“ГАРОИШИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК БА ҶАРАЁНҲОИ ИФРОТӢ ДАР ДОХИЛ ВА ХОРИҶИ КИШВАР: ЗАМИНАҲО, ОМИЛҲО ВА ПАЁМАДҲО”. БАРГУЗОРИИ ҶАМЪОМАД ДАР КУМИТА

Нашр шуд korbar - пт, 03/01/2019 - 14:15
Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Гароиши ҷавонони тоҷик ба ҷараёнҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар: заминаҳо, омилҳо ва паёмадҳо” ҷамъомад баргузор гардид.

БАРГУЗОРИИ ҶАМЪОМАД БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ

Нашр шуд korbar - пт, 03/01/2019 - 14:13
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 28-уми феврал дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ҷамъомад доир гардид.

ТАЪРИХ БОСМАЧИҲОРО МАҲКУМ СОХТААСТ

Нашр шуд korbar - пт, 03/01/2019 - 13:44
Ҳар гоҳ сухан дар бораи босмачигарӣ меравад, мо, пеш аз ҳама, ба чанд масъала бояд рӯшанӣ андозем. Ин падидаи номатлубу нанговар кай ва чӣ тавр пайдо шуд, сабабҳо, мақсаду мароми онҳо чист, ғояву андешаҳояшон аз куҷо сарчашма мегиранд, ба кадом неру, табақа ё қишри иҷтимоӣ такя мекунанд, сарваронашон кист, пушту паноҳашон киҳоянд, кӣ ва чӣ гуна онҳоро бо маблағ, аслиҳаву адабиёти таблиғотӣ, дастуру супоришҳои тахрибкорона таъмин менамояд?

ИФРОТГАРОӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА МИНТАҚА

Нашр шуд korbar - пт, 03/01/2019 - 13:37

Мусаллам аст, ки Осиёи Марказӣдар ҷаҳон минтақаи хеле мураккаб ва муҳим  маҳсуб ёфта, дар он манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба ҳам печидаанд. Имрӯз кишварҳои минтақа таҳаввулоти геополитикӣ ва геостратегиро дар соҳаи амнияти миллӣ ва минтақавӣ паси сар мекунанд.

ХУТБАИ ҶУМЪАРО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ХОНДАН БЕҲТАР АСТ

Нашр шуд korbar - пт, 03/01/2019 - 13:33
«Фатвои шаръии Имоми Аъзам доир ба истифодаи забони тоҷикии дарӣ ҳангоми гузоридани намоз ва ба ҷо овардани дуову фотиҳа, инчунин ба ин забон тарҷума ва тафсир кардани Қуръони карим, мақому манзалати забони моро дар қаламрави хилофат хеле таҳким бахшид ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ шудани он роҳи васеъ кушод»