ҲУШЁР БОШЕМ...

Нашр шуд korbar - чт, 09/17/2020 - 16:11

Оё шумо фикр кардед, ки ҳар рӯз аҳли оилаи  моён, чӣ бобову модаркалонҳо, падарону модарон, фарзандону наберагон, хуллас хурду калон  аз хонаҳои худ, ба суи коргоҳу мактаб, боғчаву бозору кӯча мебароем? Оё шумо фикр кардед, ки ҳар яки онҳо дар давоми рӯз дар ҷойҳои кору дарси худ дар кадом аҳволанд? Оё дар бораи модар ё ҳамсароне, ки гоҳо танҳо дар хона мемонанд, шумо фикр мекунед, яъне шумо аз онҳо хавотирӣ мекашед?  

Ҳамаи  мо то он даме, ки ба хонаамон меоем, дилпур ҳастем, ки ҳамаи онҳо дар амонанд. Бачаҳоямон дар кӯчаву боғча, мактабу донишкада, корхонаву бозор ва занону модарон  дар куҷое, ки давоми рӯз бошанд, онҳо дар амонанд. Нисфи шаб мехоҳед ба Хуҷанд ё ба Душанбе ё ба Хатлон равед, марҳамат! Ба роҳ мебароед, тарсу ҳарос надоред, чунки оромиву осудагӣ моро фарогир аст. Имрӯз мо дар ватани азизи худ, ки осмонаш беғубор ва соф аст, дар фазои  тинҷиву амният кору зиндагӣ карда истодаем. Қалбамон ором, диламон пур аст, чунки ин сарзаминро Худованд бо инояти бузургаш сулҳ ато намудааст ва албатта  ба ин неъмати узмо ҳар даму ҳар соат мо шукргузорӣ  мекунем ва ба қадри он мерасем.

          Бубинед дар дунё чӣ воқеаҳои мудҳиш рух дода истодааст. Кабириву пайравонаш ҳамоно дар сар фикри “қиёми мардумӣ” доранд. Андешаи қатлу куштори ҳазорон ҳамватани мо.  

           Худованди мутаол  дар Қуръони карим дар сураи Моида ояти 32 мефармояд: “Ҳар кас инсонеро бидуни ин, ки муртакиби қатли нафс ё фасоде дар замин шуда бошад,  бикушад, чунон аст, ки гӯи ҳамаи мардумро кушта бошад ва ҳар кас инсонеро аз марг наҷот диҳад, чунон аст, ки гӯи ҳамаи мардумро зинда кардааст”, яъне қатли  як инсони бегуноҳ, мисли қатли ҳамаи одамон ҳисоб мешавад. Гуноҳи ин кор чунон аст, ки гӯё аҳолии тамоми заминро ба қатл расонидааст.Оё худованд ин гуна гуноҳро бахшоиш мекунад. Ҳаргиз не. Пас мо огоҳ ва  ҳушёр бошем, ки фарзандони моро гумроҳ накунанд ва ба ин гурӯҳҳо шомил нагардонанд, ки чунин одамкуш ва ваҳшӣ шаванд.

Ибодулло Калонзода,

ходими дин