Асосӣ » Асосӣ, ВИО

Лоиҳаи нав ё Қонуни кӯҳна?

19 август 2010 239 нафар хонданд Тавзеҳот нест

 

Матни Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” (муаллифон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Олимҷон Салимзода ва Акрамшо Фелалиев)– ро ба таваҷҷӯҳи Шумо, алоқамандони сомонаи jomea.tj пешкаш менамоем.

Тавре аз вокуниши аввалини рӯзноманигорон ба Лоиҳаи мазкур бармеояд, тарҳи омодасохтаи вакилони мӯҳтарам бо вуҷуди ибтикори саривақтиашон, дархӯри дархосту интизориҳои ҷомеаи журналистӣ нест.

Аз ин ҷо, мутахасссисони соҳа, рӯзноманигорон, алоқамандону хонандагони нашрия, ҳамаи онҳое, ки вазъи ҷорӣ ва ояндаи матбуоти миллӣ барояшон бетафовут нест, метавонанд фикру мулоҳиза, дархосту пешниҳодоти хешро вобаста ба Лоиҳаи Қонун дар саҳифаҳои сомона ва нашрияи дилхоҳи худ иброз доранд.

 

 

ЛОИҲА

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ МАТБУОТ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

 

Конуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ва шаклҳои дастгирии онҳоро аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои мутақобилаи онҳоро танзим менамояд.

 

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- матбуот – воситаи чопии ахбор. Маъмулан ба сифати матбуот воситаҳои чопии даврӣ – рўзнома, маҷалла фаҳмида мешаванд, ки дар давраҳои муайян, ҳар рўз, ҳафтае як бор ё чанд бор, моҳе як бор ё чанд бор чоп мешаванд;

- ахбори омма – хабарҳо ва маводи чопӣ, садоию симоӣ ва дигар хабару маводе, ки барои доираи номаҳдуди одамон пешбинӣ гардида, дорои маълумот ва (ё) ақидаҳо дар бораи одамон , ашё, фактҳо, воқеаҳо, падидаҳо, равандҳо ва инчунин ақидаҳо дар бораи онҳо мебошад;

- воситаи ахбори омма -  василаҳои паҳнкунандаи ахбор барои омма – нашрияи даврии чопӣ, радио, телевизион, видео, аудио, кинохроника, агентии иттилоотӣ, интернет-журналистика;

- нашрияи даврии чопӣ –  рўзнома, маҷалла, солнома, бюллетен, дигар тарзи пахши даврии иттилооти омма дар намуди чопӣ, ки номи доимӣ, рақами ҷорӣ дорад ва солее на кам аз як маротиба нашр мешавад;

- воситаҳои электронии ахбор – иборатанд аз телевизион, радио, кино, интернет-журналистика. Махсусияти онҳо ин аст, ки навигарӣ ва ақидаро бо истифодаи садов а симо баён мекунад ва нисбат ба воситаҳои чопии ахбор сареътаранд;

- оҷонсии иттилоотӣ – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки фаъолияти асосии он  ҷамъоварӣ ва фавран паҳн намудани навигариҳо ва дигар маводе мебошад, ки бештар барои редаксияҳои ахбори омма пешниҳод гардидааст;

- воситаҳои иттилоотии  шабакавӣ – воситаҳои ахбори оммаи тибқи Қонуни мазкур сабти номшуда, ки маҳсулоташон тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ чунон паҳн мегарданд, ки муштариёни шабака метавонанд ба он аз ҳар ҷо, дар ҳар вақт аз рўи интихоби хеш дастрасӣ дошта бошанд;

- редаксияи воситаи ахбори омма – шахси ҳуқуқӣ, бахши махсусгардондаи он ё шаҳрванд, иттиҳодияи шаҳрвандон, ки истеҳсол ва нашри воситаи ахбори оммаро амалӣ мегардонанд;

- сармуҳаррир – шахсе, ки идораро (новобаста аз шакли моликияташ) сарварӣ менамояд ва (ё) нисбат ба истеҳсолу нашри воситаи ахбори омма қарорҳои ниҳоӣ қабул мекунад;

- журналист -  шахси воқеиест, ки аз рўи шуғли касбӣ ба ҷамъоварӣ, таҳрир, омода, танзим ва паҳн кардани матолоиб тавассути воситаҳои ахбори омма машғул аст. Тавассути қарордоди меҳнатӣ ё дигар муносибатҳои қарордодӣ бо идораи воситаи ахбори омма алоқаманд аст ва аз рўи ваколати он ба чунин фаъолият машғул аст ё узви иттиҳодияи касбии журналистон мебошад;

- ношир – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки нашри нашрияи чопии давриро амалӣ мегардонад, аз ҷумла ҷиҳатҳои ташкилӣ, молиявию техникӣ, технологӣ ва дигар таъминоти нашри онро ба ўҳда дорад;

 

аккредитатсия – эътирофи расмии салоҳияти касбии журналист дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ё муассисаҳои маҳдуд.

