РАЗОЛАТУ БЕНОМУСИИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН ДАР ФИЛМИ “ХИЁНАТ”

Нашр шуд korbar - пн, 01/25/2021 - 14:02
Дар баробари  дидани  филми мустанади “Хиёнат” дар  бораи  кирдор  ва шахсияти  Муҳаммадиқболи  Садриддин   маълумоте  гирифтем .  Аз   гуфтаҳои  шахсҳои  дар  ин  филмнома  ва  далелҳои  овардашуда   маълум  гардид,  ки   Муҳаммадиқболи  Садриддин   як  шахси  бемаълумот  ва   ҷоҳил  мебошад,  ки  аз  кирдори  ин  шахс  бисёр   одамони  софдилу  зудбовар  азияте   кашидаанд  ва  дастмояҳое    гум  кардаанд.

АСЛИ ВУҶУДИ ТЭТ ҲНИ ХИЁНАТ АСТ

Нашр шуд korbar - пн, 01/25/2021 - 13:50
Хоини миллат он аст, ки дар Ватан ба камол мерасаду нону намаки миллатро мехураду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад. Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин барин шахсиятҳо паси пардаи ислом истода, ҳар гуна иғвоангезӣ мекунанд. Ҳоло ин ки ислом ба ягон ҳизб тааллуқ надорад ва аз ин гуна пуштибонҳои дурӯғин безор аст. Гуноҳоне, ки ин хоинони миллат дар гузашта нисбати кишвару мардуми тоҷик кардаанду ва то ҳол мекунанд нобахшиданист.

ДАР КАНОРАИ ҲАЛОКАТ...

Нашр шуд korbar - пн, 01/25/2021 - 11:58
Қисса мекунанд, марде буд дар бадахлоқиву бадрафторӣ ҳамто надошт, даст ба тамоми амалҳои бад зада ва шуғли дӯстдоштааш ҳам ғайбат буду тӯҳмат ва зинову зинокорӣ, фитнаву ҳасуду қатл ва тамоми он гуноҳони кабирае, ки Худованди мутаъол аз анҷоми он пайравони исломро боз доштааст.

БОЗ ЯК ШАРМАНДАГИИ АЪЗОИ ҲИЗБИ НАҲЗАТ

Нашр шуд korbar - пн, 01/25/2021 - 09:14
Ҳакимон гуфтаанд: "Ҳар сирре, ки байни се нафар аст, албатта фош мешавад". Имрӯз замоне шудааст, ки ягон бадкорӣ ё ҷиноят махфӣ намемонад, албатта мардум аз он огоҳ мешаванд. Хусусан, расонаҳои иттилоотии дунё аз ҷумла телевизиону радио, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сомонаҳо вакту ки бо гурӯҳи шоҳидони ҳол хабареро ба мардум мерасонад, бинанда ва шунаванда ба хулоса омада, агар бадкорӣ бошад, нафрат мекунанд.

ВАҚТЕ ПАРДАИ ШАРМ ДАРИДА МЕШАВАД...

Нашр шуд korbar - пт, 01/22/2021 - 11:44
Қисми 7-уми силсилафилми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро тамошо карда, ба хулосае омадам, ки тақрибан ҳеҷ узви фаъоли ТЭТ ҲНИ-ро пайдо карда намешавад, ки ба амалҳои пасту разилона даст назада бошад. Ҷои таассуф ин аст, ки худ ба чунин амалҳои бешарафона даст зада, боз мардумро “ба роҳи рост” даъват кардан мехоҳанд.