Асосӣ » Бояд хонд, Минтақа

Ҳуқуқ ба моликият поймол мешавад

24 февраль 2011 412 нафар хонданд Тавзеҳот нест

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар Ўзбекистон барои рў гардонидан аз шаҳрвандии ин кишвар   на танҳо аз озодӣ маҳрум мекунанд , ба монанди  Юрий Корепанов, ки барои «хиёнат ба Ватан» ба 16 сол ба зиндон равона шудааст, балки ғариқонунӣ аз моликият низ маҳрум менамоянд.

Дар  ин  бора сомонаи интеренетии Uznews  навиштааст.

Тавре аз иттилои пахш намудаи созмони «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» (Фаронса), маълум гаштааст, моҷарои ба сари Ю. Корепанов афтода  аввалину охирин  нест:  «Наздики 100 шаҳрванди Россия имрўз  бо ҷиноятҳои гуногун айбдор шуда, дар зиндонанд». Шахсоне, ки аз шаҳрвандии Ӯзбекистон  рў мегардонанду хостори шаҳрвандии дигар кишвар мегарданд, низ дар кофтукови ҷиноятӣ буда, барояшон ҳатто маҳрум гаштан аз моликияташон таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи сарвари созмони номбурда Надежда Атаева, ба онҳо ҳашт нафар аз Россия, ки дар гузашта шаҳрванди кишвари Ўзбекистон буданд, бо шикоят муроҷиат кардаанд, ки барои шаҳрвандии дигар кишварро интихоб намуданашон  аз моликияти дар  Ўзбекистон  дошта маҳрум гаштаанд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, аксари ҷабрдидагон нафароне мебошанд, ки ба Россия  ва Украина муҳоҷират карда,  муҳоҷирони сиёсӣ ба ҳисоб мераванд.

Фикри худро нависед!

Хоҳишмандем тавзеҳоро оид ба мавзӯъ нависед.

Шумо метавонед барчаспҳои зеринро истифода баред:
<a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>