
Роҳҳо дар зиндагии инсонҳо нақши сарнавиштсоз доранд. Роҳҳо ҳастанд, ки дурро наздик карда, дар навбати худ омили ваҳдату иттиҳоди мардум мешаванд.
Сокинони водии Зарафшон дар радифи дигар ҳамватанони куҳистониамон даҳсолаҳо дар орзуи бунёди нақбу роҳҳо буданд, то ин минтақаи кӯҳӣ ҳарчи зудтар ба Марказ ва Ҷанубу Шимоли кишвар бипайвандад. Зеро адами роҳу нақбҳо (махсусан дар фасли сармо) боиси мушкилоти фаровони иҷтимоӣ гардида буд. Соли 1999 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҷдиди корҳои сохмонӣ ба мавзеи нақби “Истиқлол” ташриф оварданду ин сухани таърихиро гуфтанд: “Агар барои бунёди ин нақб сармоя пайдо нашавад, пас бо нохунҳоямон ин кӯҳро шикоф карда, роҳ бунёд мекунем”. Ин қавли Роҳбари давлат ба мардум умед бахшид, умед ба фардои босаодат.
26-уми июли соли 2006. Ифтитоҳи нақби “Истиқлол”. Ман ҳам дар қатори садҳо ҳамсолонам ба истиқболи “Истиқлол” рафтам, балки ба истиқболи бунёдгузори “Истиқлол”. Чархбол фуруд омаду Президенти маҳбубу мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои эрониашон Маҳмуд Аҳмадинажодро ману чанд ҳамсолам бо шеърхонӣ истиқбол кардем. Баъди қироати шеър Роҳбари давлат маро назди худ хонда, чанд маслиҳати нек доданд: “Нағз хон, мо ин бунёдкориҳоро барои шумо мекунем, то шумо дар оянда барои Ватан хизмат кунед... ”.
Суҳбати чандлаҳзаина бо Президент барои мани наврас сахт такондиҳанда буд. Зеро Президентро дар биниши кӯдаконаи худ ҳамчун шахсияти содиқу самимӣ дарёфтам. Шахсе, ки фидоии роҳи Ватан аст.
Дар марҳилаҳои баъдӣ низ Президенти кишвари мо бо бунёди нақбу роҳҳои зиёд кишвари моро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшиданд. Имрӯз роҳҳо омили таҳкими ваҳдати миллӣ ва пайвандгари тоҷикистониён гардидаанд... Сипос ба Пешвои миллат!
Афшини Муқим,
Котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон