣ ҷое надоранд ва ҷой намегиранд.
Ман бо мутолиа дар “Девон”- и Мавлоно, на танҳо чунин хислатҳо ва фазилатҳоеро мутлақан дар ў намебинам. Балки дар аксар мавридҳо, ўро фарде хурофотӣ, шақиюлқалб (сангин, бераҳм), кофирситез (душмани ғайримусулмон) мешиносам. Ў бо тамоми талоше, ки дар роҳи маърифатшиносӣ ба кор бурда ва бо тамоми «ҳою ҳуе», ки хоста дар роҳи ирфон сар диҳад, ҷуз пашминапўше мутаассифона (сўфинамо), беш нест. Ин мавзўро дар ишораҳои ў ба масъалаҳои фиқҳӣ ва дар иттифоқоту (тасодуфоту) хавориқе (мўъҷизоте), ки ба сарварон ва номдорони ислом ва дигар динҳои сомӣ нисбат медиҳад, ба равшанӣ метавон дид. Ба унвони мисол, дувоздаҳ саҳифаи охири дафтари аввали “Маснавӣ”-ро ба достони хунук ва комилан дурўғ дар тавсифи яке аз корҳои Алӣ ибни Абутолиб нисбат додааст. Дар марвиди ин ки Алӣ дар ҷанг ва ба ҳангоми ғалаба бар душман, чун душман бар сураташ (рўяш) туф андохт, аз куштани ў даст кашид… ва он дурўғҳои Мавлоноӣ… он ҳам бо назме суст! Ин аст, ки ман ҳақро ба зиндаёд Абдураҳмони Фаромарзӣ медиҳам, ки аслан “Маснавӣ”- ро ба унвони шеър қабул надошт…
Мумкин аст бигўед, ки достон лозим нест, ки воқеият дошта бошад ва достон аст ва ҷанбаи символикӣ дорад. Ин сухан дуруст аст. Аммо замоне дуруст аст, ки қаҳрамони достон ношинос бошад ва ҷанбаи (ҷиҳати) ғулувомези (муболиғаноки) дар мўъҷизот надоштаи сардамдорони динҳоро надошта бошад. Ҳамчунин достон барои сангу чўб тарошидан ва аз он барои инсон натиҷа гирифтан ва ақли одамиро ба он ҳушдор додан, имрўз нописанд ва номаъқул менамояд.
Шумо дар тамоми достонҳои “Гулистон” ва “Бўстон”- и Саъдӣ як мавзўи муҳир-ул-уқул (ҳайронкунандаи ақл) ва дур аз зеҳн намебинед. Тамоми достонҳои Саъдӣ ҳама ҳолу аҳволи мардумон аст. Ва зимни баёни ҷомеашиносии замону макон, имкони вуқўъ (воқеъ шудан) низ доштааст. Ва тамоми персонажҳояшро одамӣ месозад. Чунин аст, ки Саъдӣ “афсаҳ-ул-мутакаллимин” (фасеҳтарини суханварон) лақаб мегирад.
Аммо ин ки дар ҷангале ҳайвонот тасмим бигиранд ва барои шери ҷангал ҳар рўз хўроке омода кунанд, то ба онҳо ҳамла накунад ва он гоҳ, харгўше бо хидъа (хиёнат) ва найранг шерро бар сари чоҳе бубарад ва ва шерро фиреб диҳад, то худро ба даруни чоҳ андозад, ки албатта ин достонро ҳамагӣ хондаед ва пайдост, ки мафҳуме (маъное) ба ғоят кўдакона дорад ва сароянда ҳар натиҷае аз он гирифта бошад, дар бемоя будан ва пучии достон таъсире надорад.
Ман намедонам кай ва чи касе Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ шоири мутасаввифро файласуф тавсиф карда ва ба назарияҳои ў унвони фалсафа додааст. Зеро Муллои Рум илова бар он ки файласуф нест ва набудааст, бо фалсафа ва далелу бурҳонҳои фалсафӣ низ ба куллӣ мухолиф аст. Ва ҳама чизи ҷаҳонро дар ирода ва хости Худо медонад.
Ин мафҳумро шумо бо хондани ашъор ва назмҳои ў ба хубӣ ва осонӣ метавонед дарёбед.
Дар дафтари аввали “Маснавӣ”, дар достоне зери унвони “Муртад шудани котиби ваҳй…” овардааст:
Сар аз рў миниҳам ман бар замин,
То гувоҳи ман бувад, дар рўзи дин.
Ин байт нишони муҳмалгўӣ (беҳудагўӣ) ва хурофотӣ будани гўяндаи сухан аст. Мавлоно чун ба маод ва рўзи ҳашр ва саволу ҷавоби қиёмат имони комил дорад, замини саҷдагоҳ дар намозро, шоҳиде барои гувоҳӣ додан ба нафъи худ дар рўзи қиёмат муаррифӣ мекунад ва мўътақид аст, ки замини саҷдагоҳ дар рўзи қиёмат шаҳодат медиҳад бар намоз гузаронидани мўъминон. Бояд қабул кард, касе ки чунин берабт (парешон) сухан мегўяд, файласуф нест. Фузун бар он, диққат кунед, дар идомаи матлаб ва дар се байти пойинтар гуфтааст:
Фалсафӣ мункир шавад дар фикру занн,
Гў бирав сарро бар ин девор зан.
Нутқи обу нутқи хоку нутқи гил,
Ҳаст маҳсуси ҳавоси аҳли дил.
Фалсафӣ к-ў мункири ҳаннона аст,
Аз ҳавоси авлиё бегона аст.
Ва меафзояд:
Ҳаркиро дар дил шакку печонӣ аст,
Дар ҷаҳон, ў фалсафии пинҳонӣ аст.
Менамояд эътиқоду гоҳ гоҳ,
Он раги фалсаф кунад, рўяш сиёҳ.
Диққат кунед, дар ин тарзи андеша!
Манзури (мақсади) Мавлоно дар ин сухан аз “Обу хоку гил” ё инсон аст, ки ба ақидаи Мавлоно ва ҳамфикронаш аз гил (лой) сохта шудааст, ё мўътақид аст, ки ҷамодот (ҷисмҳои сахт) ҳам нутқ доранд ва сухан мегўянд ва нола сар медиҳанд, ки ин дидгоҳе ба шиддат хурофотӣ аст. Аммо муҳимтар аз он, ба фармудаи ў, танҳо касоне аз ин суханҳо ва нолаҳо огоҳанд, ки авлиё бошанд. Албатта, ки ин сухане ба ғоят муҷмал ва сустбунёд аст. Ҳамчунин ин комили мухолифат ва душманӣ бо фалсафа ва файласуф аст, ки гуфтааст: “Он ранги фалсаф кунад, рўяш сиёҳ”. Ва ман дар шигифтам (тааҷҷубам), ки чигуна Мавлоноро “фйласуф” лақаб додаанд ва дарҳамгўиҳояшро “фалсафа” пиндоштаанд!
Мумкин аст бигўянд ин достонҳо ва матолибро Мавлоно аз он рўй гуфтааст, то аз онҳо натиҷагирӣ кунад.
Аммо ман бо достон мухолифате надорам. Эроди ман ин аст, ки натиҷагирӣ аз достон ҳама ғалат буда, мутобиқ бо афкоре догматикӣ, мутаҳаҷҷир ва шахшуда аст. Агар бо достонҳои нобоваронааш ҳам коре надошта бошем, наметавонем бо натиҷаҳое ки мегирад ва алорағми мухолифаташ бо шакку тардиди фалсафӣ – ки мехоҳад фалсафабофӣ кунад, мухолиф набошем!
Дар ҳамин достон бо суғро ва куброҳое, (мантиқбофиҳое), ки мечинад, натиҷа мегирад, ки ҳайвони ваҳширо бояд кушт ва ҳатто хар низ, бо вуҷуди он ки мавриди истифода аст, агар ваҳшӣ шавад (!) хунаш мубоҳ аст, ки албатта, сухане мақбул аст…
Аммо масхарагӣ дар инҷост, ки натиҷаро (на ба хар!), балки ба инсон мекашонад ва … билохира ба ин ҷо мерасад, ки:
Лоҷарам куффорро, шуд хун мубоҳ,
Ҳамчу ваҳшӣ пеши наштобу римоҳ.
Ҷуфту фарзандонашон ҷумла сабил,
З-он ки беақланду мардуду залил.
(Калимаҳои мушкили ин шеър аз ин қароранд: Лоҷарам-ноилоҷ; Куффор-кофирон; Мубоҳ-ҷоиз; Наштоб-тири хаданг; Римоҳ-найза; Ҷуфт-зани кофир; Сабил- беарзиш; Мардуд-номақбул; Залил-ночиз).
Оре, ба назари ин Муллои Румӣ, куштани куффор, яъне мардумони ғайри мусулмон, монанди ҳайвоноти ваҳшӣ дар муқобили тиру найза раво ва мубоҳ аст. Ва ҳатто куштани зану фарзандонашон низ корест дуруст ва мубоҳ! Оё дорандаи чунин андешаеро метавон файласуф ва ё ҳатто инсонгаро (гуманист) донист? Оё ин тарзи андеша нишони хўи асосии соҳибаш нест?
Мутаассифона, мо тамоми китоби “Маснавӣ”- ро намехонем, то ба кулли матолибаш огоҳ шавем. Қисматҳои зебоеро, ки дигарон таъриф кардаанд, мутолиа карда ва лаззат мебарем. Ҳол он ки ин китобро низ монанди Қуръон бояд ба тамом ва камол хонд, то ки аз кунҳи (ҷавҳари) шахсияти Мавлоно, ки духтари ёздаҳсолаашро ба никоҳи Шамси Табрезии шастсола дармеоварад, пай бурд!
Диндороне ҳам ки ин китобро ба таври комил хондаанд, чун гирифтори таассуби дин будаанд, фатвои куштани кофирон барояшон зишт ва бад нест, ҳатман барои Мавлоно аҳсан ва офарин ҳам мегўянд.
Баргардон аз форсӣ ба кирилӣ:
Дидавари Хушдил.
(«Ҷомеа»,№6(98),17марти с. 2010)



Фикр намекунам душмание, ки дар тӯли таърих бо фалсафаи исломӣ ва фалосифаи мусалмон, чи аз сӯйи дӯстон ва чи аз сӯйи душманҳо шудааст ва ҳанӯз ҳам идома дорад, бо ҳеҷ дониши дигаре, ки дар қаламрави ислом ҳузур ва парвариш ёфтааст шуда бошад.
Бархе аз дӯстони мусалмонамон гуфтаанд ва имрӯз ҳам такрор мекунанд, ки: “Ман тафалсафа тазандақа”, яъне ҳар кӣ фалсафа омӯзад, зиндиқ шавад. Зиндиқ дар гузашта ба касе мегуфтанд, ки мункири Худову паёмбару рӯзи охират бошад.
Аммо дастае аз душманонамон гуфтаанд ва имрӯз низ мегӯянд, ки: “Фалсафаи исломӣ яъне чӣ? Ислом, ки як дин аст ва сарчашмааш ваҳй аст, магар метавонад бо фалсафа, ки ҳар чи мегӯяд бархоста аз ақлу хиради одамист, як ҷо ҷамъ шавад? Дин мегӯяд, ба ҳар он чи ваҳй мегӯяд (ва ваҳй ҳам дар Қуръону суханони гуҳарбори ҳазрати паёмбар (с) таҷаллӣ ёфтааст) имон биёвар ва коре надошта бош, ки бо ақли ту созгор аст ё нест, кори ту фақат имон овардан асту бас, аммо фалсафа мегӯяд, ҳар он чиро ақлу хирадат мегӯяд тасдиқаш кун, ва агар дидӣ чизе бо ақли ту созгор нест, бирезаш канор… Бо ин ҳол, оё метавонад ин ду мактаб бо ҳам як ҷо гирд ояд, ки мегӯйед: “фалсафаи исломӣ”?
Камина дар ин мақола, бо шарҳу тавзеҳи кӯтоҳи ҳақиқати фалсафа, ки чист, ва ин ки оё мо фалсафаи исломӣ дорем ё надорем, барои хонандаи азиз собит хоҳам намуд, ки душмании ин ду гурӯҳ, ҳам дӯст ва ҳам душман, сарчашма дар навъе ҷаҳолат ва нодонӣ дорад. Дӯсти нодонамон, фалсафа намедонад. Душмани ногоҳамон, аз ислом ва маорифи он хабаре надорад.
Албатта, талош менамоям ба забони сода баён кунам, ва дар шарҳи матолиб, намехоҳам аз истилоҳоти печидаи фалсафӣ баҳра гирам, ки шояд барои зеҳни хонанда маънус набошанд.
Фалсафа чист?
Одатан, барои шинохти кӯтоҳ аз ҳар донише, ҳамин бас аст, ки дар таърифи он илм, ба мавзӯи он дониш, ҳадафи вай, ба иловаи равиши таҳқиқу баррасии масоилаш ишора гардад. Масалан, агар мехоҳед як шинохти аввалӣ аз илми пизишкӣ (тиб) дошта бошед, кофист дар таърифи ин дониш, ба мавзӯяш, ки кадом аст, ба ҳадафаш, ки чист, ва ба шеваи таҳқиқ дар он дониш, ки бо чӣ равише масоилаш баррасӣ мешавад, ишора шавад.
Вақте бароятон мегӯянд, “Илми пизишкӣ, илмест, ки мавзӯяш бадани инсон (ва куллан ҷондор) аст аз назари тандурустиву беморӣ, ҳадафаш ҳифзи саломатӣ ва дармони бемориҳост, ва равиши баррасӣ дар ин дониш, таҷруба ва озмоиш аст”,[1] дар ин ҷо, як маълумотӣ аввалӣ дар зеҳни шумо аз ин илм ҳосил хоҳад шуд.
Аз ин рӯ, барои ошноии кӯтоҳ бо дониши фалсафа, бояд таърифаш ироа гардад. Барои фалсафа, таърифҳои мухталифе ироа шудааст. Ҳеҷ таъриферо наметавон пайдо кард, ки ҷомеу монеъ бошад, яъне таърифе бошад, ки дарбар дорандаи тамоми ҷиҳоте бошад, ки фалосифа, ҳар як, ба навбати худ, дар таърифи фалсафа пешкаш кардаанд. Шояд таърифи зерин, таърифи беҳтаре бошад:
“Фалсафа, донишест, ки ба пурсишу посух дар бораи куллитарин ва асоситарин мавзӯоте, ки дар зиндагонӣ ва дар ҷаҳон бо онҳо рӯбарӯ ҳастем мепардозад”.[2]
Осонтар бигӯям: одамӣ, дар зиндагонии худ, бо як силсила пурсишҳое рӯбарӯ мешавад, ки ҳисси кунҷковияш ӯро водор мекунад, ба ин пурсишҳо посухи қаноатманд пайдо кунад. Пурсишҳое чун:
Оё ҳастӣ, фақат маҳдуд ба ҳамин чизҳоест, ки мебинем, ё на, ҳастӣ фаротар аз он аст?
Мо инсонҳо ва низ соири мавҷудоту махлуқот, ки атрофу акнофро пур кардаанд, чӣ гуна ба вуҷуд омадаем? Худ аз худ, ё на, касе ҳаст, ки ба мо вуҷуд бахшидааст?
Ҳоло, агар ин касе ки бароямон вуҷуд бахшидааст, агар ҳаст, пас чӣ гуна мавҷудест? Мисли мост, ё на, ба гунаи дигарест?
Робитаи ӯ бо мо ба чӣ сурат аст?
Ӯ, агар ҳаст, аслан чаро мо ва дигар махлуқотро офарид? Ҳадафе дорад? Агар дорад, пас он ҳадаф чист?
Мо инсонҳо, ки фитратан, адолатдӯсту адолатхоҳ ҳастем, чаро бо ин ҳама ноадолатиҳо, чи дар низоми ҳастӣ ва чи дар ҷомеа, рӯбарӯ ҳастем? Ба вижа, агар ҷаҳони ҳастӣ офаридгоре дошта бошад, пас, чӣ тафсире метавон аз ин беадолатиҳо кард?
Оё мо инсонҳо озод ҳастем, ё на, ҳар чи мекунем ва ҳар чи аз мо содир мешавад, дар анҷоми онҳо маҷбурем?
Мо, ки инсонем, аслан тавоноии дарки он чи моварои ҳисси мо қарор дорад-ро дорем?
Ҳар чи мебинему мешунавем ва ба эҳсосамон медарояд, оё ин ёфтаҳо, аслан дар хориҷ воқеияте доранд ё на, хаёлоте беш нестанд?
Инҳо, ва низ садҳову ҳазорон пурсишҳои асосӣ ва куллии дигар, ки сари моро гиҷ мекунанд ва посухашонро мехоҳем, пурсишҳое ҳастанд, ки дониши фалсафа ӯҳдадори посух ба онҳост.
Албатта, дин низ муддаист, ки омадааст то ба ин гуна пурсишҳои асосӣ посух бидиҳад, ва посух ҳам додааст, ба вижа динҳои осмонӣ мисли яҳудияту масеҳияту ислом.[3]
Аммо фарқи фалсафа бо дин дар ин ҷиҳат он аст, фалсафа мехоҳад бо такя бар истидлоли ақлӣ ба посухи ин пурсишҳо бипардозад, яъне такягоҳи фалсафа дар посух ба ин пурсишҳо, фақат ва фақат ақли башарист, на чизи дигар.
Бо ин ҳисоб, бас иштибоҳ аст, ки касе чунин бипиндорад, ки поягузорони дониши фалсафа, юнониён ҳастанд. Аслан, ҳар инсоне, ҳар кӣ бошад, агар бихоҳад ба шеваи ақлӣ ба посухи ин чунин пурсишҳо бархезад, фалсафа гуфтааст.
Оре, он чи дар бораи фалосифаи Юнони бостон дар ин замина метавон гуфт, ин аст, ки эшон, ёфтаҳои хешро – чи дуруст бошад, ё нодуруст, ки феълан дар мақоми арзёбии дурустӣ ё нодурустии ёфтаҳои онон нестем – дар китобе мустақил тадвин карда ва дар маъраз қарор додаанд.
Фалсафаи исломӣ
Ҳоло, баъд аз он ки рӯшан шуд, фалсафа чист ва чӣ мехоҳад, акнун мехоҳам ба ин матлаб ишора намоям, ки баъд аз зуҳури ислом ва густариши он дар атрофу акнофи гетӣ, донишмандони мусалмоне ибрози вуҷуд карданд, ки барои посухи ақлонӣ пайдо кардан ба пурсишҳое, ки дар боло ёдовар шудем ва низ садҳо пурсишҳои дигаре назири он, камари ҳиммат бастанд ва ба шеваи ақлонӣ ба посухи он пурсишҳо пардохтанд.
Хидмате, ки фалосифаи исломӣ чун Кендӣ, Форобӣ, Бӯалӣ, Хоҷа Насир, Ибни Рушд, Хайём (Хайёми файласуф на Хайёми шоир), Сӯҳравардӣ, Мулло Садро ва дигарон, дар маҷоли дониши фалсафа аз худ ба харҷ доданд, на танҳо пардохтан ба масоиле буд, ки пешиниён (юнониҳову навафлотуниён) ба онҳо ишора карда буданд, балки посухи масоилеро ҳам доданд, ки барои пешиниён ҳалношуда боқӣ монда буд. Илова бар он, масоилеро тарҳ ва ба посухаш пардохтанд, ки аслан ба зеҳни пешиниён хутур накарда буд.
Қобили ёдоварӣ бошад, ки фалсафа дар ҷаҳони Ғарб, бо омадани масеҳиёт аслан рахт бар баста буд. Масеҳияти пеш аз реннесанс, сахт мухолифи фалсафа буд ва мардумонаш, чизе ба номи фалсафа ва касе ба номи Суқроту Афлотуну Арасту намешинохтанд. Агар баъд аз реннесанс, бо донише ба номи фалсафа ва бо фалосифае чун Арасту ошно шуданд, ин ошноиро мадюни фалосифаи исломие чун Ибни Сино ва Ибни Рушд ҳастанд, ки китобҳои ин ду файласуфи номвар ба забони лотинӣ тарҷума ва дар маърази ғарбиён қарор гирифт.
Ва аз ҳама муҳим, иллати он ки дониши фалсафа то ба ин ҳад дар ҷаҳони ислом рушду густариш ёфта буд, танҳо ин набуд, ки касоне дар сарзамини исломӣ, ба гунаи истисно, бархостанд ва ба ин масоил пардохтаанд. Ҳаргиз чунин нест, ва ҳар кӣ чунин бияндешад, бас иштибоҳ кардааст.
Балки иллати асосӣ, дар худи матни таълимоти исломӣ, ки бархоста аз Қуръону суннат аст нуҳуфта. Яъне ин ислом буд, ки дар дараҷаи аввал, мусалмонро ба пардохтан ба шеваи ақлӣ бармеангехт.
Вақте Қуръони карим, ин китоби осмонӣ ва ҷовидон, ба такрор гӯшзад мекунад, ки:
“Эй кош тафаккур намойед!”[4]
“Оё тафаккур намекунед?”[5]
“Эй кош ақли хеш ба кор гиред!”[6]
“Оё ақлу хирад ба кор намегиред?”[7]
“Агар ақли хеш ба кор мегирифтед…”[8]
Оё баъд аз ин ҳама таъкидот, шахси мусалмон хештанро дар баробари баррасии масоили куллии ҳастӣ ба шеваи ақлонӣ, бетафовут мебинад?
Аслан, Қуръони карим, имон ба Худоро, натиҷаи ба коргирии ақлу хирад аз сӯйи одамӣ медонад ва ба такрор мегӯяд, тамошои гетӣ ва мушоҳидаи он, худ оят ва нишонаест бар вуҷуди Худо, албатта барои касоне, ки “ақли худ ба кор мегиранд”.[9]
Вақте ҳазрати паёмбар (с) мефармояд:
“Ба воситаи ақл, ҳамаи некиҳо ба даст меояд, ва касе ки ақл ба кор намеандозад, аслан дине надорад”.[10]
“Бадтар аз нодонӣ фақре нест, ва судмантар аз ақл сармояе нест…”.[11]
“Устувории мард ба ақли ӯст, ва касе ки ақл ба кор наяндозад, дин надорад”.[12]
“Дини мард ҳамон ақли ӯст. Ва ҳар кӣ ақл надорад, дин надорад”.[13]
Оё баъд аз ин ҳама таъкидот дар ба коргирии ақл, ва низ тасреҳ ба ин ки касе ки ақли хеш ба кор нагирад, дин надорад… метавон гуфт, мусалмон нисбат ба дониши фалсафа бетафовут хоҳад буд?
Илова бар ин ҳама, фалосифаи исломӣ дар Қуръони карим, ба оятҳое бархӯрданд, ки истидлолҳои ҷадидеро дар арсаи исботи масоили куллии ҳастӣ ироа медиҳад, ки аслан собиқа надошт, на пешиниён аз фалосифаи юнониву навафлотунӣ ба он ишора карда буданд ва на фалосифаи исломӣ то замони Форобӣ ва Ибни Сино ба он пай бурда буданд, мисли “бурҳони сиддиқин”, ки барои нахустин бор Форобӣ парда аз чеҳраи ин истидлоли қуръонӣ бардошт ва Ибни Сино ба тафсил онро табйин намуд.
Ҳоло, маҷоли он нест, ки ба шарҳу тавзеҳи ин истидлоли қуръонӣ бипардозам. Танҳо метавонам бигӯям, ки ин бурҳон, ба исботи офаридгор ба шеваи ақлӣ пардохта ва дар он, аз ҳеҷ гуна муқаддима истифода нашудааст, ки дар таърихи фалсафа то ба ҳанӯз назире надорад.
Бо ин ҳама, оё боз ҳам касе метавонад иддао намояд, ки мо “фалсафаи исломӣ” надорем?
Гуфтори поёнӣ
Баъд аз он ки собит шуд, мо фалсафае ба номи фалсафаи исломӣ дорем, навбати он аст, ки сухане бо дӯст, ва сухане ҳам барои душман арз кунем.
Сухани мо барои дӯст, ва он кӣ мепиндорад, “ман тафалсафа тазандақа”, он аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба таъкидоти сареҳаи Қуръону суннат дар ба коргирии ақлу хирад дар фаҳму маърифати ашё, вақте мусалмоне бо пурсишҳое аз он даст, ки дар боло ёдовар шудем рӯбарӯ мешавад, агар барои ёфтани посух барои онҳо, ба ақли худ руҷӯъ кунад ва посухи онҳоро ёбад, магар ҷуз ин кардааст, ки гӯш ба фармони Қуръону суннат, ки мегӯянд ақли худ ба кор гиред, супурдааст?
Магар фалсафа ҷуз ин аст? Мо, коре бо исму расм ва ному унвон надорем. Агар шумо аз унвони “фалсафа”, ки реша дар луғати Юнон дорад, ишмиъзоз дошта бошед, метавонед исми ин донишро чизе дигар бигузоред, муҳим маъност на лафзу унвон.
Агар бигӯйед, маҷоли ёфтани посух барои чунин пурсишҳое нақл аст (яъне Қуръону суннат аст), мегӯйем, дуруст гуфтед, ин сухан дуруст аст. Аммо на ҳама ҷо, ва на барои ёфтани посухи ҳар масъалае.
Руҷӯъ ба Қуръону суннат, танҳо замоне саҳеҳ аст, ки инсон, мӯъмин ба Худову Қуръону суннат бошад. Вагарна, шумо, ки наметавонед ба шахсе ки на ба Худо имон дораду на ба Қуръону на ба суннат, бигӯйед, посухатро аз нақл пайдо кун. (Диққат шавад!)
Тоза, чӣ некӯст агар мусалмон барои посухе, ки аз нақл пайдо кардааст, таъйиде аз ақл ҳам биёбад, ки бе шак, имонаш устувортар ва эътиқодаш мустаҳкамтар хоҳад шуд.
Аммо сухани мо барои душман ин аст, ки ин ки мегӯяд, “Дин сарчашмааш ваҳй аст, магар метавонад бо фалсафа, ки ҳар чи мегӯяд, бархоста аз ақлу хиради одамист, як ҷо ҷамъ шавад?”, посухамон ин аст, ки агар муроди шумо аз дин, дини масеҳияти имрӯз, ки таҳрифшуда аст ва бештари маорифаш такягоҳи ақлонӣ надорад бошад, бо шумо коре надорем, биравед пеши руҳонияти худатон ва барои эшон чунин бигӯйед.
Аммо агар муродатон ҳар динест, бояд бидонед, ки ислом чунон дине нест, ки маорифаш бо додаҳои ақлонӣ мутаориз бошанд. Ислом, агар мегӯяд, имон биёвар, имонеро аз инсон металабад, ки такягоҳи ақлонӣ дорад, на ҳар имонеро (“Дини мард ҳамон ақли ӯст. Ва ҳар кӣ ақл надорад, дин надорад”.[14])
Тавсияи мо мусалмонон ба шумо ин аст, ки боре ҳам ки шуда ба мутуни исломии мо бо чашми басират нигаҳ кунед, ва худ бубинед, ки оё ислом, ҳамон динест, ки шумо аз он дар зеҳни худ доред? Ва ё исломро аз тариқи мусалмонон шинохтаед?
Некӯ бидонед, ки лузуман гуфтору кирдори мусламонон, ойинаи тамомнумойи дини мубини ислом нест, ҳамчуноне ки гуфтору рафтори ҳар масеҳие, намоёнгари маорифи ойини масеҳият намебошад.
Поёни гуфтор
http://kemyaesaadat.com/
[1] / http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%BE%D8%B2%D8%B4%DA%A9%DB%8C
[2] / http://daneshnameh.roshd.ir/mavara/mavara-index.php?page=%D9%81%D9%84%D8%B3%D9%81%D9%87&SSOReturnPage=Check&Rand=0
[3] / Баъдан дар ин бора сӯҳбат хоҳам кард, ки дини ислом, аз миёни тамоми динҳои дигар, дар посух ба ин чунин пурсишҳои асосӣ, ба посухи танҳо ва холӣ аз истидлол иктифо накардааст, балки посухҳояш, ҳамагӣ такя бар истидолҳои фалсафӣ доранд.
[4] / Бақара/219, 266.
[5] / Анъом/50.
[6] / Бақара/73, Оли Имрон/65, Анъом/32, Аъроф/169, Юнус/16, Ҳуд/51, Юсуф/109, Анбиё/10, 67, Мӯъминун/80, Қасас/60, Ёсин/62, Соффот/138.
[7] / Бақара/44, 242, Анъом/151, Юсуф/2, Ғофир/69, Зухруф/3, Ҳадид/17.
[8] / Оли Имрон/118, Шуаро/28.
[9] / Юнус/24, Раъд/3, Наҳл/11, 69, Рум/21, Зумар/42, Ҷосия/13.
[10] / Туҳафул-уқул, с 54.
[11] / Ал-муъҷамул-кабир, 3/69/2688, с 54.
[12] / Канзул-уммол, 3/379, с 54.
[13] / Канзул-уммол, 3/378/7033.
[14] / Канзул-уммол, 3/378/7033.
Аз донишманди закиву нуктасанч чаноби Саидюнуси Истаравшани сипосгузорам,ки нисбати чунин мухолифандешон ва нисбати чунин суханхои гофу бехуда садои хакикат буланд намуданд ва олимона, мавлавиёна ва файласуфона исбот намуданд,ки вокеан фалсафа чисту дин чисту дигархо чист.Поянда бод аклу хирад!!
Фикри худро нависед!
Барчаспҳо
Бахшҳо
Шарикон
Тавзеҳот
Пурсиш