Асосӣ » Бойгонӣ

Мақолаҳо дар бахши Иқтисоду иҷтимоъ

Иқтисоду иҷтимоъ »

[1 Дек 2009 | Тавзеҳот нест | 400 нафар хонданд]
Муовини  сармуҳосиби «Барқи Тоҷик» боздошт гардид

Муовини сармуҳосиби Ширкати «Барқи Тоҷик» барои  аз худ кардани маблағҳои ширкат  дастгир гардид.
Дар ҷараёни  гузаронидани санҷиш муовини сармуҳосиби  ширкати номбурда Амонуллоҳи Қаюм ва  чанде масъулини дигар, ки «Барқи Тоҷик» нахост номҳояшонро ифшо  кунад,  барои ғайриқонунӣ аз худ кардани беш аз 1млн.200 ҳазор сомонӣ аз сӯи Агентии  назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дастгир гардид.

Иқтисоду иҷтимоъ »

[30 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 479 нафар хонданд]
Барқи Ҷануб ба Шимол меравад

Дар ҳудуди ноҳияи Ғончии вилояти Суғд Хатти баландшиддати барқи «Ҷануб – Шимол» бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Президенти мамлакат ифтитоҳи ин хатро «лаҳзаи таърихӣ» номид ва таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикӣ боз як қадами ҷиддӣ ниҳод.

Иқтисоду иҷтимоъ »

[27 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 331 нафар хонданд]
2962 дуздӣ то имрӯз

Аз аввали соли ҷорӣ  дар ҷумҳурӣ  2962 далели   дуздӣ ба қайд гирифта шуда, 2250 -тои он ошкор гардидааст.  Дар ин  бора сухангӯи Вазорати  корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмаддуло Асадуллоев иттилоъ дод.

Иқтисоду иҷтимоъ »

[27 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 503 нафар хонданд]
Хориҷиҳо бо шиносномаи қалбакӣ дастгир шуданд

Дар нӯҳ моҳи охир дар қаламрави Тоҷикистон се шаҳрвандони Афғонистону Покистон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ  дастгир шуданд.  Дар ин бора дар семинари байналмилалӣ  оид ба омўзиши кормандони гумрук ва сарҳадӣ, ки  дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сухан рафт.
Дар нишасти мазкур намояндагони 12 давлати ҷаҳон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иқтисоду иҷтимоъ »

[27 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 335 нафар хонданд]
Дуздон дастгир гардиданд

Шаби 23 ба 24 ноябри соли равон дар  маркази ноҳияи Ёвон аз мағозаи техника 21 адад  телефонҳои мобилии тамғаи гуногун, чор МР3, якто МР4, 5  батарея ва як  флешкарта  ба ќимати  5630 сомонӣ аз тарафи шахсони номаълум дуздида шуда буд.

Иқтисоду иҷтимоъ »

[23 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 366 нафар хонданд]
Истеҳсоли  бензини маркаи АИ-72 ва 76 манъ мешавад

Истеҳсоли бензини навъи АИ-72 ва 76 дар кишварҳои истеҳсолкунанда манъ мешавад, бинобар ин, солҳои охир Тоҷикистон ин навъҳои бензинро аз Россия ворид накарда истодааст. Дар ин бора мудири озмоишгоҳи  маҳсулоти нафтии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳҳобов хабар  дод.
Тавре номбурда афзуд, дигар  кишварҳо низ истеҳсоли  ин навъҳои бензинро манъ  карданианд.

Иқтисоду иҷтимоъ »

[17 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 378 нафар хонданд]
Ба «Иличиҳо» роҳ нест

Бо қарори Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз 17 ноябр фурӯши  лампаҳои “Иличӣ” дар қаламрави  кишвар  манъ шуд.  Акнун  мардум метвонанд танҳо  аз  лампаҳои каммасраф  харидорӣ ва истифода  кунанд.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дархост шудааст, «дар зудтарин фурсат» феҳрасти лампаҳое,  ки воридот ва фурӯши онҳо дар қаламрави кишвар манъ шудааст, дар матбуот интишор кунанд.
Зимнан, тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, истифода аз лампаҳои манъшуда  дар муассисаҳои  давлатӣ аз 1 октябр манъ шуда буд.

Иқтисоду иҷтимоъ »

[23 Окт 2009 | Тавзеҳот нест | 370 нафар хонданд]
Ба зимистон омода сохтани иншооти хоҷагии коммуналӣ

Дар ҷумҳурӣ оиди ба шароити зимистон омода кардани иншооти хоҷагии коммуналӣ ва фонди манзил тадбирҳои муайян андешида мешаванд.
То моҳи октябри соли ҷорӣ таъмири 76 дегхона ба нақша гирифта шуда буд, дар асл ҳамагӣ 37 дегхона ё 48,7 фоизи онҳо таъмир шуданд.
Тибқи нақшаи пешакӣ, иваз кардани 346,4 км шабакаи гармирасонӣ дар назар дошта шуда буд, амалан бошад, 134,5 км шабакаи гармирасонӣ иваз карда шуд, ки 38,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Иқтисоду иҷтимоъ »

[23 Окт 2009 | Тавзеҳот нест | 303 нафар хонданд]
Пули мардумро кӣ мегирад?

Сардори раёсати почтаи тоҷик дар вилояти Хатлон Умеда Собирова изҳор кард, ки пардохти маблағҳо барои хизматгузории коммуналӣ бояд ба воситаи шӯъбаҳои «Почтаи тоҷик» амалӣ карда шаванд. «Мувофиқи талаботи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти маблағ барои ҳамаи намудҳои хизматрасониҳои коммуналӣ бояд ба воситаи шӯъбаҳои «Почтаи тоҷик» амалӣ карда шаванд. Мутаассифона, айни ҳол ин қонун иҷро карда намешавад.