Мақолаҳо дар бахши ВИО
ВИО »
ВИО »
ВИО »
ВИО »
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешиҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст», ба муқаррароти қонунҳои амалкунанда мухолифат мекунад.
Дар ин бора ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров зимни нишасти матбуотие, ки 14 декабр дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот – кафолати шаффофияти фаъолият» баргузор гардид, иброз дошт.
ВИО »
DSCN0628
Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи инвеститсионӣ барои Осиёи Марказӣ ва лоиҳаи ташкилоти байналмилалии «Интернюс Аврупо» – «Такмили касбият ва таъсири ҷамъиятии ташкилотҳои тоҷикии тиҷоратӣ ва миёнарав» аз 19 то 21 ноябри соли ҷорӣ барои менеҷерони идораҳои ВАО дар мавзӯи «Маҷмӯи маркетинг ва тиҷорат дар воситаҳои ахбори омма. Таъсис, дастгирӣ ва коммуникатсияи медиабренд» тренинг баргузор менамояд.
ВИО »
Конфронси илмию амалии «Проблемаҳои маҳорати касбӣ ва таҳаввулоти жанрӣ дар матбуоти муосири тоҷик», ки бо ширкати олимону мутахассисон ва роҳбарони воситаҳои иттилооти оммавӣ дар факултети журналистикаи ДМТ баргузор гардид, ба гуфтугӯ ва баҳси судманд ба хотири ҳалли муаммоҳои ин мавзӯъ табдил ёфт.

