ГУМРОҲ

Нашр шуд korbar - вт, 11/12/2019 - 14:13
Дунёе, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, муайянкунандаи дараҷаи дунёи охират аст ва мувофиқи амалҳои дар ин дунё кардаи банда, агар он амалҳо нек бошад, барояш аҷру подошу савоб ва агар бад бошад, азоби дардноку пушаймонӣ аст, аммо боз гуноҳҳое ҳаст, ки бандаро ҷовидон дар дӯзах азоб карда мешавад ва он амали хеле разилонаву дилхарош, қатли инсони бегуноҳ аст.

АЗ ҲАҚИҚАТ ДУРМОНДАГОН...

Нашр шуд korbar - пн, 11/11/2019 - 14:03
Ислом дини адлу эътидол, сулҳу субот ва дини муҳаббату дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ, меҳрубонию парҳезгорӣ, хушгуфторию хушрафторӣ, бародарию баробарӣ ва муомилаи нек бо хешу табору ҳамсоягон ва албатта метавон гуфт, ки тамоми хислатҳои неки инсонӣ дар исломи азиз ҷамъ гардидааст ва инчунин ҳамеша дини ислом пайравонашро аз бадахлоқӣ, бадзабонӣ, бадбинӣ, буғзу адоват, фиребу найрангбозӣ ва он амалҳое, ки инсонро хору беқадр мегардонад ва ҳатто аз доштани нияти бад ва кардани гумони бад нисбати ҳамдигар барҳазар медорад.

ХАЛҚУ ВАТАН АЗ ХИЁНАТКОРОН БЕЗОР АСТ

Нашр шуд korbar - пн, 11/11/2019 - 13:57
Дар рӯзҳое, ки мардуми саодатманди тоҷик бо хушнудӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истода будем, иддае аз нотавонбинону бадхоҳони миллат, ки гирифтори хурофоту тассуб гардида буданд, бо ҳамлаи ноҷавонмардона ба мазрбонони кишвар ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд.

БАДТАРИНИ МАРДУМ ЗАРАРРАСОНОНАД!

Нашр шуд korbar - сб, 11/09/2019 - 10:18
Маҳз бо меҳнату заҳмати Пешвои миллат буд, ки ин кишвари мо тинҷу ором шуд ва самараи ин истиқлолияту тинҷию оромӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар дунё ҳамчун давлати сулҳпарвар мешиносанду аз сулҳи тоҷикон дарси ибрат мегиранд. Бинобар ин, мо ҳодисаи санаи 06.11.2019 ва ҳама гуна ҳодисаи ба ин монандро, ки метавонад сабаби нооромии кишвари азизамон шавад, шадидан маҳкум мекунем.

БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Нашр шуд korbar - сб, 11/09/2019 - 10:09
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри  соли 1994 қабул гардид, дар таърихи конститутсионализми Тоҷикистон нахустин санадест, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Тавре Сарвари давлат зикр карданд: «Хусусияти асосӣ ва муҳими Конститутсияи мазкур дар он аст, ки он на санади аз тарафи гурӯҳи одамон қабул шуда, балки аз тарафи аксарияти халқ қабул карда шудааст. Аксарияти аҳолӣ ба Конститутсия овоз доданд. Ин дастоварди бузурги мо ба ҳисоб меравад».