Раиси “Агроинвестбонк”бо 200ҳзр $ ғайб зад
Дар ин бора Муҳиба Маҳмадҷонова, роҳбари маркази тамоси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» иттилоъ дод. Сомонаи иттилоотии «Авесто» бо такя ба сарчашмаҳояш навиштааст, ки ҳамроҳ бо Темиров 200 ҳазор доллари бонк низ ғайб задааст.
Раиси филиали «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилхон Темиров ҳудуди се ҳафта мешавад беному нишон гаштааст.
Ба иттилои Муҳиба Маҳмадҷонова, роҳбари маркази тамоси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» Исмоилхон Темиров аз 17 июл ба ин су ғоиб буда, дар манзили зисташ низ ӯро пайдо накарданд. Дар робита ба ин масъулони «Агроинвестбонк» ба прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудаву қазияи тафтишӣ аз ҷониби кормандони прокуратура идома дорад. Вале аз додани маълумот дар робита ба хабари сомонаи «Авесто» оид ба ғайб задани 200 ҳазор доллари бонк масъули Агроинсетбонк худдори кард.
Дар ҳамин ҳол, Татяна Ракушина, раиси депаратменти молияи Асотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон сабаби ассосии аз бонкҳо ғайб задани маблағро ба интихоб ва таъини кадрҳо марбут медонад:
«Хамаи шахсоне, ки дар соҳаи бонк ба кор гирифта мешаванд бояд аз имтиҳон гузранд, ки то кучо онҳо метавонад бо маблағи зиёд кор кунанд. Фактори одам ҳамин аст, ки агар дар дасташ маблаги зиёд бошад ҳар вақт бар он фирефта мешавад”.
Чунин ҳодиса соли гузашта дар филиали бонки «Эсхата» дар Чкаловски вилояти Суғд ба вуқӯъ пайваст. 13 июли соли 2009 директори ин филиал Зулфиқор Азизов ва баъдан Хуршедхон Қосимов, мутахасиси калони шӯъбаи қарздиҳии ин бонк низ ғайб заданд.
Шуҳрат Қудратов, ҳуқукшиноси консорсиуми юридикии Тоҷикиситон яке аз сабабҳои ғайб задани раисони филалҳои бонкро дар суистифода аз ваколати хидмати арзёби кард.
Ба ин маънӣ, ба гуфтаи ҳуқукшинос, агар раиси филиали «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ бо худ 200 ҳазор доллари бонкро бурдааст, дуздии моликияти корхона маҳсуб мешавад, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҷазо дорад. Илова ба ин Қудратов мегӯяд, тибқи қонунгузорӣ, агар ғайб задани Темиров бе сабабҳои узрнок бошад, аллакай вай дигар раиси ин бонк нест.
Қонунгузории Тоҷикистон барои коргаре, ки ба корхона зарари молӣ мерасонад, ҷавобгарӣ муайян кардааст. Тибқи моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, азони худкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр, ки ба гунаҳкор бовар карда супурда шудааст, агар бо истифодаи ваколати мансабдорӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Аммо ҳанӯз сабабҳои ғайбзании раиси филиали Агроинвестбонк дар ноҳияи Рӯдакӣ маълум нест ва ҳамчунин дар мавриди маҳз ба ғайбзании вай вобаста будани 200 ҳазор доллари гумшудаи бонк низ маълумот дода намешавад.



Фикри худро нависед!