РАСОНАҲОИ ФУРӮХТАШУДАВУ ЖУРНАЛИСТОНИ ХУДБОХТА

Нашр шуд korbar - ср, 09/16/2020 - 14:40

Дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба мушкилоти вазнини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мувоҷеҳ гашт. Мардум дар ҳолати сарсонӣ ва фирор аз масканҳои аҷдодӣ гаштанд. Дар Ватани мо шахсони ба ном «адолатхоҳ», «исломдӯст», «пуштибони дини мубини муҳаммадӣ» ба харобиҳои зиёнҳои молию ҷонӣ ва заифгардонии пояҳои давлатдорӣ замина гузоштанд.  Имрӯз Кабириву чанд гумроҳи дигар аз Аврупо истода ҳамоно ба сӯи Ватани худ санги маломат мезананд. Агар Кабирӣ аз дину мазҳаб огоҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеби ҷаҳолатро роҳнамоӣ намекард. Ҳадафи Кабирӣ сӯистифода аз дин асту бас.

Ҷои таассуф аст, ки ин ҳама ҳилаву найрангро имрӯз расонаҳо ва журналистони фурӯхташудае аз қабили Салимпур бо “Ахбор.ком”-аш пӯшиши хабарӣ дода, талош мекунанд, аз Кабирӣ қаҳрамонтарошӣ кунанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ин макри наҳзатиҳоро мардуми шарифи Тоҷикистон борҳо бо чашми сар дидаанд ва дигар ҳаргиз гирифтори доми найранги наҳзат нахоҳанд шуд.

Б. Муддинов,

имомхати панчвактаи ба номи Билоли н. Фирдавсӣ