Асосӣ » Асосӣ, Бояд хонд

Марги шубҳаноки шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндони Ўзбекистон

25 апрель 2011 348 нафар хонданд Тавзеҳот нест

 

Шерали А. акс аз сайти uznews.net гирифта шудааст

 

Хонаводаи  Шералӣ Азизов – шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар  зиндони Ўзбекистон  вафот кард, ба сафорати Олмон  дар  Душанбе муроҷиат намуда хоҳиш  кардааст, ки барои бозгирифтани  ҷасади марҳум аз қабристони вилояти Навоии Ўзбекистон кўмак кунанд.

Ба навиштаи сайти Uznews.net бародари Сулаймон Азизов – Шералӣ Азизов аз сафорати Олмон хоҳиш  кардааст, ки барои бозгирифтани ҷасади бародараш ва ё барои муайян намудани ҳақиқати дар он ҷо гӯронида шудан ва ё нашудани бародараш ёрӣ расонанд. Ба ақидаи Сулаймон Азизов, ҳукумати Олмон дар назди хонаводаи ў барои зарари маънавӣ расондан  ҷавобгў  аст.

Гап сари он аст, ки муфаттишони Прокуратураи генералии Олмон Шералӣ Азизовро  моҳи июн ва сентябри соли 2008 дар зиндони рақами 1-и шаҳри Тошканд бозпурсӣ кардаанд. 

Дар соли 2007 Шералӣ Азизовро  мақомоти Ўзбекистон барои кўшиши тарконидани пойгоҳи низомии Термез, ки дар он ҷо низомиёни немис мустақар ҳастанд, ба муддати 19 сол ба зиндон равона карда буд. Муфаттишони Олмон  Шералӣ Азизовро ба «гурўҳи зауэрлан», ки дар соли  2007 дар  Франкфурт дастгир  ва барои кўшиши ташкили  силсилаи таркишҳо  айбдор  дониста шудааст, пайванд донистанд.

Ба гуфтаи хонаводаи Азизов, Шералиро охирон  маротиба моҳи октябри соли 2010  дидаанд ва он вақт ӯ аз вазъи сиҳатиаш  шикоят надошт, дар бораи марги Шералӣ падари ў  Ҳайдар Азизов се ҳафта пеш, ки ба мулоқот бо  писараш рафта буд, хабардор шудааст. Дар гувоҳномаи марги Шералӣ Азизов омадааст, ки сабаби вафоташ аз  фаъолият мондани қалб аст. Дар  бораи вафоти Шералӣ Азизов кормандони зиндон ба хонаводааш  хабар  надодаанд, вале ба падараш гуфтаанд, ки Шералӣ Азизов ним сол  пеш вафот кардааст.

Фикри худро нависед!

Хоҳишмандем тавзеҳоро оид ба мавзӯъ нависед.

Шумо метавонед барчаспҳои зеринро истифода баред:
<a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>