 

   Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи. 3. Озодии матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма

 

1. Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.

2. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад фикру ақидаашро озодона байн кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд. Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.

 

Моддаи 4. Забони воситаҳои ахбори омма

 

1. Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба забони давлатӣ ва ба забонҳои дигар тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

2. Давлат ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифодаи забони модарӣ ва забонҳои дигари халқҳои ҷумҳурӣ ҳангоми дастрасу интишори ахбори омма таъмин менамояд.

 

Моддаи 5. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма

 

1. Идораи воситаҳои ахбори омма шахси ҳуқуқи буда, дар асоси оинномаи худ амал мекунад.

2. Идора ҳақ дорад фаъолияти истеҳсолию хиҷагиашро аз рўи шартҳои мустақилияти иқтисодӣ ва ҳисоби хоҷагӣ ба роҳ монад.

3. Тартиби аз тарафи давлат ба воситаҳои ахбори омма расондани кўмаки молиявӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 6. Воҷибии ахбор додан.

 

Ташкилотҳои давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро диҳанд.

 

Моддаи 7. Роҳ надодан ба сўистифода аз озодии сухан.

 

1. Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зўран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мекунад, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, ҷанг, зулму зўроварӣ, терроризм бо ҳамаи зуҳуроташ, хусумати нажодию миллӣ ва маҳаллию динӣ, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)-ро таблиғ мекунад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд, манъ аст.

2. Истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурўғин, маълумотҳои тўҳмату иғвоангез, шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, манъ аст.

 

Боби 2. Ташкили фаъолияти воситаҳои ахбори омма

 

Моддаи 8. Ҳуқуқи таъсиси воситаҳои ахбори омма

 

1.  Ҳокимияти маҳаллӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои кооперативӣ ва кооперативӣ, динӣ ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ки мувофиқи қонун таъсис дода шудаанд, коллективҳои меҳнатӣ, ҳамчунин шахсони алоҳидае, ки синнашон ба 18 расидааст, ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд.

2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инҳисори матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма роҳ дода намешавад.

3. Муассиси воситаҳои ахбори омма буда наметавонанд:

- шаҳрвандоне, ки ба сини ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд, ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз қобилияти амал маҳрум шудаанд, ё қобилияти амалашон маҳдуд карда шудааст;

- ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки фаъолияташон мувофиқи қонун манъ карда шудааст;

- шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд.

 

Моддаи 9. Бақайдгирии воситаҳои ахбори омма ва ҳуҷҷатгузорӣ.

 

Бақайдгири воситаҳои ахбори омма ва ҳуҷҷатгузорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амла бароварда мешавад.

 

Моддаи 10. Мавриди бе қайд паҳн кардани ахбор

 

1. Мақомоти ҳокимияту идораи давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, ки ҳуҷҷатҳои меъёрии расмӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, бюллетенҳои маҳкама ва ҳуҷҷатҳои арбитражро чоп мекунанд, ҳуқуқ доранд маълумоти худро бе қайд дар байни омма паҳн намоянд.

2. Корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ҳуқуқ доранд маводҳои ахборӣ ва ҳуҷҷатҳои барои фаъолияташон заруриро бе қайд нашр ва паҳн намоянд. Ба қайд гирифтани фаъолияти бо ёрии воситаҳои техникии чоп, аудио ва аудиовизуалӣ таёр кардани мавод, ки барои дар байни омма паҳн намудан таъин нашудаанд, ё ҳамчун дастнавис нусхабардор карда мешаванд, талаб карда намешавад.

3. Ҳангоми бо теъдоди камтар аз сад нусха нашр гардидани маҳсулоти чопӣ бақайдгирии воситаҳои ахбори омма талаб карда намешавад.

