Мақолаҳо бо нишонаи: Нерӯгоҳ
Сиёсат »
Нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар номае ба унвони Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, ки нашрии ҳукуматии «Правда Востока»-и чопи Тошканд ба табъ расонидааст, зимни баёни нигаронии кишвараш аз сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» гуфтааст, ки дар сурати сарфи назар шудани ин мавқеъ, Ӯзбекистон маҷбур аст, то барои рафъи пайомадҳои эҳтимолии, ба гуфтаи ӯ, «фоҷеабори иҷрои ин тарҳ» ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.
Бояд хонд »
Бонки Осиёии Рушд тасмим гирифтааст, ки барои таъмини Афғонистон бо барқи Тоҷикистон як лоиҳаро сармоягузорӣ намояд.
Гуфта мешавад, дар ин робита соли гузашта байни ширкати «Барқи Тоҷик» ва ширкати энергетикии Афғонистон як санад имзо шудааст ва ин шартнома имкон медихад, ки энергетикаи Тоҷикистон дар минтақа, бахусус Афғонистон, ҷойгоҳи махсуси худро соҳиб шавад.
Иқтисоду иҷтимоъ »
Сўҳбат бо Одилҷон Ёқубов, собиқ котиби якуми Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон
«Вазъи феълии Ватан дар он аст, ки имрўз барои аз вобастагии коммуникатсионӣ ва энергетикӣ раҳидан қувваи тамоми аҳли ҷомеа бояд сафарбар карда шавад. Ман дар матбуоти даврии ҷаҳон, дар Интернет навиштаҳои зиёдеро доир ба сохтмони ГЭС-и Роғун, махсусан он мақолаҳоеро, ки дар кишварҳои ҳамсоя бар зидди сохтмони нерӯгоҳи Роғун буданд, хондаму омўхтам».
Сиёсат »
Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагии худро барои сохтмони як нерӯгоҳи дигар дар ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавоноии 150 мегават -соат нерўи барқ эълон кард.
Дар ин бора раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар дод. Дар ҷараёни мулоқот 6 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла ду созишнома ва се ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

