ХИЁНАТКОР ОҚИБАТ ШАРМАНДАВУ РӮСИЁҲ МЕГАРАДАД

Нашр шуд korbar - ср, 09/16/2020 - 15:56

Имрӯзҳо бо наздик гардидани маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаҳои интернетӣ шӯру балво ва иғвогариҳои хоинони қасамхӯрда аз қабили Кабириву ҳаммаслаконаш авҷ гирифтан дорад. Албатта ин бесабаб нест. Ин гурӯҳро агар аз як тараф дастуру супоришҳои хоҷагонашон ба ин роҳ бубаранд, аз тарафи дигар ҳавову ҳаваси ҷоҳу мансаб ва сарвату мол ба ин таҳрик мекунад. Ин тоифа бо истифода аз фурсатҳое, ки барояшон даст медиҳад, андешаи бархе ҷавонони ноогоҳ ва мардуми авомро заҳролуд намуда, бо ин васила ба иборае «обро лой карда моҳӣ медоранд».

Аммо хиёнат амалест, ки дер ё зуд ошкор мегардад ва хиёнаткор худ шармандаву рўсиёҳ мегардад:

Имрӯз ин ҷамоати хоинон баъди номуваффақиятҳои пай дар пай дар ҳаёти сиёсии кишвар ноҷавонмардона ба хориҷи кишвар фирор намуда, худро ба оғӯши хоҷагони хеш андохтаанд, мекӯшанд худро мӯсичаи бегуноҳ нишон дода, исбот намоянд, ки ба онҳо зулм шудааст.

Аммо, шояд ҳанӯз дарк накардаанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон роҳи ояндаи худро қотеъона интихоб намудааст. Дигар ба афсонаву найрангҳои ин тоифа аслан эътибор ҳам намедиҳанд. Ё шояд аслан инро дарк мекунанду, аммо тинати нопокашон онҳоро намегузорад, ки ҳақиқатро эътироф намоянд.

Имрӯз Мардуми шарифи Тоҷикистон комилан ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар доранд ва ояндаи худу фарзандони худро зери ин сиёсати созанда мебинанд.

Мансур Назаров,

сармутахассиси Кумита