Асосӣ » Бояд хонд

Сохтмони роҳи оҳан, хотима ба вобастагӣ аз Ӯзбекистон

31 июль 2010 374 нафар хонданд Тавзеҳот нест

 Ҳукумати Тоҷикистон аз Хитой дархост намудааст, ки барои сохтмони роҳи оҳан миёни ду кишвар иқдомоте рӯи даст гирад. Ба иттилои вазорати нақлиёт ва комуникатсияи Тоҷикистон интизор меравад сохтмони роҳи оҳан миёни ду кишвари ҳамсарҳад дар наздиктарин фурсат оғоз гардад. Гуфта мешавад бо ин тартиб Тоҷикистон мехоҳад вобастагии худро аз Ӯзбекистон тариқи роҳи оҳан хотима диҳад.

 

Намояндагони вазорати нақлиёт ва комуникатсияи Тоҷикистон гуфтанд, ки Тоҷикистон дар паи кушодани роҳҳои алтернативии нав барномаҳои мушаххасе рӯи даст гирифтааст. Олимҷон Бобоев, Вазири нақлиёт ва комуникатсия мегӯяд, таи чанд соли охир  Тоҷикистон  аз вобастагии Ӯзабекистон барои роҳҳои автомобили раҳо шудааст. Ба гуфтаи номбурда  тавассути Афғонистон роҳҳое бунёд шудааст ки тоҷирон ва соҳибкорон аз он ба таври васеъ истифода мебаранд ва дар ин замина ягон монеае пеш нахоҳад омад. Бобоев гуфт ҳамакунун Тоҷикистон ният дорад тавасути Чин роҳи оҳан бунёд намуда вобастагияшро аз Ӯзбекистон хотима диҳад. Вазир ҳамчунин афзуд, ки барои таҳияи тарҳи иқтисодиву фаннии роҳи оҳани Панчи Поён – марзи Қирғизистон Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ё “ЭКО “ як миллион доллар кӯмак хоҳад кард.

Олимҷон Бобоев вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон мегӯяд, ду ширкати Малайзиягӣ мехоҳанд ба ин лоиҳа низ сармоягузорӣ намояд. Гуфта мешавад феълан ин ду ширкат дар Ҷумхурии Исломии Эрон машғули сохтмони роҳи оҳан мебошанд. Ба гуфтаи вай, ду ширкати мазкур, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ба ҷониби Тоҷикистон 2 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунанд. Ин роҳи оҳан ҳудуди 12 ҳазор километр дарозӣ дорад, ки аллакай сохтмони ҳудуди 500 километри ин роҳро давлати Чин анҷом додааст. Қисмати Афғонистонро бошад, гуфт Бобоев,  Бонки Рушди Осиё анҷом медиҳад. Дар ҳамин робита мақомоти роҳи оҳани Қошғар—Ҳирот бо ин масир рафтуо ва доду гирифити молу маҳсулот миёни Тоҷикистон Афғонистон ва давлати Чин маҳдуд намешавад, балки баръакс иқтисоди ин се кишвар рушд мекунад. Ба бовари баъзе мутахассисони соҳа, роҳи оҳани Қошғар—Ҳирот, агарчи тарҳи умумист танҳо ба манфияти Тоҷикистон набуда, балки дар оянда  аз он давлати Ӯзбекистон ва Россия низ метавонад истифода баранд. Бояд гуфт  роҳи оҳани мазкур шаҳри Кошғари Чинро бо минтақаи  Ҳироти Афғонистон мепайвандад. Интизор меравад ин роҳ тавассути як роҳи оҳани дигар Эронро низ пайванд намояд.

Бояд гуфт, роҳи оҳани Қошғар то ба Ҳирот 1972 километр дарозӣ дорад, ки аз қаламрави Қирғизистон ва Тоҷикистон убур мекунад. Ёдовар мешавем таи ду соли охир Ӯзбекистон барои воридоту содирот ба Тоҷикистон дар қаламараваш монеа мекунад.  Ва охиран Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ошкоро гуфт, ки сабаби монеагузориаш, хотима гузоштан ба сохтмони неругоҳи Роғун аст. Дар ин замина Олимҷон Бобоев мегӯяд, Ӯзбекистон ба ҳамакнун дубора ба муҳосира гирифтани қатораҳо шурӯъ кард. Тибқи иттилои корхонаи роҳи оҳани Тоҷикистон таи шаш моҳи соли равон Тоҷикистон аз нигоҳдории вагонҳои пурбор дар Ӯзбекистон 10 милион доллар зарар дидааст.

Фикри худро нависед!

Хоҳишмандем тавзеҳоро оид ба мавзӯъ нависед.

Шумо метавонед барчаспҳои зеринро истифода баред:
<a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>