Воридоти орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфт
Роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, воридоти гандум ва орд ба бозорҳои кишвар коҳиш ёфта, арзиши он, тайи чанд рӯзи охир то ба 23 дарсад афзоиш ёфтааст. Қазоқистон, ки яке аз кишварҳои содиркунандаи орд ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад, нархи орду гандум дар ин кишвар низ 20 дарсад боло рафтааст.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар соли гузашта дар як ҷаласа аз ҳукумати кишвар даъват ба амал овард, ки барои коҳиш додани нархи орд ва гандум аз 10 то 20 дар сад андозро аз арзиши иловагӣ ҳангоми ворид намудани ин намуди маҳсулот кам кунад. Масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хамзамон яке аз иллатҳои кам ворид шудани орду гандум ба бозорҳои Тоҷикистонро ба анҷом ёфтани кишт ва ҷамъоварии гандум дар кишварҳои ҳамсоя марбуд донистанд. Ба навиштаи расонаҳои хабарӣ дар бештари кишварҳое ки Тоҷикистон аз онҳо орд ворид мекунад қиммати ин навъи маҳсулот боло рафтааст. Аз ҷумла дар кишвари Қазокистон , 20 % нархи гандум ва орд гарон шудааст. Дар ҳамин ҳол намояндагони Вазорати Рушди Иқтисод ва савдои кишвар мегӯянд феълан Тоҷикистон маҳсулоти ғалладонаро бештар аз Россия ва Қазокистон ворид мекунад. Нуралӣ Шоҳқурбонов сухангӯи вазорати мазкур гуфт, ки таи шаш моҳи охир 31,8% гандум ва 25,8 дарсад орд аз хориҷ ба Точикистон кам ворид шудааст.
«То якуми июни соли ҷорӣ ба ҶТ 122,5 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 142 доллари ИМА барои як тонна ва 124,6 ҳазор тонна орд бо нархи миёнаи 221 доллар барои як тонна ворид карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта гандум 31,8% ва орд 25,8 % камтар ворид шудааст. »
Дар ҳамин ҳол хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон итилоъ медиҳад ки барои поён овардани нархи орд дар Тоҷикистон як комисияи вижае аз сӯи вазорату идораҳои зиддахл ташкил карда шудааст. Бояд гуфт нархи як халта орд дар бозорхои Тоҷикистон аз 90 то ба 110 сомонӣ баробар шудааст. Масъулини хадамоти зидиманаполии кишвар ҳамчунин эълон кардааст ки хушксолӣ дар кишвари Қазокистон ба афзоиши нархи гандум ва орд дар Тоҷикистон таъсир расонидааст. Евгений Ган, намояндаи Шӯрои осёби ордистеҳсолкунии Қазоқистон зимни мусоҳиба ба расаонаҳои хабарии кишвараш гуфтаст ки соли ҷорӣ ба ғайр аз шаҳрвандони Қазоқистон барои содир кардан ба дигар кишвархо аз ҷумла Тоҷикистон расидагӣ карда наметавонанд. Рустам Мирзошоев намояндаи хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд барои арзон кардани нархи орд ва гандум дар бозорҳои кишвар, хадамот иқдомоте рӯи даст хоҳад гирифт:
«Чихеле ки маълум аст, дар ду ҳафтаи охир болоравии нархи гандум дар бозори ҷаҳонӣ ба андозаи 18% таъсири худро ба ташаккулёбии нархи гандум дар бозори дохилӣ расонид. Сабаби асосӣ хушксолӣ мебошад. Таҳлилҳои мо дар давраи соли 2010 дар ҶТ ба миқдори 917,1 ҳазор тонна истеҳсоли гандум пешбинӣ гардидааст, ки 6 % аш барои истеъмолот равона мегардад.»
Чанде пеш парлумони кишвар ба қонуни марбута дар бораи коҳиш додани андоз барои воридоти орд тағйирот ворид намуд. Бояд гуфт бар асоси омори мавҷуда, Тоҷикистон солона ба 1 милиону дусад ҳазор тон гандум ниёз дорад, ки дар дохили кишвар танхо 50 дарсади он тавлид мешавад. Боқимонда орду гандуми ниёзи хешро Тоҷикистон аз хориҷа, бахусус Россияву Қазоқистон ворид мекунад. Қазокистон ки аз ҷумлаи даҳ кишвари бузурги чаҳон аз лиҳози содироти орду гандум ба хисоб меравад дар соли 2009 миқдори рекордӣ 21 млн тонна гандум ҷамъоварӣ намуда ва 8,3 млн тонна гандуму ордашро ба бозори ҷахони ба фурӯш гузошта буд. Бояд гуфт воридоти орд ба Тоҷикистон аз дигар кишварҳо нисбат ба соли сипаришуда коҳиш ёфта ва то аввали моҳи июни соли ҷорӣ- 122,5 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 142 доллар барои як тонна ва 124,6 ҳазор тонна орд бо нархи миёнаи 221 доллар ворид карда шудааст.
Фархунда Шарифзода



Фикри худро нависед!