Озодии матбуот ва Қонун
онуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”)
(Дар ҳошияи Лоиҳаи Қ
Пас аз баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ, ниҳоят, Лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” рӯи коғаз омад. Аниқтараш, аввал хабаре аз долонҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун зад, ки вакилони МН Олимҷон Салимзода ва Акрамшо Фелалиев лоиҳаи Қонуни мазкурро таҳия намудаанд ва дар сурати қабул гардидан, он дар қаламрави Осиёи Марказӣ беҳамто хоҳад буд. Ҳанӯз матни Лоиҳаи Қонунро надида, мо, журналистон, табли шодӣ задем, ки ҳамкасбамон вакили мӯҳтарами Парламенти кишвар Олимҷон Салимзода чун қаламкаши воқеъбин, шахси аз мушкилоти соҳа ба хубӣ огоҳ, ба чунин иқдоми нек даст задааст.
Ошноӣ бо Лоиҳаи Қонун, ки на Лоиҳаи Қонуни мукаммал, балки тағйиру иловаҳо ба Қонуни бо осебу озорҳо кӯҳна шудаи матбуот будааст, ростӣ, моро шод нагардонид. Вале ҳоло, ки садои норозигии ҷомеаи журналистӣ аз Лоиҳаи Қонун торафт баланд мегардад ва ҳоло, ки он дар Парламент баррасӣ нагардидааст, шӯълаи умеди беҳбуд бахшидани он дар дилҳо хомӯш нашудааст.
Мо, яъне Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист” ва “Медиа-Алянс” (Тоҷикистон) ба хулоса расидем, ки Лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, бо вуҷуди фаро гирифтани 2 тағйироти ҷиддӣ ва дар самти қонунгузории соҳа қадаме ба пеш будан, ба таври умум ҷавобгӯи ниёзҳои журналистикаи имрӯза нест. Аз ин ҷо, тасмим гирифтем бо ҷалби коршиносони мустақил, Лоиҳаи алтернативии Лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” – ро таҳия намуда, ба таваҷҷӯҳи ҳамкасбон пешниҳод созем.
Вале имрӯз, ки мавзӯи сӯҳбати мо дар бораи тағйиру иловаҳо ба Лоиҳаи Қонуни матбуот аст, бо вуҷуди дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба табъ расонидани як силсила эроду пешниҳодот, бо истифода аз ҳузури вакили мӯҳтарам Олимҷон Салимзода, чанд нуктаи ба назарамон мубрамтаринро ироа намуданӣ ҳастем.
Аслан Қонуни матбуот барои кӣ ва чаро лозим аст?
Пурсиш нагузаронидаам, вале гумони ғолиб ин аст, ки аксари кулли журналистон дар ҷавоб “барои озодона фаъолият кардан, барои гуфтану навиштани ҳама гуна рӯйдоду воқеа, барои тафсири корнамоии хубу бади мансабдорон ва одамони оддӣ” хоҳанд гуфт.
Ба ҳамин савол аз мансабдорон ҷавоб хоҳед – чӣ?
“Барои лаҷоми журналистонро кашидан” намегӯянд?
Моддаҳои 3 ва 7 – и Лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” гӯё ифодагари ҳамин ду назар, ду мавқеи ҳукмрони фазои иттилоотии мо буда, на танҳо моҳиятан бо мухолифати ҳамдигарӣ ҷолиб ҳастанд, балки чун ду паллаи як тарозу бори қонунро баробарвазн кардан мехоҳанд, вале ҳайҳот.
Вақте як ҳамкасбам мегуфт, ки “барои ҷомеаи ҳушманд ҳамин ду моддаи Қонун кифоя аст, гапи зиёд чӣ лозим?” пофишории таҳиягарони аввалин лоиҳаи Қонуни матбуот (14 декабри соли 1990) барои сатр ба сатр ҳифз намудани ҳамин ду моддаи Қонун ба ёдам расид.
Дарвоқеъ, моддаҳои 3 ва 7- и Лоиҳаи нав дар Қонуни пешина моддаҳои 2 ва 6 буданд. Агар дар тӯли ин қариб бист сол моддаи 2 моҳиятан тағйир наёфта бошад, моддаи 6 ҳангоми се маротиба мувоҷеҳи тағйиру иловаҳо гардидан, рӯҳияи демократиашро ба куллӣ аз даст додааст.
Моддаи 3 – и Лоиҳаи нав “Озодии матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” унвон гирифта, озодии матбуотро таъкид намуда, норавоии сензура ва таъқиб барои танқидро муайян месозад:
1. Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тољикистон озоданд.
