Лоиҳаи Қонуни нав ё тағйиру иловаҳо?ВАО не, ВИО дурусттар аст
Баҳс
«Дар омади гап: матни Лоиҳаи Қонун на аз ягон идораи нашрия, на аз Иттифоқи журналистон ва ё дигар созмони касбӣ, балки … аз яке дафтари мақомоти идораи ҳокимияти давлатӣ ба даст омад. Шояд вакилони мӯҳтарам фикру мулоҳизоти кормандони мақомоти давлатиро ҳангоми баррасии пешакии Лоиҳа аз фикру мулоҳиза ва дархосту пешниҳодоти журналистон – онҳое, ки фаъолияти ҳамарӯзаашон ба ҳарфу нуктаҳои ин қонуни соҳавӣ вобаста аст, афзалтар ҳисобидаанд.»
Ниҳоят, матни Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” бо муаллифии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ О, Салимзода ва А. Фелалиев дастрас гардид.
Тавре аз вокуниши аввалини рӯзноманигорон ба Лоиҳаи мазкур бармеояд, тарҳи омодасохтаи вакилони мӯҳтарам бо вуҷуди ибтикори саривақтиашон, дархӯри дархосту интизориҳои ҷомеаи журналистӣ нест.
Маркази татқиқоти журналистии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои соҳавӣ тасмим гирифт баррасии ҷамъиятии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” – ро дар саҳифаҳои ҳафтаномаи “Фараж” ба роҳ монад.
Мутахасссисони соҳа, рӯзноманигорон, алоқамандону хонандагони нашрия, ҳамаи онҳоеро, ки вазъи ҷорӣ ва ояндаи матбуоти миллӣ барояшон бетафовут нест, даъват менамоем дар баҳс фаъолона ширкат дошта бошанд.
Ҳамчунин, дар ҳамин робита созмони журналистии Медиа Алянсси Тоҷикистон тасмим гирифтаастто Лоиҳаи алтернативии Қонуни мазкурро омода намояд, ки ҳангоми омодасозии он ба назар гирифтани ин эродҳо Лоиҳаро пурратар менамояд.
Як тан аз муҳаққиқони журналистикаи муосир, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист”, рӯзноманигор, яке аз муаллифони Қонуни ҶТ “дар бораи матбуот ва дигар ВАО” дар соли 1990 Қироншоҳи Шарифзода бо нахустмақолаи силсила ба баҳс ҳусни ифтитоҳ мебахшад.
ВАО не, ВИО дурусттар аст
Дар омади гап: матни Лоиҳаи Қонун на аз ягон идораи нашрия, на аз Иттифоқи журналистон ва ё дигар созмони касбӣ, балки … аз яке дафтари мақомоти идораи ҳокимияти давлатӣ ба даст омад. Шояд вакилони мӯҳтарам фикру мулоҳизоти кормандони мақомоти давлатиро ҳангоми баррасии пешакии Лоиҳа аз фикру мулоҳиза ва дархосту пешниҳодоти журналистон – онҳое, ки фаъолияти ҳамарӯзаашон ба ҳарфу нуктаҳои ин қонуни соҳавӣ вобаста аст, афзалтар ҳисобидаанд.
Номи Қонун бетағйир буда, ба истиснои чанд иловае шакли зоҳирии он низ ба мисли пештара аст: аз 6 боб ва 40 модда иборат мебошад.
Яке аз иловаҳои чашмраси Лоиҳа аз Шарҳи мафҳумҳои асосӣ, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд, (Моддаи 1) иборат аст.
Вале мутаассифона, шарҳи чанд мафҳуми муҳим, ки дар Қонун истифода мешаванд ва ҳангоми мурофиаҳои эҳтимолии судӣ мавриди баҳс қарор мегиранд, ба мисли “интернет – журналистика”, “паҳнкунандаи маҳсулоти чопӣ”, “ҷавоб”, “раддия”, “муассис”, “соҳибмулк”, “ахбори расмӣ” аз таваҷҷӯҳи муллифон берун мондаанд.
Ҳоло ки аз мафҳумҳои асосӣ сухан меравад, чанд нуктаи муҳимро вобаста ба ибораҳои ифодагари василаҳои иттилоъпахшкунӣ, ки ба номи Қонун низ дахл дорад, ба баҳс кашиданием. Яъне, “Воситаҳои ахбори омма (ВАО)” нависему бигӯем ё “Воситаҳои иттилооти омма (ВИО)”?
Ҳар ду калима чун шакли ҷамъи калимаҳои “хабар” ва “иттилоъ” буда, маънои хабар додан, баён намудан, огоҳ шудан, воқиф шуданро доранд ва дар мавриди баҳси мо таъиноти воситаҳоеро ифода менамоянд, ки бо мақсади барои омма (истеъмолгарон) ёфтан, таҳияву омода кардан ва пахш намудани ҳама гуна маводи чопӣ ва аудио–визуалӣ фаъолият доранд.
