Ҳамасола аз соли 2016 инҷониб рӯзи 16-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳи хосса ва бо ифтихори бузург ҷашн гирифта мешавад. Дарвоқеъ, дар шароити кунунии авзои мураккаби сиёсии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ин сана ҳамчун рӯзи сарҷамъӣ, иттиҳоди тамоми мардуми Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба хидматҳои арзандаю беназир ва таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш зиёдтар мегардад.
Recent comments