Дар таркиши метрои Москва як тоҷик низ кушта шудааст
Дар таркише, ки субҳи 29 март дар метрои Москва ба вуқӯъ паваст, гумон меравад, як шаҳрванди 24 -солаи Тоҷикистон Умед Абдураҳмонови Қӯрғонтеппагӣ кушта шуда, як нафар тоҷики дигар бо ҷароҳат дар беморхонаи Склифасовский бистарӣ шудааст.
Ба гуфтаи намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Москва, дар ин бора овозаро шунидаанд, вале то ҳол аз паи мушаххас намудани он ҳастанд.
Ин таркиш дар истгоҳҳои “Лубянка” ва “Парк Култури” – и метрои Москва рӯй дода, дар натиҷа 38 нафар ба ҳалокат расида, 72 нафар бо ҷарроҳатҳои гуногун ба бемористонҳо интиқол ёфтаанд.
Ба гуфтаи кормандони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Россия, ҳангоми таваққуфи қатора дар истгоҳи метро, ду зани маргталаб худро таркондаанд.
Хадамоти федеролии амнияти Россия дар ин ҳамлаҳои террористӣ гурӯҳҳои ошӯбгари Қафқози шимолиро муттаҳам кард.



Хадамоти федеролии амнияти Россия дар ин ҳамлаҳои террористӣ гурӯҳҳои ошӯбгари Қафқози шимолиро муттаҳам кард.-
ин хатои махз аст зеро ки дар расонахои ТV мо шунидем ,ки ин ду террорист зан словиани хастанд.
Фикри худро нависед!