МУНОФИҚ ҲАМЕША ДАР ПАЙИ ТАВТЕА АСТ

Нашр шуд korbar - ср, 07/08/2020 - 10:50
Аммо аъзоёни ТТЭ ҲНИ, “Гурӯҳи 24”, ПМТ бошанд дар фикри ноором кардани ҷомеа шудаанд, ки ин бисёр ҳам хислати пасти онҳоро нишон медиҳад. Зеро  ин тоифаи наҳзатӣ, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд аз воқеият дуранд ва аз ҳоли миллат бехабаранд.  Ин нафарон аслан аз инсонгарӣ, одамгарӣ хабаре надоранд ва танҳо барои бадномкунии миллат худро насаби тоҷики додаанду халос, аммо дар асл як чоплус, дурӯя, хоин, каҷниҳод, кӯрдил, кӯрботин ва хиёнаткор мебошанд.

БИМИР, ТО БИРАҲӢ АЙ ҲАСУД…

Нашр шуд korbar - вт, 07/07/2020 - 15:26
Чанде пеш бастаи солҳои қаблии рӯзномаи «Садои мардум», аз ҷумла, соли 1992-ро варақгардон кардам. Қабл аз ҳама бояд гӯям, ки  кормандони рӯзномаи мазкур аз камшумор журналистон маҳсуб мешаванд, ки дар он солҳо ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои журналистика  хиёнат накарда, бо вуҷуди мушкилоти зиёд дар сатҳи хубу сифати баланд ва сарбаландона  фаъолият кардаанд.  Чунин тарзи кор барои як қисми аҳли зиё ва баъзе мансабдорон, ки дар шароити кунунӣ бетарафиро пеша кардаанд, бояд намунаи ибрат бошад.

АЗ АМОНАТ ТО ХИЁНАТ

Нашр шуд korbar - вт, 07/07/2020 - 15:23
Аз дидани филми "Хиёнат", ки аз рафторҳои касифонаи хоинони ватан ва хиёнатҳои пинҳонии онҳо аз ҷумла, Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва Мирзои Салимпур қисса мекунад, ҳар инсони поквиҷдон ва ватандӯст ба ин хоинон нафраташ бештар мегардад.

ХИЁНАТКОР ВАТАН НАДОРАД

Нашр шуд korbar - вт, 07/07/2020 - 14:14
Дар замони муосир баъзе аз доираҳои манфиатҷӯй ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардумро ба амалҳои ношоиста, бадбиниву ҷоҳилӣ, хурофотпарастӣ, таҳаммулнопазирӣ, тақлидкорӣ ба либосҳои бегона роҳнамо созанд.

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ЧЕҲРАИ МАНФУРРО ОШКОР КАРД!

Нашр шуд korbar - вт, 07/07/2020 - 11:02
Филми мустанади “Хиёнат”, ки ба воситаи шабакаҳои телевизионии давлатию маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ  пахш гардид, амалҳои ғаразнок, олудаи фисқу фасоди  сарвари собиқ ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш  Муҳаммадиқболи Садриддин, Варқӣ, Салимпур, Истаравшанӣ ва монанди инҳоро ошкор месозад. Гарчанд қаҳрамонҳои филм ҳама манфию манфуранд ва иншои як ҳарф барояшон ҳайф аст, виҷдонам қарор нагирифт, ки нисбати ин хиёнаткорон ҳарфе нагўям.