2. Ҳар як шаҳрванди љумҳурї ҳуқуқ дорад фикру ақидаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд. Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Дар ин муқаррарот баъзе нуқсони истилоҳӣ ва услубиро ислоҳ намоем (дар банди якум ба ҷои “воситаҳои ахбори омма” “воситаҳои иттилооти омма” навишта, дар банди дуюм калимаи “як” партофта, вожаи “ҳуқуқ” ба шакли шахси танҳо мувофиқи “ҳақ” табдил гардад), метавон гуфт, моддаи 3 сифати нуктаи калидӣ ва ифодагари рӯҳияи демократии Қонунро касб менамояд.
Гуфтем, ки хушбахтона, муқаррароти моддаи 3, нуктаҳои ҳамвазни меъёри конститутсионӣ дар Қонуни матбуот то имрӯз ҳифз гардида, дар Лоиҳаи нав низ сабт ёфтааст. Вале бадбахтона, меъёри муайяннамудаи Қонун дар бораи ҳаққи ҳар шаҳрванд будани озодона баён кардани фикру ақида, дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намудани он, то ба ҳол на танҳо барои шаҳрвандони хоҳишманд, балки ҳатто барои худи журналистон низ, меъёри фаъолият қарор нагирифтааст. Агар ҷомеаи мо қонунписанд мебуд, агар мансабдорони зинаҳои гуногун низ ба мисли журналистон мазмуну моҳияти ин муқаррароти Қонунро сарфаҳм мерафтанд, яъне мефаҳмиданд, ки ақида наметавонад аз рўи мувофиқат ба воқеият санљида шавад, мавзўи баррасии судї бошад ва набояд манъ карда шавад, сариқадам журналистонро “барои насанҷида чоп кардани мавод”, “ба баҳодиҳии фаъолияти онҳо ҳақ надоштан”… таъқиб намекарданд. Ҳамчунин дар ҷомеаи мо агар эҳтироми меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо ба меъёр табдил меёфт ва дар ин замина судҳо мустақилияти худро ҳифз мекарданд, даъвоҳои “паст задани шаъну шараф”, “паст задани эътибори корӣ” – и мансабдорон дар нисбати нашрияҳои мустақил ҳамчун кӯшиши ғайриқонунӣ, пас гардонида мешуданд.
Мутаассифона, моддаи 7-и Лоиҳаи Қонуни нав бо такрори ҳарф ба ҳарфи моддаи 6-и Қонуни амалкунанда, бо муқаррароти муғлақи худ ба изҳори фикру ақида дар матбуот садди чинӣ эҷод намуда, ба ҷониби танқидшуда, на таҳқиршуда, ба хусус мансабдорон, “барои лаҷоми журналистонро кашидан” имкон фароҳам меоварад. Ин ҷо сухан танҳо аз меъёрҳои муайяннамудаи лоиҳаи Қонун дар бораи манъ будани интишори маълумоти шаъну эътибори Президентро халалдорсозанда намеравад, ҳарчанд ин ибораи Қонунро низ саддгузорӣ ба ибрози изҳори ақида дар матбуот метавон ҳисобид. Дарвоқеъ, бе қарори суд аз фаъолият мондани ҳафтаномаҳои “Нерӯи сухан” ва “Рӯзи нав” чанд соле пеш, ки чанд мавод дар бораи ҳолномаи Президенти мамлакат ва хонаводаи ӯ иннтишор дода буданд, ба таҳдиди (на татбиқи судии) ҳамин меъёр бештар вобастагӣ дошт.
Тасаввур намоем, ки арзе бо даъвои халалдорсозии шаъну шарафи Президент дар маълумоти интишордодаи матбуот ба суд ворид гардид. Суд ҳангоми баррасӣ ба кадом меъёри санади ҳуқуқӣ бояд такя намояд?
Кодекси граждании ҶТ дар моддаи 174 “Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ» – и шаҳрвандро дар назар дорад ва барои ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории Президент меъёре муқаррар накардааст.
Кодекси ҷиноятии ҶТ барои “таҳқири оммавии Президенти ҶТ ё тӯҳмат кардан ба ӯ” бо истифодаи матбуот ё дигар воситаҳои ахбори умум дар шакли “ба корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол” ҷазо муқаррар намудааст.
Тибқи моддаи 1–и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (29 июни с.1991) – (таъкиди мо) барои таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ бо истифодаи матбуот ё дигар воситаҳои ахбори омма, бо корҳои ислоҳотӣ ба мӯҳлати то ду сол ё аз озодӣ маҳрум кардан ба мӯҳлати то 6 сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 2 – и Қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки “Воситаи ахбори оммавие, ки материали таҳқиркунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳматангезро ба унвони ӯ чоп кардааст, мувофиқи қарори суд то бисту панҷ ҳазор сӯм ҷарима андохта мешавад.
Фаъолияти воситаи ахбори оммавие, ки такроран материалҳои таҳқиркунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳматангезро нисбати ӯ паҳн мекунад, мувофиқи қарори суд қатъ шуданаш мумкин аст”.
