Ҳарфе, ки ҳувият месозад. бардошт аз китоби Эмомалӣ Раҳмон "Забони миллат – ҳастии миллат"

Нашр шуд admin - пн, 11/05/2018 - 12:03

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ҳама масруфияти хеш дар амри мусоид сохтани вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат, ҳалли масоили фарҳангиро ҳамвора дар мадди назар доштаанд.

Роғун – равзанае аз нур ба сӯйи фардои дурахшон

Нашр шуд admin - пн, 11/05/2018 - 12:00

Санаи ба кор даровардани аввалин чарха ё худ агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак, дар саҳфаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, мардуми кишварро ба дастовардҳои нав ба нави таърихӣ ноил хоҳад сохт.

Пешвои Миллат - бунёдгузори сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм

Нашр шуд admin - пн, 11/05/2018 - 11:52

Имрӯз вобаста ба вижагиҳои замони истиқлолият, чун дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ, дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ низ масъалаҳое арзи ҳастӣ мекунанд, ки дар ҷомеаи илмии Тоҷикистон бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои саривақтӣ ва муфид андешида шаванд.

Муроҷиатномаи «Барқи Тоҷик»: дар истифодаи неруи барқ сарфаю сариштакор бошед!

Нашр шуд admin - вт, 10/16/2018 - 20:10

Чун анъана ҳамасола дар остонаи фасли зимистон ШСХК «Барқи Тоҷик» ба муштариён муроҷиат менамояд, ки дар истифодаи неруи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

Нашр шуд admin - вт, 10/16/2018 - 20:01

Дар натиҷаи Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ  ва равандҳои муосири иқтисодӣ», ки дирӯз дар шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили чорумин солгарди Рӯзи соҳибкорон доир гардид,  13 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ба имзо расонида шуд.