 

Моддаи 11. Рад кардани бақайдгирии воситаҳои ахбори омма.

 

1. Бақайдгии воситаҳои ахбори омма танҳо бо сабаби вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби таъсиси корхонаҳо, ба талабҳои муқарраркардашудае, ки барои сабти ҳуҷҷатҳо заруранд. Мувофиқ набудан ва дар асоси зерин рад карда мешавад:

1) агар номи ахбори омма, мақсад ва вазифаҳои барномавии он ба мазмуну мундариҷаи қисми якуми моддаи 6 Қонуни мазкур мухолиф бошад;

2) агар мақомоти бақайдгиранда пештар бо ҳамин ном ба воситаи ахбори дигар ахбори омма шаҳодатнома дода бошад;

3) агар ариза як сол пеш аз анҷоми рўзи қонунан эътибор пайдо кардани қарори қатъи фаъолияти воситаи ахбори омма пешниҳод шуда бошад.

2. Раддияи қайд дар асоси далелҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ба таври хаттӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 12. Пардохти андоз барои додани шаҳодатномаи қайди воситаҳои ахбори омма

 

Андоз барои додани шаҳодатномаи қайди воситаҳои ахбори омма тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 13. Қатъи фаъолияти табъу нашри воситаҳои ахбори омма

 

1. Фаъолияти табъу нашри виситаҳои ахбори омма дар асосҳои зерин қатъ карда мешавад:

1) бо қарори муассис;

2) бо сабаби барҳам хўрдан ё аз нав ташкил кардани воситаҳои ахбори омма;

3) бо ҳалномаи суд дар ҳолати вайрон кардани талаботи моддаи 6 қонуни мазкур.

 2. Ҳангоми вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур прокурор ё Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расман вайронкунандаи қонунро огоҳ менамоянд, дар сурати такроран вайрон карданашон барои қатъ намудани фаъолияти воситаҳои ахбори омма ба суд муроҷиат мекунад.

 

Моддаи 14. Тартиби шикоят дар ҳолати рад намудани бақайдгирии воситаи ахбори омма ва дар бораи қатъи фаъолияти он

 

1. Муассис ё идораи воситаи ахбори омма дар ҳолати рад намудани қайди воситаи ахбори омма ё аз тарафи мақомоти давлатӣ риоя накардани мўҳлати дар муддати ба қайд гирифтани он, ҳамчун қарор дар бораи қатъи воситаи ахбори омма ба суд шикоят карда метавонад. Суд шикояти онҳоро аз ҷумла баҳсу мунозираро дар бораи моликият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мебарояд.

2. Эътирофи радия дар бораи қайди воситаҳои ахбори омма ё қарор дар бораи қатъи фаъолияти он, ки мухолифи қонун бошад, маънои бекор шудани қарорҳои ба суд пешниҳодшударо дорад. Бекор намудани қарор дар бораи қатъи фаъолияти воситаҳои ахбори омма пардохти зарарҳоеро ба миён меорад, ки ба муассис, идора ва ношир аз ҷумла аз даромадҳои нагирифтааш ворид шудааст.

 

Моддаи 15. Муассис, муҳаррир, идора ва ношири воситаи ахбори омма

 

1.   Муассис барномаи (принсипҳои асосии) фаъолияти воситаи ахбори оммаро тасдиқ менамояд. Идора ё дигар муассисе, ки воситаи ахбори оммаро нашр мекунад, барномаро мувофиқи маҳорати касбиаш мустақилона дар амал татбиқ менамояд.

2. Муҳаррир (сармуҳаррир) аз тарафи тасдиқкунандаи воситаи ахбори омма таъин ва аз кор озод карда мешавад ва ё мувофиқи тартиби пешбиникардаи оинномаи идора интихоб ва аз кор озод мегардад.

3. Муҳаррир (сармуҳаррир) ба фаъолияти ҳайати таҳририя ва идораи воситаи ахбори омма роҳбарӣ карда, манфиатҳои онро дар назди муассис, ношир, муаллифон, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ва худи шаҳрвандон, ҳамчунин дар маҳкама ҳимоя менамоянд.

4. Муҳаррир (сармуҳаррир) дар асоси Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои иҷрои талаботе, ки ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма пешниҳод шудаанд, масъул мебошад.

