Асосӣ » Бойгонӣ

Мақолаҳо дар бахши Сиёсат

Сиёсат »

[24 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 423 нафар хонданд]
Ӯзбекистон аз системаи ягона мебарояд

Сафири Ӯзбекистон дар  Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов,  зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки  вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ва аз  нерӯи  барқи  Тоҷикистон  истифода мекарду вилояти Суғди Тоҷикистон аз барқи Ӯзбекистон. Ин  доду гирифт  ба манфиати тарафайн буд ва   имрӯз  ба ин ниёз намондааст.

Сиёсат »

[18 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 348 нафар хонданд]
Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо 1кг героин

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Ижевск  барои фуруши  маводи мухаддир дастгир  шуд.  Дар ин  бора  сомонаи  TojNews такя ба хабаргузории РИА НОВОСТИ иттилоъ додааст.
Мувоиқи иттилое ки ба кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар  расидааст ин шахс  ба фурӯши  миқдори зиёди героин  машғул  буда  дар таҳти назорат будааст.   

Сиёсат »

[18 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 389 нафар хонданд]
Аскар Ақаев: Боқиев мехоҳад  манзили маро соҳибӣ кунад

-Акаев

Мақомти хадамоти махсуси кишвар  тақозо намуд, ки аз хонаи  собиқ президенти Қирғизистон Аскар Ақаев, ки дар маркази Бишкек ҷойгир аст,  дар  мӯҳлати як рӯз чизу чораи шахсии Аскар Ақаевро  бароварда, биноро  холӣ кунанд.
Бояд ёдовар  шуд, ки 15 сентябри  соли равон  Китобхонаи  собиқ президент ба моликияти давлатӣ гузаронида шуда буд.
Ба гуфтаи Аскар Ақаев  ҳамаи ин фармоиши сиёсии президент Боқиев буда, натиҷаи он аст,ки дар кишвар имрӯз бесарусомонӣ ҳукмрон мебошад.

Сиёсат »

[18 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 352 нафар хонданд]
Ташвиши МАГАТЭ аз Эрон

Созмони байналмилалӣ оид  ба  назорати силоҳи ядроӣ маърӯзаи норизоии худро  дар  бораи  Эрон  ва сарвари ин кишвар  интишор намуд.
Сабаби норизогӣ  дар он  будааст, ки  Эрон ҳафт  сол боз нақшаи сохтмони  корхонаи  маъданро, ки  дар  наздикии шаҳри Қум воқеъ аст, махфӣ доштааст. Гарчанде   Теҳрон барои тафтиши нуқтаҳои  гумонбаршудаи истеҳсоли силоҳи ядроӣ дар ҳудуди кишвар  иҷоза дод, вале созмони байналмилалӣ ҳамоно аз  ҳадафи барномаи ядроии эронӣ  шубҳа дорад.

Сиёсат »

[13 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 424 нафар хонданд]
ИМА: Масҷиду бинои осмонхарошро баргардонед

Прокурори қисмати ҷанубии Нью-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  Прит Бхарара барои  ҳабси 4 масҷид ва  бинои 36 ошёна, ки ба ҷамоати  Исломии Alavi Foundation  марбут шинохта шудааст бо як аризаи шикоятӣ ба суди  федералии ин кишвар муроҷиат намудааст. Ба навиштаи прокурор, ҷамоати номбурда созмони ҷамъиятии ғайридавлатӣ набуда ҳукумати Эронро барои  пешбурдани ақидаҳо маблағгузорӣ мекардааст. Дар ҳамин ҳол  мақомоти ҳифзи  ҳуқуқи Амрико мегӯянд, кормандони Alavi Foundation суде ки дар шаҳри Ню-Йорк  ба даст меоранд ба воситаи ширкати Assa Corporation ба бонки Миллӣ-и эронӣ интиқол медоданд.

Сиёсат »

[12 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 387 нафар хонданд]
Даъват барои тағйири замони интихобот

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пешниҳод дорад, то замони интихоботи порлумонии кишвар аз моҳи феврал ба баҳор гузаронида шавад.
Раҳматулло Зоиров, пешвои сотсиал-демократҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, замоне, ки барои интихоботи порлумонӣ интихоб шудааст, номувофиқ мебошад ва сардиҳои зимистон ва мушкилот бо барқ омодагиҳои аҳзоб ба интихоботро баҳам мезанад.

Сиёсат »

[23 Окт 2009 | Тавзеҳот нест | 457 нафар хонданд]
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод

27-уми октябри соли 2009 нимаи дуюми рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод боз як пули калони дигар мавриди истифода қарор гирифт.
Зимни сӯҳбат бо роҳсозон маълум шуд, ки ин яке аз чордаҳ пулҳои хурду бузург аст, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюми сохтмон ва навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош бунёд меёбад.