Вале дар тӯли бештар аз 19 сол меъёрҳои Қонуни мазкур дар нисбати ВИО боре ҳам татбиқ нагардидааст. Яъне, маълум мешавад, ки дар ин миён ягон воситаи иттилооти омма маводи таҳқиркунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳматангез дар нисбати ӯро интишор надодааст ва ё агар чунин мавод ба табъ расида бошад ҳам, на Президент ё намояндаи ӯ муаллифе ва ё редаксияи ВИО – еро ба суд накашидааст.
Бинобар то ба ҳол татбиқ нагардидани муқаррароти Қонуни мазкур ё шояд ба ёди касе нарасидани онро бетағйир мондани андозаи ҷаримаи ҷазо “то бисту панҷ ҳазор сӯм” низ таъкид менамояд.
Модоме қонунҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ халалдорсозии шаъну шарафи Президент, инчунин шаъну эътибори давлат, шаъну шарафи мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ҳамчун кирдори зиддиқонунӣ намеҳисобанд, дар Қонуни матбуот ҷой додани чунин як меъёри муғлақ зарурат надорад.
Маъмулан ҳангоми таҳияи қонун аз таҷрибаи қонунгузории давлатҳои пешрафта ва кишварҳои ҳамсоя, ки сохти давлатдорӣ, рушди иҷтимоӣ ва фарҳанги сиёсӣ шабеҳ аст ё умумиятҳое доранд, истифода ба амал меояд ва ин нуктаро қонунгузорони мо борҳо таъкид намудаанд. Дар ин маврид аз қонунҳои кишварҳои аврупоӣ чизе намегӯем, чун фарди аврупоӣ муқаррароти зикршудаи моддаи 7 – и Лоиҳаи нави Қонуни моро ба иборае “намефаҳмад”. Давлатҳои аъзои ИДМ ба истиснои Ҷумҳурии Белорус, ҳифзи шаъну шарафи Президент, инчунин шаъну эътибори давлат, шаъну шарафи мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиашонро ба қонунҳои матбуоташон вогузор накардаанд.
“Дарбеҳи ночаспон” дар Лоиҳаи нави Қонуни матбуот будани ин муқаррароти мавриди баҳсро мухолифати онҳо ба меъёрҳои санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз ҷумла “Эъломияи Ҷаҳонии ҳуқуқи башар”, Паймони байналхалқӣ “Дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” низ таъкид менамояд.
Пас, метавон гуфт моддаи 7-и Лоиҳаи нави Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар ин шакли айнан иқтибосшудааш аз Қонуни амалкунанда, хилофи мазмуну моҳияти моддаи 3-и Лоиҳа буда, умедвориҳои ҷомеаи журналистӣ ва умуман ҷомеаи озодандешро аз ҷавобгӯ ба тақозои айёми нав омода ва қабул гардидани Қонуни матбуот, мекоҳонад.
Лозим ба таъкид медонем, ки дар моддаҳои дигари Лоиҳаи Қонун низ меъёрҳои ба рӯҳияи демократисозии ҷомеа номувофиқ бознигарӣ нашуда, бе ислоҳ мондаанд. Бинобар ин, суханро ба дарозо накашида, метавон хулоса кард:
1) Лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар шакли омоданамудаи вакилони мӯҳтарам қобили қабул нест;
2) Қонуни соҳавӣ бо назардошти фишанги муассири рушди демократӣ будани ВИО, агар воқеан барои фаъолияти озоди ҷавобгӯ ба тақозои ормонҳои демократии ҷомеа доштани ВИО лозим бошад, пас, зарурати ногузири таҳия ва қабули Қонуни нави ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ба миён омадааст.
3) Ҷомеаи журналистиро, ки ба хотири фаъолияти озоди ҷавобгӯ ба талаботи рушди демократӣ ба қонуни соҳавӣ ниёз доранд, зарур аст дар баррасиву пешниҳоди ниёзмандиҳои касбӣ фаъолтар бошад.
Бо вуҷуди омодасозии Лоиҳаи алтернативии Қонуни матбуот, мо итминон надорем, ки ҳамаи нуктаҳои он аз ҷониби ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҳам Парламенти мамлакат пазируфта шаванд. Вале ба хотири риояи гуногунандешӣ ва бо истифода аз ҳаққи изҳори андеша, мавқеи касбӣ ва шаҳрвандии худ, ба хотири зуҳури амсол (претседент), ба ин кор даст задаем.