5. Ҳайати таҳририя мувофиқи тартиби пешбиникардаи оинномаи идораи воситаи ахбори омма ташкил карда мешавад. Муҳаррир (сармуҳаррир) раиси ҳайати таҳририя мебошад.

6. Муассис, ҳамчунин нашриёт ё дигар шахси ҳуқуқие, ки воситаи ахбори оммаро бо маводи моддию техникӣ таъмин менамояд, ношири он буда метавонад.

 

Моддаи 16. Оинномаи воситаи ахбори омма

 

1. Оинномаи идораи воситаи ахбори омма дар маҷлиси умумии коллективи журналистон бо аксарияти овозҳо дар ҳозирии аз се ду қисми ҳайти кормандон қабул карда мешавад ва муассис анро тасдиқ менамояд.

2. Оинномаи идора муносибатҳои таъсискунанда, муҳаррир (сармуҳаррир), идораи воситаи ахбори омма ва салоҳияти коллективи журналистонро муайян менамояд. Ба он қоидаҳои тартиби тақсим ва хароҷоти даромаде, ки аз фаъолияти ахбори омма ба даст меояд ва дигар қоидаҳо дохил карда мешавад.

3. Оинномаи идораи воситаи ахбори омма набояд ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошад.

 

Моддаи 17. Муносибатҳои ситеҳсолию молӣ ва пули идора, муассис ва ношири воситаи ахбори омма

 

1. Муносибатҳои истеҳсолию молӣ ва пули идора, муассис ва ношири воситаи ахбори омма мувофиқи қонунҳои мавҷуда ва шартнома муқаррар карда мешаванд.

2. Шартнома нуқтаҳои зеринро дар бар мегирад:

- маблағҳои барои фаъолияти идора пешбинишуда;

- қисми даромад (фоида), ки аз фаъолияти воситаи ахбори омма ба даст омада, ба ихтиёри идора, муассис ва ношир и он гузошта мешавад;

- ўҳдадориҳои муасси ва ношир дар бораи муҳайё кардани шароити истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва маишии кормандони идора.

 

Моддаи 18. Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи муаллиф

 

1. Воситаҳои ахбори омма ҳангоми истифодаи маводҳо бояд қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи муаллиф риоя кунанд.

2. Аз тарафи як муаллиф аз худ намудани (дуздидани) асари муаллифи дигар манъ аст.

 

Моддаи 19. Маълумотномаи воситаи ахбори омма

 

1. Ҳар як шумораи воситаи ахбори омма бояд маълумотҳои зерин дошта бошад:

- номи нашрия;

- муассис;

- ному насаби муҳаррир (сармуҳаррир);

- рақами тартибии шумора ва санади ба табъ расидани нашрияи даврӣ, барои рўзнома бошад, ҳамчунин рўзи ба чоп имзо шуданаш;

- индекс барои нашрияҳои даврие, ки тавассути дуконҳои алоқа фурўхта мешаванд;

- адади нашр;

- нарх (дар мавриди ба нархи тиҷоратӣ фурўхта нашрия);

- нишонии идораи нашрия, ношир, матбаа;

- рақами шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва номи мақоме, ки онро додааст.

2. Идораи телевизион ва радиошунавонӣ ҳангоми оғози ҳар як барнома ва дар мавриди муттасил намоиш додан ва шунавондани барнома ҳар шабонарўз камаш чор бор номи идраи телевизион ва радиоро бояд эълон намояд.

 

Моддаи 20. Нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмӣ

 

1. Нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, баъди ба табъ расидан аз ҷониби муассисон, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзи чоп шудан фавран ба идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор фиристода мешаванд.

2. Нусхаҳои назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шуда, дар хориҷи кишвар чоп мешаванд, ҳамчунин ба дигар идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор фиристода мешаванд.

3. Феҳристи муассисаҳои ҷумҳуриявиро, ки бояд нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти давриро гиранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 21. Интишори воситаҳои ахбори омма

 

1. Маҳсули воситаи ахбори оммаро бевосита нашр ё дар асоси шартнома ва ё дигар воситаи қонунӣ муассисаҳои алоқа, ҳамчунин шаҳрвандон паҳн мекунанд.

2. Бе нишон додани маълумотнома паҳн кардани маҳсули воситаи ахбори омма манъ аст.

