Мақолаҳо дар бахши Фарҳанг
Фарҳанг »
- Чун духтари Думбадзе худро эҳтиёт мекунам, чун ҳамсари шоир боз масъулияти зиёдтар дорам. Ҳамсари ман шоири хубе буд, вале афсӯс, умр вафо накард. Баъди марги ў бо мувофиқа бо аҳли оила, ҳамаи қорҳои ба мероси падарам иртиботдоштаро ба модару ҳоҳарам вогузор намуда, ба омўзиши коргоҳи эҷодии ҳамсарам машғул шудам ва ашъори парокандаи ўро ҷамъ намуда, аз нобудшавӣ нигоҳ медорам.
Фарҳанг »
Фарҳанг »
Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба «Рӯзи фарҳанги ҷавонони вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят» санаи 27 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи фарҳанги ҷавонони вилояти Суғд бо мақсади равнақи ваҳдату худшиносии миллӣ, таҳкими робитаҳои дӯстонаи ҷавонони минтақаҳои гуногуни вилоят, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, ошноӣ пайдо намудани онҳо аз таъриху фарҳанги ниёгон ва анъанаҳои миллӣ баргузор гардид.


