Мақола

АЗ ДУ ТО ПАНҶ СОЛИ ҲАБС. МЕЪЁРИ НАВИ КОДЕКСИ ҶИНОЯТӢ ДАР БОРАИ БАРАНГЕХТАНИ НИЗОИ ИҶТИМОӢ

Нашр шуд korbar - вт, 10/20/2020 - 09:22
Минбаъд ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин, тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, ҷавобгарии ҷиноятӣ хоҳанд дошт. Агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет, дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошанд, дар ин сурат айбдоршавандаро аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

ШУКӮҲИ ИНТИХОБОТ ВА САДОҚАТИ МАРДУМ

Нашр шуд korbar - пн, 10/19/2020 - 14:35
Интихобот ҳам гузашт ва ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки мардуми тоҷик бо сари баланд ва рӯҳияи шоду масрур дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзиданд.

ВАҲДАТЕ, КИ ОҚИБАТИ ОФАТРО БАРТАРАФ СОХТ

Нашр шуд korbar - пн, 10/19/2020 - 10:09
Тирамоҳи соли 1985 дар хотири мардуми вилояти Суғд, хусусан сокинони шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ва ноҳияи Бобоҷон Fафуров боқӣ мондааст. Шаби 13 октябр, соати 22:01 дақиқа заминларзаи сахт рух дод, ки маркази он деҳаи Қӯптулуқи шаҳри Гулистон ва Комбинати қолинбофии шаҳр буд.

КАСЕ, КИ ХИЁНАТ МЕКУНАД, БАХШИДА НАХОҲАД ШУД!

Нашр шуд korbar - чт, 10/15/2020 - 15:33
Хостори идора кардани гурӯҳе, қабилае, давлату мулки дорои захираҳои бузург дар ҳама давру замон буд, ҳаст ва мемонад. Дар филми мустанади «Хиёнат» наворҳои гуногуни инъикоси муборизаи гурӯҳи манфиатдор, ки бо роҳи зӯрӣ хоҳиши соҳиб шудан ба кишвари Тоҷикистон ва идора кардани мардуми онро дошт, низ аён ба чашм расид. Ҳол он ки онҳо намедонистанд, хоҳу нохоҳ некӣ бар бадӣ ғолиб меояд ва чунин ҳам шуд.

«ХИЁНАТ» ПАРДА АЗ РӮИ ХОИНОН БАРДОШТ

Нашр шуд korbar - чт, 10/15/2020 - 11:28
Баъд аз пахши филми «Хиёнат», ки чанде пеш қисми панҷуми он расонаӣ гардид, ба нотавонбинони давлату миллати тоҷик - саркарда ва думравони ташкилоти террористӣ - экстремистии наҳзат мушти обдоре буд, ки ин худбохтаҳоро ба зону мезанад.

«ХИЁНАТ» МАҚСАДҲОИ НОПОКИ НАҲЗАТИҲОРО ИФШО НАМУД

Нашр шуд korbar - ср, 10/14/2020 - 14:31
Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» дар асоси далелҳои раднопазир дар бораи фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар солҳои  90-уми асри ХХ таҳия шудааст.  Ба намоиш гузоштани чунин  филмҳо, албатта, як иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ  мебошад, зеро  имрӯз ҳам ТТЭ ҲНИ фаъолияти бадномкунии миллати тоҷикро аз хориҷи кишвар идома дода истодааст.

ЧАНД НУКТА АТРОФИ ФИЛМИ МУСТАНАДИ “ХИЁНАТ”

Нашр шуд korbar - вт, 10/13/2020 - 08:57
Қисматҳои 4 ва 5-уми филми мустанади “Хиёнат”-ро тамошо кардам. Ҳангоми тамошои ин филм нафрати кас меояд, ки рӯсиёҳии онҳоро бинад, ҳатто ному насаби онҳоро шунавад, аммо чунон сухан мегӯянд, ки аз ин амалҳояшон ифтихор ҳам менамудаанд. Барои ин ноҷавонмардон дигар номусу виҷдон ва Ватан арзише надорад.

«ХИЁНАТ». ВАҚТЕ ХОИНОН ЧУН САГОНИ ВЕЛГАРД АККОС МЕЗАНАНД…

Нашр шуд korbar - вт, 10/13/2020 - 08:22
Дар яке аз сафарҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба мардуми шарифи Нуробод чунин ваъда доданд: «Ман ба шумо шаҳрак не шаҳр месозам». Ин суханони ғамхоронаи Пешвои миллатро имрӯз тамоми хурду бузурги ноҳия сармашқи кори худ карда, ба умеди фардои дурахшон дар ободии ноҳия камари ҳаммат бастаанд.

МИЛЛАТ БА ҲОМИИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ОВОЗ ДОД!

Нашр шуд korbar - пн, 10/12/2020 - 15:58

Вақте сухан дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, бешак, пеши назар симои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳувайдо мегардад.

ВАҚТЕ МИЛЛАТ ДАР ИНТИХОБИ ПРЕЗИДЕНТ ҲУШЁР АСТ...

Нашр шуд korbar - пн, 10/12/2020 - 13:19
Дарвоқеъ, пирӯзии мутлақи Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба таҷрибаи давлатдорӣ ва неруи зеҳнии Пешвои миллат эътимоди зиёд доранд. Имрӯз ҳар як фарди тоҷик дар симои Пешвои миллат ояндаи дурахшони ин сарзаминро мебинад ва мутмаинем, ки кишвари азизи мо зери роҳбарии Президенти мардумӣ ба фатҳи қуллаҳои баланди ҳаёти иҷтимоии мардум даст хоҳад ёфт.