-Мухиддин
«Агар мо гўем, ки тамоми нуктаҳо ва бандҳои Созишномаи умумии сулҳ иҷро гардид, як навъ миёнаравӣ мебуд, чун ҳамагон медонанд, ки ин Созишнома ҳамаҷониба ва сад дар сад татбиқ нашуд.
Аз тарафи дигар, сабабҳои объективӣ ҳам вуҷуд доштанд, барои он ки Созишнома ҳамон тавре ки тарафҳо мехостанд, амалӣ нашуд. Вале мо бояд меъёрҳо ва талаботи Созишномаро ба ду гурўҳ бояд ҷудо кунем».
Беҳтарин ваҳдат ва он ҳам бошад ваҳдати тамоми Эрони Бостон дар давраи Дорошоҳи Ҳахоманишӣ ба назар мерасад. Ин гуфта, ки дар навиштаҷот ва ё ба гуфтае дар сангнабиштаҳои Эрони Бостон ҳак шуда ва то имрўз боқист, оғозаш чунин аст: «Ман, Доро, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи Порс… Бо хоҳиши Аҳурамаздо ин кишварҳо ба ман тобеъ ҳастанд: Порс, Ҳирот, Бобул, Арабия, Миср, Спарда, Юнон, Мод, Арман, Парфия, Хоразм, Бохтар, Суғд, ҷамъ 23 кишвар тобеи ман аст».
Намояндагони шикати “Роҳи оҳани Ӯзбекистон” эълон карданд, ки барои барқарории роҳи валангори Амузанг –Термиз, ки 44 километрро ташкил медиҳад, иқдомоте рӯи даст хоҳанд гирифт. Бояд гуфт, қаблан намояндагони ин ниҳоди Ӯзбекистон аз ҷониби “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дархост карда буданд, ки роҳи оҳани Термиз то ба вилояти Хатлонро банданд.