Асосӣ » Бойгонӣ

Мақолаҳо бо нишонаи: Афғонистон

Иқтисоду иҷтимоъ »

[1 Дек 2009 | Тавзеҳот нест | 369 нафар хонданд]
8  сол барои таҷовузи ноболиғ

Шаҳрванди 37 – солаи Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Муҳаммад Раҳим  дар Тоҷикистон барои  таҷовузи кӯдаки ноболиғи 15 – сола ба 8  сол ҳабс гардид.
Ба гуфти судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Хӯҷамурод Аҷиков, барои зарбаи равонӣ нагирифтани кӯдак номи ӯ махфӣ  дошта шуда, баррасии ин парванда дар пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтааст.

Иқтисоду иҷтимоъ »

[27 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 503 нафар хонданд]
Хориҷиҳо бо шиносномаи қалбакӣ дастгир шуданд

Дар нӯҳ моҳи охир дар қаламрави Тоҷикистон се шаҳрвандони Афғонистону Покистон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ  дастгир шуданд.  Дар ин бора дар семинари байналмилалӣ  оид ба омўзиши кормандони гумрук ва сарҳадӣ, ки  дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сухан рафт.
Дар нишасти мазкур намояндагони 12 давлати ҷаҳон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Минтақа »

[25 Ноя 2009 | Як тавзеҳ | 2,112 нафар хонданд]
Бен Лоден дар куҷост?

Президенти  Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ иттилоеро, ки ВАО-и Америка дар бораи пинҳон шудани роҳбари «Ал-Қоида» Усома Бинни Лоден дар қаламрави Покистон интишор додааст, зини мулоқот бо директори СРУ  рад кард.
Котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон низ дар рафти сафараш ба Исломобод ба эҳтимоли дар хоки Покистон пинҳон будани намояндагони «Ал-Қоида» таъкид  намуда буд.

Минтақа »

[19 Ноя 2009 | Тавзеҳот нест | 412 нафар хонданд]
Зарбаи навбатӣ ба қароргоҳи силоҳбадастон

Дастгоҳи   ҳавопаймои бе сарнишини амрикоӣ ба силоҳбадастони Покистон  зарбаи  авиатсионӣ зад.
Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ ин ҳавопаймо  ба деҳаи Шанахораи вилояти Вазиристон,  ҳаммарз бо Афғонистон,  ду  мушак сар дод.  Ба иттилои  разведкаи амрикоӣ дар ин ҷо қароргоҳи силоҳбадастон ҷойгир будааст, ки дар натиҷа чор тан  аз онҳо фавтида, панҷ тан захмӣ  шудаанд.