ФИЛМИ “ХИЁНАТ”. ҲАМСОЯҲО ДАР БОРАИ МУҲАММАДИҚБОЛ ЧӢ МЕГӮЯНД?

Нашр шуд korbar - пт, 01/22/2021 - 11:26
Қисмати 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ” аз тариқи телевизион намоиш дода шуду хелеҳо ангушти таҳайюр газиданд. Чунки шояд касе гумон намекард, ки чеҳраи аслии Муҳаммадиқболе, ки аз худ “шайху порсо” метарошад, дар асл чунин хашину нафратовар будааст.

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ВА РАСВОГИҲОДИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН

Нашр шуд korbar - пт, 01/22/2021 - 10:25
«Шунидан кай бувад монанди дидан». Насли имрӯза дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ ва даҳшатҳои он солҳо шояд садҳо  бор шунидаанд. Аслан мо - мардум гоҳе ба шунидаҳо бовар мекунему гоҳе не. Вале он чизҳое, ки мо аз тамошои  филми ҳуҷҷатии «Бешараф»  дидем ва аз суханҳои шоҳидони воқеаҳои он солҳо шунидем, далелҳои раднашавандае буданд, дар бораи  хиёнату расвогиҳои фарзандони кӯри миллат – аъзои  ТЭТ ҲНИ ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин, ки зархариди душманони  миллатамон шуданду оташ ба домани миллату меҳани худ заданд.

ҲАМ ХИЁНАТУ ҲАМ РАЗОЛАТ ДАР КИРДОРҲОИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН

Нашр шуд korbar - пт, 01/22/2021 - 09:42
Филми ҳуҷҷатии "Хиёнат" доир ба амалу кирдорҳои нангини хоини миллат, аъзои ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, ба зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.

“БЕШАРАФӢ” АЗ БЕШАРАФИҲОИ ИҚБОЛИ НАҲЗАТӢ ГУФТ

Нашр шуд korbar - пт, 01/22/2021 - 09:37
Ахиран аз тариқи телевизион қисмати 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” зери унвони “Бешарафӣ” намоиш дода шуд, ки аз бешарафиву беносуӣ, кирдорҳои пасту разилона, авбошиву дасисакорӣ ва найрангу тақаллуби яке аз пайравони Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ қииса мекунад.

ФОСИҚЕ ДАР ЧЕҲРАИ ВОИЗ

Нашр шуд korbar - пт, 01/22/2021 - 09:29
Қисмати 7-уми филми мустанади Хиёнатро, ки аз тариқи телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, тамошо намуда, ба хулосае омадам, ки ин филм барои мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр саривақтӣ ва даркорӣ буд. Дар ин филм парда аз рӯи яке аз хоинони миллати тоҷик бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки аз аъзоёни ҳизби мамнӯъи ТЭТ ҲНИ ба ҳисоб меравад, бардошта шуд. Филми «Хиёнат» симои аслии наҳзатиёнро бори дигар ба мардуми тоҷик нишон дода, дасисаю иғвоангезии онҳоро фош сохт.