Асосӣ » Бояд хонд, Иқтисоду иҷтимоъ

Чаро ҷавонон майли хондан надоранд?

25 июль 2010 417 нафар хонданд Тавзеҳот нест

Тибқи иттилои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ гирифтагони медали тиллоӣ байни хатмкунандагони макотиби миёна нисбат ба соли гузашта ду маротиба коҳиш  ёфтааст.

Ба гуфтаи масъулини вазорати  маорифи ҶТ  аз миёни 85 ҳуҷҷате, ки барои  дарёфти медали тилло  пешниҳод шуда буд аз сӯи коммиссияи вазорат баҳогузории тақаллубӣ ошкор шудааст.  Ноилшоҳ Нуралиев сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт нафароне ки аз иншои хаттӣ баҳои аъло гиирфтаанд ҳангоми санҷиш маълум гардидааст ки матнҳои навиштаи онҳо ба  пастарин баҳои баланд арзанда набудааст. Ба гуфтаи Ноилшоҳ  Нуралиев  шумораи нафароне ки бо медали тило ва ё шаҳодатномаи аъло мактаби миёнаро хатм мекунанд дар соли ҷорӣ ду дарсад коҳиш ёфтааст.

 «Имсол дар марвиди гирифтани медалҳои тилло  ва нуқра ба Вазорати маорифи ҶТ аз ҷониби шӯъбаҳои маориф раёсати маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумхурӣ 85 хуҷҷат пешниҳод шуд.  Дар равияи ҷамъияти гуманитарӣ- 4 нафар сазовори медали тилло гаштанд. Дар равияи табии риёзӣ бошад 4 нафари дигар сазовори медали тилло гаштааст. Инчунин  дар  марвиди сазовор гаштани медали нукра 3 нафар  дар  равияи ҷамъиятӣ гуманитрӣ ва 4 нафар дар равияи  табии риёзӣ. Нисбат ба соли гузашта дар ҳақиқат ҷойҳоро кам ишғол кардаанд .»

Бар  асоси муқаррароти Вазорати маорифи Тоҷикистон нафаре ки мактаби миёнаро бо медали тилло хатм мекунад имкони дар донишгоҳ бе супоридани имтиҳонҳо дохил шуданро доштааст. Файзалии Шералӣ аз  ҷумлаи дорандаи медали тиллои аст, ки дар соли  2008  мактаби миёнаро хатм намуда  бе ягон мамоният донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шудааст. Номбуода мегӯяд  то ба ҳол ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ аз сӯи устодон ва роҳбарият ба ӯ ягон монеъаҳое пеш наомадааст .Файзали дар идома афзуд, медали тиллои дар мактаб бадастовардааш обурӯи ӯро миёни дигар донишҷӯён дар Донишгоҳ боло бардоштааст:

 

«Ба ман гуфтанд, ки метавонам ба дилхоҳ донишгоҳ раваму ҳуҷҷат супорам ва чунин ҳам шуд. Бе ягон имтиҳон донишҷӯ  шудам, албатта бояд аз як сӯҳбат мегузаштам, барои  фаҳмидан, ки медали тиллоии гирфтаам бе ёрии ягон шахс ва ё восита буд ё бо саводи худам.  Ва то имруз донишҷӯ ҳастам ».

Дар ҳамин  ҳол Раъно Акаҷонова муаллимаи яке аз мактабҳои  шаҳри Душанбе мегӯяд, ки имрӯзҳо  бештари хонандагон дар макбаҳои миёна ба он такя менамоянд ки волидонашон баъди хатми синфи 11 онҳоро бо маблағи калон ба Донишгоҳҳо дохил менамоянд.  

 «Ҳозир ҷавонон боварӣ доранд, ки баъди хатми мактаби миёна  падару модарашон бо роҳҳои гуногун ба донишгоҳҳо дохил мекунанд барои ҳамин хуши хондани надоранд. »

Фируз Саидов корманди Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки сабаби асосии кам шудани дорандагони медали  тиллои байни хатмкунандагон дар мактабҳои миёна он аст ки таи  чанд соли охир  ҷавонон, дарк намудаанд, ки новобаста аз саводи кофӣ  доштан барои  дохил шудан ба макотиби  олӣ маблағи зиёд  масраф мегардад. Ӯ мегӯяд ин боиси он шудааст ки таваҷуҳи хонандагон барои дарёфти медали тилло ё шаҳодатномаи сурх кохиш ёфтааст.
«Бисёр бачаҳои балаёкатманд медонанд, ки оилаи онҳо барои хониши онҳо маблағ  надоранд, хуши хондан надоранд. Барои ҳамин медонанд, ки бо медал ва хубу аъло тамом кунанд  агар  маблағ надошта бошанд  дар мактабҳои олӣ таҳсил карда наметавоаннд.  Бояд ки Вазорати маориф як гурӯҳи махсусро ташкил кунанд дар ноҳияҳо  бачаҳои лаёкатманде ки ҳаст  новобаста аз сатҳи зиндагии онҳо,  интихоб намуда ба мактаби олӣ оранд ва онҳо бояд бе пул хонанд.  Барои ки фақат бо маблағ хондан дар оянда мо метаовнем, ки  донишҷӯёни мактаби миёнае ки лаёқатманд ҳастанду хоҳиши хондан доранд онҳоро гум карда метавонем. »

Бояд гуфт  вазири маорифи Тоҷикистон    дар нишасти хабарии охири худ  эълон   карда буд, ки  зимни як тадқиқоти махсус муайян шудааст  сатҳи дониши   донишчуён панҷоҳ  дар сад коҳиш ёфтааст.  Инҳам дарҳолест, ки соли 2010 соли маориф ва фарҳанги техники эълон гардидааст.

Фикри худро нависед!

Хоҳишмандем тавзеҳоро оид ба мавзӯъ нависед.

Шумо метавонед барчаспҳои зеринро истифода баред:
<a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>