ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 26 ДЕКАБРИ СОЛИ 2019

Нашр шуд korbar - чт, 12/26/2019 - 16:04
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.

ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ ХОНАИ КӮДАКОНИ №2

Нашр шуд korbar - ср, 12/25/2019 - 08:56
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳошияи сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави 2020 ба 82 тарбиятгирандаи хонаи кӯдакони №2 шаҳри Душанбе туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

ОБ. ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН БА МАНФИАТИ АҲЛИ БАШАР

Нашр шуд korbar - ср, 12/25/2019 - 08:54
Соли 2019 чун солҳои қаблӣ дар тақвими зиндагии мардуми сарбаланди тоҷик бо таҳаввулоту навгониҳо ва дастовардҳои муҳими таърихӣ бешак сабт мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории конфронсу ҳамоишҳои байналмилалиеро мизбонӣ кард, ки натиҷаҳои он ба нафъи тамоми мардуми сайёра хоҳад буд.

ҶАҲОЛАТ БАДБАХТӢ МЕОРАД!

Нашр шуд korbar - ср, 12/25/2019 - 08:53
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ таъкид доштанд: «Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд».

ФАРҲАНГИ КОРБУРДИ ИНТЕРНЕТ

Нашр шуд korbar - вт, 12/24/2019 - 11:58
Бархӯрди нодурусти насли наврас бо шабакаи ҷаҳонии интернет, бавижа шабакаҳои иҷтимоии он, яке аз мушкилоти доғ ва чолишбарангези рӯз ба шумор рафта, аз ҷониби муҳаққиқону коршиносон баррасиву омӯзиши вижаро тақозо мекунад.