ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИФТИХОРИ МАНУ МО

Нашр шуд korbar - чт, 12/19/2019 - 12:07
Мувофиқи  гузориши  Созмони Милали Муттаҳид,  давоми  панҷоҳ соли  охир дар ҷаҳон 507 муноқишаи марбут ба масъалаи об ба қайд гирифта шудааст. Бархӯрдҳои ҳарбии соли 1975 миёни Сурия ва Ироқ барои истифодаи оби дарёи Фурот, соли 1994 байни неруҳои  ҳарбии Миср ва Судон барои зери назорат гирифтани  оби  дарёи Нил, ки таъминоти асосии аҳолии Миср бо оби нӯшоӣ аз он вобаста аст, баҳсу муноқишаҳои байни  Эфиопия,  Судон  ва  Миср барои тақсими оби дарёи Нил аз ин ҷумлаанд.

ҶУРЪАТИ ҶОҲИЛОНА

Нашр шуд korbar - чт, 12/19/2019 - 11:46
Кори ноҷавонмардона ва саҳеҳтараш кори фосиқона ва ҷоҳилона аст, ки аз вазъият ва фурсати муносиб бо истифода аз эътиқод ва ихлоси мардум истифода бурда, ҷомеаро ба нофаҳмӣ ва зидди ҳам гузошт ва дар ин асос тухми нифоқ кишта, бародарро муқобили бародар гузошта шавад ва ин амале аст, ки дар назди Худову халқи Худо маҳкум карда шуда ва баранда ба азоби дарднок ва беқадрию хору залил гардидан дар дунёи ҳозиру дунё уқбо аст.

ДӮСТОНИ ФАРЗАНДОНИ МО КИҲОЯНД?

Нашр шуд korbar - ср, 12/18/2019 - 12:11
Масъалаи ахлоқ аз масъалаҳоест, ки бояд ҳамеша дар маркази диққати мо – омӯзгорону волидон қарор дошта бошад. Агар он дуруст дарк нагардад ва ҳамчунон, ҳал нашавад, бешак, ҳама заҳматҳоямонро беҳосил месозад. Инчунин, тамоми саъю кӯшишамон ба об дар ҳован кӯфтан мемонад.

ЗИНДАГӢ ХАТОРО НАМЕБАХШАД!

Нашр шуд korbar - ср, 12/18/2019 - 12:05
Кӯдакони ақлан заиф ва ё имконияташон маҳдудро ҳар рӯз мебинаму барои сарнавишташон ғам мехӯрам. Оре, агарчи онҳо дар мактаби махсус хуб таълим мегиранду тарбия меёбанду ҳамеша дар паноҳи давлатанд.

БИЁ, ТО ҶАҲОНРО БА БАД НАСПАРЕМ

Нашр шуд korbar - ср, 12/18/2019 - 12:01
Синну солам ба ҷое расида, аксари торҳои мӯйи сарам сафед гаштаанд. Гузашти солҳо ва сафедии мӯйҳо гувоҳ аз сарфи таълиму тарбияи насли наврас шудани умрам аст. Ҳарчанд бо кӯдакону наврасон сару кор доштан саҳл несту таълиму тарбия масъулият, ташвиш, хуни ҷигар хӯрдан ва аз худ гузаштанҳоро тақозо дорад. Аммо аз пешаи интихобнамудаам ҳаргиз пушаймон нестам. Медонед, барои чӣ? Ҳаргоҳ дар кӯча ё ягон маърака нафаре наздам омада “устод” гуфтаю аз ҳолам пурсон гардад, хеле шод шуда, дарк мекунам, ки умрам беҳуда нагузаштааст.