Ҳадаф ва хусусияти ҳамаи ин мавод танҳо аз хабар додан иборат набуда, балки инчунин таҳлил намудан, ба баррасии истеъмолгарон вогузоштан, андешаи онҳоро таҳрик додан ва ниҳоят онҳоро бовар кунонидан ё аз фикрашон гардонидан аст. Дарвоқеъ, ибораи “Воситаҳои ахбори омма” ба забони мо чун тарҷумаи барғалати “Средство масссовой информации”-и русӣ ворид гардид. Дар ибораи русӣ калимаи “информация” тибқи “Словарь русского языка” (Ожегов С.И) барандаи маънои «маълумот дар бораи муҳити фарогир ва равандҳои дар он ҷараёндошта» аст, на «маълумот, чизе ки хабар дода мешавад» (ахбор).
Тамоили ҷолиби поксозии забони миллиамон аз иллати тарҷумазадагӣ тақозо дорад, ки дар ҳолати вуҷуд надоштани калимаи аслии тоҷикӣ ё муродифи он, истилоҳот, калимаю ибораҳои ифодагари мафҳумҳои соҳавӣ мувофиқи таъиноти аслиашон истифода гарданд. Дар ин ҷо имкон дорад даъвое низ пеш ояд, ки пас, чаро чун ҳамзабононамон ибораи «васоили иртиботи ҷамъӣ» ё “расонаҳои гурӯҳӣ” – ро истифода набарем?
Дар ҷавоб ба баҳс напардохта, мухтасар гуфтанием, ки ин ҳар ду ибора низ бинобар аслан бегона будани мавриди мазмун (объект) ба мисли “воситаҳои ахбори омма” – и мо тарҷума аз забони ғайр буда, таъиноти ВИО – ро дар худ намеғунҷонанд.
Модоме мо дар бораи Қонуни асосии соҳавӣ ва мафҳумҳои фарогири он сухан меронем, дурустӣ ва зарурати дар нисбати воситаи журналистика истифода бурдани ибораи «воситаҳои иттилооти омма” – ро номи қонунҳои соҳавии солҳои охир қабулшуда “Дар бораи итилоотонӣ” (с.2001, 6 август), “Дар бораи иттилоот” (с.2002, 10 май), “Дар бораи ҳифзи итилоот” (с.2002, 2 декабр), “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” (с.2008, 18 июн) низ собит месозанд, ки объектро на ҳамчун “ахбор”, балки “иттилоот” таъкид намудаанд.
Манфиати тағйир додани ин ибораи ифодагари василаи журналистика дар назария ва амалияи журналистика низ равшан аст. Калимаи “ахбор” чун маҷмӯи хабарҳо, яъне огоҳ намудан аз рӯйдоду навигариҳо ба истифодаи ин вожа дар шакли танҳояш, бо мақсади таъкиди жанри муайяни “хабар” ишора намояд, ҳангоми таснифи жанрҳои публитсистӣ “ахбор” дар таркиби ибораи “жанрҳои ахборӣ” барои ифодаи мансубияти як гурӯҳи жанрҳо хизмат мекунад. Пас, масалан, гуфтанӣ ё навиштанӣ бошем, ки “хабар чун жанре аз гурӯҳи жанрҳои ахборӣ дар воситаҳои ахбори омма серистеъмол аст”, магар такрори калима ҳамчун ифодагари мафҳум, то куҷо хушоянд аст?
Дар адабиёти илмӣ ва илмию оммавӣ низ солҳои охир истифода шудани ибораи «воситаҳои иттилооти омма” ба ҷойи “воситаҳои ахбори омма” (дар асарҳои тарҷумавии “Воситаҳои иттилооти омма ва интихобот”, тарҷумаи Абдураҳмон Абдуманнонов, Д., 2004; “Таҳқиқоти журналистӣ: усулҳои муосир ва техника”, тарҷумаи Асадулло Саъдуллоев ва Абдураҳмон Абдуманнонов, Д.,2004) далолат медиҳад, ки аҳли назар барои ислоҳи иллати тарҷумазадагии забон кӯшиш доранд ва сараро аз носара ҷудо кардан мехоҳанд.
Ҳамин тавр, “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои иттилооти омма” навиштани номи Қонуни “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва ба ибораи “воситаҳои иттилооти омма” тағйир додани мафҳуми “воситаҳои ахбори омма” дар матни он ба мақсад мувофиқ буда, имкон медиҳад минбаъд саҳви мавҷуда ислоҳ гардад.
Қироншоҳи Шарифзода
“Фараж”, №33 (200), 18 августи с.2010.



Фикри худро нависед!