ТҶ «Журналист»
Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» (ТҶ «Журналист»)
Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» (ТҶ «Журналист») – (собиқ Ассотсиатсияи журналистони Тоҷикистон «Ҳамкории иҷтимоӣ») бо ташаббуси як гурӯҳ журналистон охири соли 1998 таъсис ёфта, 25 майи соли 1999 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №489 чун ташкилоти ғайриҳукуматӣ (иттиҳодияи ҷамъиятӣ) сабти ном шуда, 26 декабри с.2007 таҳти №510 «А» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Ҳадафи ойинномавии ТҶ «Журналист»:
Мусоидат намудан ба рушди журналистикаи муосир, тарбияи ҳуқуқӣ ва касбии журналистони ҷавон, инъикоси воқеии дастовардҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳамкориҳои иҷтимоии бахшҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ баҳри пешрафти ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори омма.
Вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти ТҶ «Журналист»:
- мусоидат ба ҷорӣ намудани роҳу усулҳои муосири тарбияи касбии журналистони ҷавон;
- баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии журналистон тавассути ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ оид ба истифодаи усулҳо ва технологияи нави кор;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии журналистони ҷавон тавассути баргузории курсҳои таълимӣ, семинару машғулиятҳои омӯзишӣ;
- таҳия ва чопи дастуру барномаҳои таълимию методӣ оид ба журналистикаи муосир;
- ҷустуҷӯ ва тарбияи алоқамандони касби ояндаи журналистӣ аз ҷумлаи хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ тавассути баргузории семинарҳои омӯзишӣ;
- мусоидат ба инъикоси мунтазами дастоварду проблемаҳои фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи иҷтимоӣ тавассути воситаҳои ахбори омма;
- мусоидат ба инъикоси ҳамкориҳои иҷтимоии бахшҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ баҳри пешрафт тавассути баргузор намудани сӯҳбатҳои «Мизи мудаввар» ва воситаҳои ахбори омма;
- мусоидат намудан ба такмили ихтисос ва баланд бардоштани маҳорати касбии аъзои ТҶ «Журналист»;
- ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои ТҶ «Журналист»;
Манбаъҳои маблағгузории ТҶ «Журналист»:
ҳаққулузвият, кӯмаки сарпарастии ташкилоту муассисаҳо, ашхоси алоҳида ва донорҳо.
Мақомоти роҳбарии ТҶ «Журналист»:
Бюро, раис ва муовини раис.
Аз январи соли 2008 бо ҳадафи «расонидани иттилооти тоза ба хонандагон аз ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангии ҷумҳурӣ ва ҷаҳон» нашрияи ҷамъиятии «Ҷомеа»-и ТҶ «Журналист» моҳе 2 маротибагӣ ба чоп мерасад.
ТҶ «Журналист» аз соли 1999 ба ин ҷониб лоиҳаҳои зеринро амалӣ намудааст:
«ВАО ва ҳамкории иҷтимоӣ» – соли 1999 (бо ҳамкории Каунтерпарт-Консортсиум).
«ВАО ва рушди ҳамкории иҷтимоӣ» – солҳои 2001-2002 (бо ҳамкории Хазинаи Евразия).
«Иттилоот барои соҳибкорони деҳот тавассути ВАО» – соли 2002 (бо ҳамкории «Ҳайати Шафқат»).
«Маркази иттилооти кишоварзӣ ва маркетинг» – солҳои 2004-2005 (бо ҳамкории «Ҳайати Шафқат»).
«Ҷомеа» – минбари гуногунандешӣ» – соли 2009 (бо ҳамкории Сафорати Бритониёи Кабир дар Душанбе).
ТҶ «Журналист» аз 1 июни с. 2008 дар доираи Лоиҳаи «Беҳдошти амнияти озуқавориӣ тавассути баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва барқарорсозии чарогоҳҳо», ки аз ҷониби Барномаи кишоварзӣ ва озуқаи СММ (Тоҷикистон) дастгирӣ ёфтааст, инъикоси иттилоотии рафти иҷрои Лоиҳаро амалӣ менамояд.
Нишонии ТҶ «Журналист»:
Шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 6.
Тел: 238-49-54; E-mail: ajtmikm@yandex.ru
Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» – Шарифзода Қироншоҳ.


