ВАҲДАТ САРВАТИ МИЛЛИСТ

Нашр шуд korbar - пт, 07/24/2020 - 10:21
«Ман  ба  шумо  сулҳ  меорам!» – гуфтани Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дертар, баъди дарки маънӣ, ҳаҷми ҳадафи ниҳоияш тобишу оҳанги дигари таърихӣ пайдо кард, то ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳад. Аз нигоҳи огоҳиву шинохти имрӯза бигӯям, он рӯзҳо таърихи аз хоку хун эҳё гардидани миллати тоҷик дар пеши назарамон рух додаву мо амиқ пай намебурдем, ба фардои пурсамари он нидои таърихии Сарвари ҷавони давлат эътимод намебастем. Чунки ба худ бовар надоштем.

СOVID-19. СОЛИМИИ МАНУ МО СОЛИМИИ МИЛЛАТ АСТ

Нашр шуд korbar - чт, 07/23/2020 - 16:23
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди хоҷагии халқи мамлакат, пешгирии паҳншавии коронавирус ва пайомадҳои ин беморӣ, солимии ҷомеа ва, дар маҷмӯъ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. БАРОИ РАСИДАН БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА ЗАҲМАТ МЕКАШЕМ

Нашр шуд korbar - чт, 07/23/2020 - 10:07
Барои касе пӯшида нест, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон душвориҳову буҳронҳои шадиди сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоиро дар пай дошт. Махсусан, вақте солҳои 90-ум аъзоёни ташкилоти экстремистию террористии «ҲНИ», ки ба миллати худ хиёнат намуда, дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ташкил намуданд, ин омил ба хароб гардидани пояҳои иқтисоди миллӣ оварда расонид.

ҲУҚУҚИ КӮДАК. ТОҶИКИСТОН БА ҲИФЗИ ОН КАФОЛАТИ ҚОНУНӢ МЕДИҲАД

Нашр шуд korbar - ср, 07/22/2020 - 15:01
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва тарбияву камолоти дурусти онҳо тадбирҳои судманди давлатӣ ва чораҳои қонунӣ андешида шудаанд. Дар баробари дигар қонунҳо, барномаву консепсияҳои дар ин самт қабулшуда, инчунин, барои беҳтар намудани раванди таълиму тарбия, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимоя аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардидаанд.

ТЭТ ҲНИ АВЛОДӢ АСТ?

Нашр шуд korbar - ср, 07/22/2020 - 10:41
Ба ҳамагон маълум аст, ки саркардаи наҳзатӣ, ки баъди содир намудани ҷинояту хиёнатҳо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, айни замон дар фазои иттилоотӣ бо туҳмату буҳтон задан бар зидди Ватану миллат амал дорад, дар вақташ бо як мафкураи ифротию тафаккури тиҷорӣ ба собиқ ТТЭ ҲНИ пайваста буд.