Ҳамкории Тоҷикситону Афғонистон, кӣ манфиатдор?
Ширкатхои афғонӣ мехоҳанд дар Тоҷикистон лоиҳаҳоеро амалӣ кунанд. Тавре гуфта мешавад, намояндвагони ширкати афғонӣ дар ҷараёни сафарашон ба Душанбе гуфтаанд, омодаанд ба лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна маблағгузорӣ намуда, ҳамчунин филиали як бонки Афғонистонро таъсис диханд.
Муҳаммад Қурбони Ҳақҷӯ, президенти палатаи Афғонистон дар вохӯрии «бизнес форум»е, ки дар Душанбе баргузор гардид, иброз намуд, ки барои мустаҳкам кардани муносибат бояд ҳамкории бонкӣ густариш ёбад. Вай дар ин хамоиш пешниход намуд, ки бояд дар ҳарду кишвар филиали бонкҳо таъсис ёбад ва барои мисол, ҷониби Афғонистон омода аст, чунин иқдомро амалӣ кунад.
Коршиносону иқтисоддонҳои тоҷик аз равобити бонкии Тоҷикистон бо кишварҳои дигар ҷонибдорӣ карда, мегӯянд, ин омил хам боиси рушди сармоягузорӣ ва хам боиси пешрафти ҳамкориҳои дипломатӣ мешавад. Давлат Усмон, иктисодшиноси тоҷик мегӯяд, сармоягузорӣ намудани афғонҳо қаблтар аз ҳама боиси ба вуҷуд омадани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани вазъи зиндагии мардум мешавад.
Дар хамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон хам мегӯяд, аз аз ҳамкорӣ бо бонкҳои Афғонистон истиқбол мекунанд, аммо ба гуфтаи Мукаммал Раҷаби, масъули маркази матбуотии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, новобаста аз вазъи феълии Афғонистон қаблтар аз ҳама худи соҳибкорони афғон ба таъсиси филиали бонкҳо ва сармоягузорӣ дар бахшҳои Тоҷикистон манфиатдоранд.
Аммо иктисодшиноси тоҷик Давлат Усмон мегӯяд, ҳар кишваре, ки сармоягузорӣ кардан мехоҳад, аллакай медонад, ки аз кадом кишвар фоида ба адст меорад. Ба ин маънӣ, сармоягузорӣ намудани афғонхо қаблтар аз ҳама ба манфиати худи онҳост.



Фикри худро нависед!