3. Мамониати интишори қонунии маҳсули воситаи ахбори омма, ҳамчунин пурра ё қисман мусодира намудани он, агар оид ба он қарори суд мавҷуд набошад, манъ аст.

4. Ташкилотҳои интишоркунандаи нашрия ҳуқуқ надоранд, ки бо сабабҳои мухолифати андешаҳои сиёсӣ аз паҳн намудани он даст кашанд.

 

Моддаи 22. Нигоҳ доштани нусхаҳои ахбории паҳншуда

 

1. Ношир дастхатҳо ва нусхаҳои ба табъ расидаро бояд баъди интишор шуданаш на камтар аз як сол маҳфуз дорад.

2. Идораҳои телевизион ва радио бояд маводҳои барномаҳоро таи як моҳи баъди нашр шуданашон нигоҳ доранд, дафтари қайди барномаҳоеро, ки бидуни сабти пешакӣ нашр мегарданд, дошта бошанд, ки дар он мавзўи барнома, сана, вақти оғозу анҷоми нашр, ному насаби баранда қайд карда мешавад. Дафтари қайди чунин барномаҳо таи як сол аз рўзи сабти охирин ҳифз мегардад.

 

Моддаи 23. Ҳуқуқи раддия ва ҷавоб

 

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳақ доранд аз воситаҳои ахбори омма барои нашр кардани маълумоти аз ҳақиқат дур ва шаъну шарафи онҳоро пастзананда раддия талаб намоянд.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки воситаҳои ахбори омма дар барои онҳо маълумоти ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашонро пастзананда нашр намудааст, ҳақ доранд дар худи ҳамон воситаҳои ахбори омма ҷавоби худро нашр кунанд.

3. Идора вазифадор аст, ки ҷавобро ба табъ расонад. Таҳрири матни ҷавоб ва шарҳи редаксия манъ аст.

4. Раддия ё ҷавоб бояд дар бахши махсус ё ки дар ҳамон саҳифа бо ҳамон ҳуруфе чоп шавад, ки маълумоти радшаванда ба табъ расида буд: дар рўзномаҳо на дертар аз ду ҳафтаи баъди рўзи талаб намудан ва дар дигар нашрияҳои даврӣ дар шумораи навбатӣ.

5. Раддия ё ҷавоб аз тарафи наттоқи радио ё телевизион дар ҳамон барнома ё силсилаи намоишҳо, дар айни замон на дертар аз ду ҳафтаи баъди рўзи талаб намудан, хонда мешавад. Худи шаҳрванд ё намояндаи ташкилоте, ки ҷавобро талаб намудааст, ҳамчунин ҳақ дорад бо ҷавоб баромад кунад.

 

Моддаи 24. Ахбори расмӣ

 

1. Воситаҳои ахбори омма, ки мақомоти ҳукуматӣ ва идораи давлатӣ таъсис додааст, вазифадоранд, ки ахбори расмии ин мақомотро чоп кунанд.

2. Идораи нашрия вазифадор аст қарори суд ё худ мақомоти арбитражи давлатиро, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва дар бораи дар ҳамон воситаи ахбори омма чоп кардани қарор дастур дорад, бе пул ва дар мўҳлати муқарраршуда чоп намояд.

 

Моддаи 25. Аз тарафи суд дида баромадани ариза оид ба нашри раддия ё ҷавоб

 

1. Дар сурати аз трафи воситаи ахбори омма рад кардани чопи раддия ё ҷавоб ва ё риоя накардани мўҳлати дуҳафтаинаи барои нашри чунин мавод муқарраршуда, шаҳрванд ё ташкилоти манфиатдор ҳақ дорад дар муддати то як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиҳат намояд.

2. Суд аризаро дар бораи аз тарафи идораи воситаи ахбори омма чоп кардани раддия ё ҷавоб мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

 

Боби 3. Муносибати воситаҳои ахбори омма бо шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

 

Моддаи 26. Ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот

 

1. Шаҳрванд ҳақ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма фавран дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор иттилооти аниқ  ба даст орад.

2. Воситаҳои ахбори омма, ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ба воситаҳои ахбори омма муълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам мекунанд.

3. Ташкилотҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма муълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омўзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мўҳлати на бештар аз се рўзи кории бади муроҷиҳат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд.

4. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд, ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии марбут ба фаъолияташон, ки омўзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мўҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рўзи чопи (пахши) он ба воситаҳои ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд.

