ВАҚТЕ СУХАН АЗ СУЛҲ МЕРАВАД...

Нашр шуд korbar - ср, 09/16/2020 - 09:07

Истиқлолияти давлатӣ чун насими рӯҳбахше ба фазои Ватан вазиду аз баракаташ мардум ба хуррамӣ расид. Ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гашта, дар радифи кишварҳои пешрафтаи минтақа ҷой гирифт. Забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланди олам садо дода, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи озодии ҷовид партавфишон гашт, ки ин ҳама бо муборизаву ҷоннисориҳои фарзонафарзанди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст дод.
Дар зарфи солҳои начандон тӯлонии соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон рушду нумӯи тоза ёфта, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хос пайдо кард. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро мардуми олам чун сабақи таърихӣ истифода мебаранд. Барои расидан ба ин рӯзи саид марҳилаи басо муҳиму ҳассосе бо сарварии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар шуд.  
Замоне Тоҷикистон дар алангаи оташ ғӯтавар буд, ба андешаи кам касон меомад, ки рӯзе ин пайроҳаҳо чаманистон мешаванду ҳеҷ нишоне аз он рӯзҳои мудҳиш намемонад. Вале дар фосилаи ниҳоят кӯтоҳ «сулҳи деринтизори мо омад». Бародарони ба ҳам як замон душмангашта кинаҳоро рӯйи ях навишта ба пешвози Офтоб баромаданд ва ба ҳам оғӯш бикшоданд. Фирориён ба Ватан баргаштанду хоки он сурмаи чашмон карданд. Зеро рафтанду диданд, ки ғарибӣ чист ва ғариб кист. Диданд, ки ҳеҷ чаманистони олам ба хористони Ватан баробар намешавад. Чунки ин ҷо кулбаи муқаддаси модар маъво дораду чашмони интизори хоҳар роҳ мепоянд. Ва муҳимтар аз ҳама, итминон ҳосил карданд, ки дар Ватан ғамхоре доранд, ки барояшон сина сипар мекунад.  
Бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло мо роҳи ормонҳои миллиро тай намуда истодаем ва Тоҷикистон гулгулшукуфоӣ дорад. Дар ин марҳила мо тавонистем ба ҳадафу мақсадҳое, ки дар пеш гузошта будем, ноил гардем. Пеш аз ҳама, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки даҳсолаҳо ҳалли худро намеёфт, баромад. Тамоми манотиқи кишвар ба ҳам пайванд гаштанду халқ аз азоби алими роҳ халосӣ ёфт. Ба ҷуз ин, Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф гашт. Кулбаҳои як замон торик барои ҳамеша чароғон шуданд. Кохи нур – НБО «Роғун» бунёд гардида истодааст, ки рӯшании Тоҷикистонро то уқёнуси Ҳинд хоҳад бурд. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода гардида, аз баракати дасти деҳқон нон дар рӯи хон фаровон гашт. Ва ниҳоят, саноатикунонии босуръат пеш гирифта шуд, ки асоси баланд бардоштани иқтисоди миллист. Ба ин васила тайи ду сол аст дар ҷумҳурӣ садҳо корхонаҳои хурду бузург ба кор даромада, ҳазорҳо ҷойи кории нав муҳайё гардида истодаанд.
Ин ҳама аз файзи истиқлол, аз баракати талоши халқи сарбаланди тоҷик бо сарварии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин марди фозил на танҳо ба миллат сулҳу ваҳдат оварданд, балки тавонистанд мамлакатро марҳила ба марҳила рушд дода, эътиборашро боло бардоранд.

Шарифхон РАҲМОНЗОДА