Асосӣ » Асосӣ, Бояд хонд

БДА ҳақ ё ронанда?

30 май 2011 799 нафар хонданд Як тавзеҳ

Нимарӯзии 28 майи соли равон дар наздикии Маркази савдои «Садбарг» гурӯҳи шаҳрвандон ҷамъ шуда, баҳси ронандаи автомошинаи сабукрав ва кормандони БДА-ро бо ҳавас тамошо доштанд. Ба гуфтаи ронанди автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел», ки худро Илҳом Асадуллоев муаррифӣ намуд, ӯ ва меҳмонҳое, ки аз Россия баргаштаанд, шаҳрро тамошо доштанд, ки кормандони БДА бо баҳонаи вайрон кардани қоидаи роҳ ӯро манъ кардаанд, ҳол он ки ӯ қоидаи роҳро вайрон накардааст.

Кормандони БДА баъди манъ кардани автомашинаи ӯ даъвои дигар пеш овардаанду аз мошини ӯ «трафарет» дарёфт карда, таҳдид намудаанд, ки «материали 510» тартиб медиҳанд. «Материали 510», дар ҳоли надоштани литзензияву иҷозатнома барои фаъолияти мусофиркашонӣ, тартиб дода шуда ҷаримаи минималии он аз 350 сомонӣ буда ва танҳо суд метаовнад онро муайян созад. Инчунин ба гуфтаи Илҳом Асадуллоев, кормандони ин соҳа бе пеш овардани сабаб, мошини ӯро кофту ков кардаанд: «Онҳо чӣ хақ доранд, ки мошини маро мекованд, диданда бинанду чизро аз мошин нагиранд»! Дар ҳамин ҳол, корманди БДА, ки дар он ҷо қарор дошту аз муаррифӣ намудани худ худдорӣ кард, гуфт, ки барои таксигӣ кардан литсензияву путевка лозим аст, ки инҳо надоранд. Вақте ки яке аз кормандони БДА пртокол тартиб медод, нафари дигар аз мошини ронанда тамғаи «шашка»-и таксӣ ва трафаретҳояшро бе иҷозаи ронанда мусодира мекард. Масъули БДА ин рафтори ҳамкорашро чунин шарҳ дод: – Мо бояд дар ҳузури шахсияти ронанда мошинашонро бинему трафаретҳояшонро гирем (ҳол он ки ронанда он вақт барои аз мошинаш мусодира кардани тамғаву трафарет қатъиян норозӣ буд), чунки онҳо ба гардан намегиранд, ман гуфтам андозу страховкаҳоятро биёр, инҳояшро низ надорад, ду – се нарушение дорад. Барои «шашка» истифода бурдан литсензия лозим аст, ки ӯ надорад.

-Кудратов

Ҳуқуқшинос Шуҳрат Қудратов мегӯяд, дар чунин ҳолат корманди БДА метавонад автомашинаро дида барояд. Вақте ки автомашинаҳои сабукрав трафарет доранду бо мақсади тиҷоратӣ фаъолият кунанд, аз рӯи қонун бояд дар ҳамон ҷо протокол тартиб дода шавад, ба шарте агар ронанда барои чунин намуди фаъолият литсензияву роҳхат надошта бошад, вале агар дар вақти манъ кардани мошин трафарет ва ё «шашка» дар боло, яъне дар ҷои ба мусофирони берун намоён набошаду дар ҷои дур аз чашми мусофирони берунбуда бошад, кормандони БДА ҳуқуқ надоранд, ки онро гиранд. – Барои гузаронидани кофтуков иҷозатномаи муфаттиш лозим аст. Ва танҳо дар ҳолатҳои фавқулодда гузаронидани кофтуков мумкин аст. Шуҳрат Кудратов мегӯяд, рафторе ки кормандони БДА кардаанд, ҳуқуқвайронкунӣ дар нисбати соҳиби мошин мебошад. Кормандони БДА бе иштироки соҳиби мошин, агар соҳибмошин дур аз мошин истода бошад, барои кофтукови мошин ҳуқуқ надоранд. Агар намояндагони БДА кофтукови мошинро зарур ҳисобанд, бояд бо иштироки шахсони холис кофтуков карда, протокол тартиб диҳанд.

Кӣ дар кӯчаи шаҳр ҳуқуқи ба навор гирифтанро дорад?

Ходисае ки байни корманди БДА ва ронанда ба миён омада буд, барои роҳгузарон аҷоиб менамуд, ки чӣ натиҷа медиҳад? Кормандони БДА Шаҳбоз Абдуллоев – як донишҷӯро, вақте ки ҳамин ҳодисаро ба телефони мобилиаш наворбардорӣ мекард, «ту ҳуқуқ надорӣ ба навор гирӣ» гуфта, хостанд ӯро ба шӯъбаи милиса баранд. Шаҳбоз Абдуллоев гуфт, ки навори гирифтаашро аз телефонаш нест мекунад, вале узри ӯ кормандони БДА-ро қонеъ накараду донишҷӯро ба таксӣ савор карда, ба милисахона бурданд. Вақте каме дертар мо бо ӯ дар тамос шудем, Шаҳбоз гуфт, ки «ҳамааш хуб аст, маро оварданд ба отделу номнавис карда, пайи дастамро гирифта, сар доданд». Шерафган Латифов – сардори маркази матбуоти РБДА Сарраёсати корҳои дохилии пойтахт, мегӯяд, аз сӯи шаҳрвандон ба навор гирифтани чунин ҳолатҳо манъ аст. Чун кормандони БДА низ кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, амали онҳоро танҳо кормандони амнияти дохилӣ, амнияти миллӣ, агентии мубориза бо коррупсия ва журналистон метавонанд ба навор гиранд. Вале ҳуқуқшиносон бар онанд, ки «Чизе ки қонун манъ накардааст, мумкин аст». Шуҳрат Қудратов аз зумраи чунин ҳуқуқшиносон буда, мегӯяд, қонун дар ин бора чизи мушаххас нагуфтааст. Дар ҳолати болоӣ сабт намудани ҳодиса иҷоза аст, агар нафари сабткунанда каме дуртар аз ҷойи ҳодиса буда, барои адои вазифаи кормандони БДА халал ворид насозад.

Фархунда Ш.

Як тавзеҳ »

  • Fast worker навишт:

    Маколаи бехтарин! Здесь Ты точно не врешь ))))

Фикри худро нависед!

Хоҳишмандем тавзеҳоро оид ба мавзӯъ нависед.

Шумо метавонед барчаспҳои зеринро истифода баред:
<a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>