5. Агар онҳо аз додани маълумот саркашӣ намоянд, намояндаи воситаҳои ахбори омма ба мақомоти боло ё худ ба шахси мансабдор ва баъд мувофиқи нуқтаҳои пешбининамудаи қонун дар бораи шикоят намудан аз болои фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд, ба суд шикоят карда метавонанд.

 

Моддаи 27. Радкунӣ ва таъхир кардан дар пешниходи иттилоот

 

1. Радкунии иттилооти дархостшаванда дар мавриде имконнопазир аст, ки он дорои маълумоти дар моддаи 6 Қонуни мазкур нишондодашуда бошад. Хабарнома дар бораи радкунӣ ба намояндаи идора дар муддати се рўзи баъди гирифтани иттилооти хаттии дархостшаванда супорида мешавад.

2. Таъхир дар додани иттилооти дархостшаванда имконнопазир аст, агар пешниходи маълумоти талабшаванда дар мўҳлати се рўз аз имкон берун бошад. Хабарнома оид ба таъхир ба дархоткунанда дар мўҳлати се рўз баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот супорида мешавад.

 

Моддаи 28. Истифодаи эҷодиёт ва мактубҳои муаллифон

 

1. Воситаҳои ахбори омма эҷодиёти журналистон, адибон, санъаткорон ва олимонро бо риояи ҳуқуқи муаллифон истифода карда метавонанд.

2. Ҳеч кас ҳуқуқ надорад, ки воситаҳои ахбори оммаро бо чопи маводҳои радкардаи идора вазифадор намояд, ба шарте, ки қонун чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад.

3. Дар вақти чопи мактубҳои хонандагон ихтисор ва таҳрири матн ҷоиз ва равост, ба шарте, ки мазмуни мактуб таҳриф нашавад.

4. Дар ҳолати аз дигар воситаҳои ахбори омма гирифта чоп кардани маводҳо, мазмун ва мундариҷаи он набояд таҳриф гардад.

5. Нашри такрории мавод аз дигар воситаҳои ахбори омма бо нишондоди ҳатмии манбаи он мумкин аст.

 

Моддаи 29. Мавридҳои махсуси фош накардани ахбор

 

Идорраи воситаҳои ахбори омма ва рўзноманигор ҳуқуқ надоранд:

- номи шахсеро зикр намояд, ки бо шарти ифшо намудани номи вай ахбор додааст, ғайр аз мавридҳое, ки инро суд талаб кунад;

- маълумоти тафтиши пешакиро бе иҷозати хаттии прокурор, муфатиш ё шахсе, ки тафтиш мебарад, ошкор намоянд;

- бе розигии ноболиғ ва намояндаи қонунии вай ҳар хабареро интишор кунанд, ки боиси зикри шахсияти ноболиғи қонуншикан мешуда бошад;

- дар ахбораш натиҷаи мурофиаи судии кори мушаххасро пешакӣ баён кунад ё пеш аз эътибор пайдо кадани холнома ё ҳукм ба суд ба тарзи дигар таъсир расонанд.

 

Боби 4. Ҳуқуқ, вазифаҳо ва ваколати журналит

 

Моддаи 30. Ҳуқуқи журналист

 

1. Журналист ҳуқуқ дорад:

- ахбор дарёфт намояд, гирад ва интишор кунад;

- вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсўҳбат шавад;

- ҳама гуна фактро, аз ҷумла бо роҳи истифодаи воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст;

- баъди нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалли офати табиӣ ҳузур дошта бошад;

- зимни санҷиши факту ҳолатҳои вобаста ба маводҳои расида ба матахассисон муроҷиат намояд

- аз навиштани мақолаи хилофи эътиқодаш даст кашад;

- аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри вай дар рафти таҳрири идора таҳриф шудааст, имзояшро гирад;

- нигоҳ доштани сирри муаллифиро пешакӣ гуфтугў кунад.

2. Журналист аз ҳуқуқҳои дигаре ҳам истифода мебарад, ки тибқи Қонуни мазкур муҳайё шудаанд.

