Абдуллои Султон даргузашт
Субҳи рӯзи 10 сентябр овозхони маъруф, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллои Султон бар асари бемории тӯлонӣ, аз дунё даргузашт.
Бемории Абдуллои Султонро як солу ду моҳ пеш табибони Маркази Милллии тиббии ҷумҳуриявӣ, маъруф ба Бемористони Қаряи болои пойтахт, бо ташхиси саратони мағзи сар, ҷарроҳӣ карда буданд. Ҳунарманди маъруф пас аз ҷарроҳӣ ҳарчанд рӯи саҳна наомад, чанд муддат худро беҳтар ҳис мекард ва ният дошт пас аз шифои комил ёфтан, бо барномаи нави консертӣ ба истиқболи мухлисони сершумораш барояд. Вале ҳайҳот, пайвандону алоқамандони ҳунар ва аҳли сершумори масҷиди “Авул” бо барпо намудани ҷанозаи пуршукӯҳ бо ин ҳунарманди мардумӣ видоъ карда, ҷанозаи марҳумро дар қабристони Сариосиёи Душанбе ба хок супориданд.
Абдуллои Султон пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, беш аз сӣ сол боз дар идораи гуфторҳои мусиқӣ ва баъдан дар ҳайати дастаҳои ҳунарии Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии ҷумҳурӣ фаъолияти эҳодӣ дошт.
Даҳҳо суруду таронаҳои бар ашъори Анварӣ, Бедил, Ҳилолӣ, Сайидо, Махтумқулӣ, адибони муосир Лоиқ, Камол Насрулло, Низом Қосим, Собир Султон ва матнҳои мардумӣ эҷоднамудаву сароидаи Абдуллло Султон. Бинобар ҳамоҳангӣ ба рӯҳияву ормонҳои маънавӣ ба зудӣ ба дили ҳазорон шунавандагон роҳ ёфта, ҳунармандро азизи дидагону ҳабиби дилҳо гардонида буданд.
Ҳоло ёд овардани номи чанд суруд, аз ҷумла “Мустаҳзод”, “Тоҷикистон”, “Яғноба обаш ширин”, “Эй бародар”, “Дуои модар” кофист, ки алоқамандони ҳунар чеҳраи зебои Абдулло Султонро пеши чашм оварда, бо лаҳни хушсадои ӯ ҳамовоз гарданд.


Bale Abdulloi Sulton yake az behtarin hofiz ba shumor meravad va hohad raft.AMMO Abdullo Sultonro dar koru ejodiyot bisyor helo bisyor ba gufti russho PADNOSHKA dodan.Bale yake az insonhoi bahilu hasadhur namehost,ki akoi Abdullo ba kullahoi umed rasad in SAIDKUL BILOL bud.
Фикри худро нависед!