Мақолаҳо бо нишонаи: ИМА
Сиёсат »
Прокурори қисмати ҷанубии Нью-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Прит Бхарара барои ҳабси 4 масҷид ва бинои 36 ошёна, ки ба ҷамоати Исломии Alavi Foundation марбут шинохта шудааст бо як аризаи шикоятӣ ба суди федералии ин кишвар муроҷиат намудааст. Ба навиштаи прокурор, ҷамоати номбурда созмони ҷамъиятии ғайридавлатӣ набуда ҳукумати Эронро барои пешбурдани ақидаҳо маблағгузорӣ мекардааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Амрико мегӯянд, кормандони Alavi Foundation суде ки дар шаҳри Ню-Йорк ба даст меоранд ба воситаи ширкати Assa Corporation ба бонки Миллӣ-и эронӣ интиқол медоданд.