 

Моддаи 31. Вазифаҳои журналист

 

1. Журналист вазифадор аст:

- барномаи фаъолияти воситаи ахбори оммаро, ки бо вай муносибатҳои меҳнатӣ дорад, иҷро намояд, аз рўи оинномаи идора амал кунад;

- саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад;

- хоҳиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи  зикри муаллифиашон қонеъ кунонад, ба ки шарте, ки агар ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;

- иҷрои супорише, ки муҳаррир (сармуҳарир) ё идора додааст, рад намояд, ба шарте, ки он бо ҳалалдор шудани Қонун алоқаманд бошад;

- ҳуқуқу манфиати қонунӣ, қадру қимати миллии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад.

2. Журналист вазифаҳои дигар ҳам дорад, ки аз Қонуни мазкур бар меоянд.

 

Моддаи 32. Ваколати воситаҳои ахбори омма

 

1. Воситаҳои ахбори омма бо маслиҳати ташкилотҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳо метавонад журналистони худро дар он муассисот вакил намояд.

2. Журналисти ваколатдор ҳуқуқ дорад дар маҷлисҳо ва дигар чорабиниҳои ҳамин ташкилотҳо ширкат варзад; вай мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳамон ташкилот бо стенограмма, протокол ва ҳуҷатҳои дигар таъмин мегардад.

3. Воситаҳои ахбори омма бо иҷозати мақомоти расмӣ метавонанд дар мамлакатҳои хориҷӣ хабарнигорони худро дошта бошанд.

 

Боби 5. Ҳамкориҳои байналминалӣ дар соҳаи ахбори омма

 

Моддаи 33. Фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ҳуқуқ доранд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд. Ин фаъолият бо роҳи кушодани намояндагиҳо ва ё аккредитатсияи хабарнигорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Намояндагиҳои Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин агентиҳои иттилоотии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

3. Хабарнигорони хориҷиро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиботи муқарраргардида аккредитатсия мекунад.

 

Моддаи 34. Шартномаҳои байналмилалӣ

 

Ҳамкории байналмилалии воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилилие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин дар асоси шартномаҳои бевоситаи муассисоти воситаҳои ахбори омма ба амал бароварда мешавад.

 

Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 35. Норавоии монеъшавӣ ба фаъолияти қонунии касбии журналист

 

Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ў барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки ба таҳдиди зўроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани амвол, паҳн кардани дурўғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида мехоҳад онро нигоҳ дорад алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист боиси ҷавобгарӣ мегардад.

 

Моддаи 36. Товони зарари маънавӣ

 

Товони зарари маънавӣ (ғайримоддӣ), ки шаҳрванд аз нашри маълумоти бардурўғ дар воситаҳои ахбори омма дидаасту он шаъну шарафи ўро паст мезанад ва ё ба вай дигар зарари ғайримоддӣ мерасонад, бо ҳукми суд аз тарафи воситаҳои ахбори омма, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандони гунаҳкор баргардонида мешавад. Андози зарари маънавиро (ғайримоддиро) ба ҳисоби пул суд муайян мекунад.

 

Моддаи 37. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқарррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 38. Мавридҳои озод кардан аз ҷавобгарӣ

 

Муҳаррир (сармуҳаррир) ва ҳамчунин журналист барои дар воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маълумоте, ки ба воқеъият мувофиқат намекунад дар чунин мавридҳо аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд:

1) агар ин маълумот дар ахбори расмӣ бошад:

2) агар ин маълумот аз агентиҳои ахбори иттилоотӣ ё умури матбуоти мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ гирифта шуда бошад:

3) агар он такрори таҳтуллафзи нутқҳои вакилони халқ дар анҷуманҳо ва ҷаласаҳо, маҷлисҳо, вакилони анҷуманҳо, конференсияҳо, раёсатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин нутқҳои расмии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бошад:

4) агар он дар нутқҳои муаллиф, ки мустақиман ба мавҷ мераванд, ё дар матнҳое бошад, ки мувофиқи Қонуни мазкур набояд таҳрир шаванд.

 

Моддаи 39. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма». 

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1990 «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон соли 1990, №24, мод. 421; соли 1992, №10, мод.144; соли 1992, №11, мод.175; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №3, мод. 48; соли 1997, №23-24, мод.333; соли 1999 № 12 мод. 335; соли 2002, №4 к-1, мод. 269) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 40. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти  

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фикри худро нависед!

Хоҳишмандем тавзеҳоро оид ба мавзӯъ нависед.

Шумо метавонед барчаспҳои зеринро истифода баред:
<a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>