Ҳоло, ки мавзӯи баҳси имрӯза баррасии тағйиру иловаҳо ба Лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” аст, Пешниҳодҳоро ба Лоиҳаи омоданамудаи депутатҳо манзур медорем:
- 1. Лоиҳаи Қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои иттилооти омма” номгузорӣ шуда, дар матн минбаъд ибораҳои “ахбори омма” ба ибораи “иттилооти омма” тағйир дода шавад;
- 2. Аз моддаи 7- и Лоиҳаи Қонун ибораҳои “шаъну шарафи Президент ва давлат” берун карда шавад;
- 3. Бақайдгирӣ ё сабти давлатии ВИО дар Тоҷикистон имрӯз ба калобаи саргум табдил ёфтааст. Воқеият чунин аст, ки бинобар ихтилофоти дохилии қонунҳо, ҳоло ақаллан 4 мақоми давлатӣ ба сабти ном ва бақайдгирии матбуоти даврӣ машғул ҳастанд. Аз ин ҷо, ба хотири соддатар кардани сабти номи ВИО-и чопӣ аз баҳри ниҳоди бақайдгиранда баромада, усули баҳисобгирии онро ҷорӣ намудан салоҳи кор аст, ки илова намудани моддаи алоҳидаи фарогири ин маънӣ чунин аст:
Моддаи 10. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои иттилооти омма
1) Баҳисобгирии давлатии воситаҳои иттилооти омма аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯзи корӣ амалӣ карда мешавад.
2) Барои баҳисобгирии давлатии воситаҳои иттилооти омма маълумоти зерин бояд нишон дода шавад:
- муассис (молик);
- ном;
- забон (забонҳо);
- самти фаъолияти иттилоотӣ;
- даврияти нашр;
- доираи тахминии истифодабарандагон ва истеъмолгарони иттилоот, минтақаи интишор;
- манбаъи таъминоти молиявӣ;
- суроғаи воситаи иттилоот;
- ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ.
3) Тартиби баҳисобгирии воситаҳои иттилооти омма аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
- 4. Азбаски соҳибӣ ба ВИО ҳоло дар шаклҳои гуногуни моликиятдорӣ ба воқеият табдил ёфтааст, ба Лоиҳаи Қонун моддаи алоҳидае дар бораи мақоми “Молик”бо мазмуни зайл илова гардад:
Моддаи 9. Молики воситаҳои иттилооти омма
1) Молик шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ва ё иттиҳоди шахсони воқеӣ ва (ё) шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, ки ҳаққи соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории воситаи иттилооти оммаро доранд.
2) Молики воситаи иттилооти омма метавонад дар муносибат ба воситаи иттилооти оммаи худ ва дигар воситаи иттилооти омма, бар асоси шартнома ба сифати редаксия, сармуҳаррир (муҳаррир), журналист, ношир, интишордиҳанда баромад кунад.
3) Дар ихтиёри як субъекти хоҷагидор сарҷамъ намудани моликияти воситаҳои иттилооти омма манъ аст.
- Масъалаи дигари муҳим тамоили тиҷоратигардии ВИО мебошад, ки мутаассифона, чун дар дигар санадҳои меъёрӣ, аз Лоиҳаи Қонуни матбуот низ берун мондааст. Интишордиҳии (фурӯши) маҳсулоти чопӣ, чун моликӣ ба ВИО, ҳоло як паҳлуи аҳамиятнок, ҳамзамон ҳассоси фаъолият ва рушди матбуоти даврӣ буда, ба танзими ҳуқуқӣ ниёз дорад. Бинобар ин, мо пешниҳод доем, ки ба Лоиҳаи Қонун боби нав, бо унвони (дар Лоиҳаи мо Боби III. Интишори маҳсулоти воситаҳои иттилооти омма) ворид гардад. Моддае аз ин боби Лоиҳа чунин аст:
Моддаи 20. Тартиби интишор додан
1) Монеъшавии шаҳрвандон, иттиҳодияи шаҳрвандон, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба интишори қонунии маҳсулоти воситаҳои иттилооти омма манъ аст.
2) Интишори пулакии маҳсулоти воситаҳои иттилооти омма тиҷорат ҳисобида мешавад. Маҳсулоти барои интишори ғайритиҷоратӣ пешбинишуда бояд ишораи “Ройгон” дошта бошад.
3) Фурӯши чаканаи теъдоди маҳсулоти матбуоти даврӣ, аз ҷумла аз тариқи интишордиҳандагони инфиродӣ, ба истиснои муқаррароти Қонуни мазкур, маҳдуд карда намешавад. Фурӯши чаканаи теъдоди матбуоти даврӣ дар минтақа ва дохили биноҳое, ки дастрасиашон маҳдуд карда шудааст ё режими махсуси истифодабарӣ доранд, танҳо бо розигии шахсони ваколатдори истифодабаранда ҷоиз аст.
Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам!
Қироншоҳи Шарифзода,
раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист”.




Фикри худро нависед!