ХИЁНАТ ГУНОҲИ НОБАХШИДАНИСТ!

Нашр шуд korbar - чт, 09/17/2020 - 16:16

Дар ҳар давру замон инсонҳо ва шахсиятҳое, ки ба Ватану миллат хиёнат меварзанд, аз ҳар нигоҳ ва ҳар ҷониб шадидан маҳкум мегарданд, зеро хиёнаткор ба оташ задани хонаи худ қодир аст.

Ин аст, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол иддае аз ноҷавонмардон пайдо гардиданд, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ва бо ин васила гумроҳсозии ҷомеа бо сарпарастиву пуштибонии хоҷагони хориҷӣ даст ба чунин амалҳои разилона зада, мехоҳанд ба рушди босуботи кишвар рахна эҷод созанд. Аз қабили чунин пастфитратон аъзо ва пайравону ҷонибдорони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом маҳсуб меёбанд. Маҳз корбурд ва фаъолияти пасипардагии ин ноҷавонмарон бо сӯйистифода аз номи дини мубини ислом сурат гирифта, натиҷаи он аз бадномкунии ин дини муборак дигар чизе нест.

Тавре маълум аст, фурсатҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби хоинони миллат аз ҷумла “коршинос”-и ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ Сайидюнуси Истаравшанӣ (Бурҳонов) оид ба рушди босуботи кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сару садои бардурӯғ паҳн гардида истодааст. Ин “коршинос” байни мардум кинаву адоват паҳн карда, ғаразҳои нопоки худро дар байни ҷомеа мехоҳад амалӣ намояд. Аслан агар ба моҳияти навиштаҳои ӯ назар афканем, мушоҳида мешавад, ки Сайидюнус мунтазам ба ҳарзагӯиву туҳмату буҳтон ва бори дигар гумроҳсозии ҷавонони Ватани маҳбуб машғул аст. Худро чунон ғамхори миллат нишон медиҳад, ки гӯиё барои барқарорсозии сулҳу субот нақше гузошта бошад. Аммо эҳсос мешавад, ки ҳама бухл асту ғараз. Оид ба нишондоду қарори суди Олии кишвар ҷиҳати баста шудани ҳизби наҳзат далелҳои дарҷшударо беасос хонда, мехоҳад мардумро нисбати ин қарор ба шубҳа андозад. Аммо Сайидюнус ва ҳаммаслакони наҳзатиаш дониста бошанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон на ба шумо ду се нафар маҳзабфурӯшон бовар доранд, балки мо ба тантанаи адолат ва суд боварӣ дорем. Дигар ин ки мо аз фитнаву найранг ва амалҳои пасипардагии наҳзатиҳои гумроҳ ва раванди пайвастани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хуб огоҳем. Бисёре аз навиштаҳои Сайидюнус мисли он аст, ки ӯ аксари гапҳояшро подарҳаво навишта, ҳатман дар як ё ду ҷои он ғаразҳои шахсии худро дарҷ менамояд. Агар вобаста ба масъалаҳои мазҳабӣ бошад, ҳатман як ё ду андешаи мазҳаби бегонаро ёдовар мешавад. Рафтору амалкард ва навиштаҳои ӯ нишон медиҳад, ки дар баробари оне, ки ватани худро фурӯхтааст, имрӯз собит шудааст, ки мазҳабашро низ фурӯхтааст. Иддае аз навиштаҳояш мисли сухану гапҳои фолбинон аст, ки асоси воқеӣ надоранд ва ҳатто аз кӯчаи ҳақиқат нагузаштаанд. Агар аз нигоҳи масоили шаръӣ ба масъалаи фолбинӣ назар афканем, маълум мегардад, ки “фолбинӣ аз нигоҳи дини мубини ислом ҳаром аст ва анҷомдиҳандаи он гунаҳкори азим мешавад. Бисёре аз шахсони сеҳршуда бемор мешаванд ё табиату одаташон тағйир меёбад. Тамоми донишмандон иттифоқ доранд, ки сеҳр дар нороҳатӣ ва аз байн рафтани саломатӣ таъсир дорад. Бояд яқин дошт, ки сеҳр бо ёрӣ ҷустан аз шайтонҳо ва анҷом додани корҳои ҳарому палид ба вуқуъ мепайвандад, ҳол он ки тамоми ин корҳо роҳе ба сӯйи куфр мебошад ва барои мусулмоне, ки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад, ҷоиз нест, ки онро анҷом диҳад. Худованд дар бораи зиёни сеҳр мефармояд: “Ва соҳир ҳар ҷо, ки равад, растагор намешавад”. (Сураи “Тоҳо”, ояти 69)

Чун мардуми шарифи шаҳри Истаравшан аз рафтори разилонаи ин фарзанди нохалаф, ки ба худ тахаллуси Истаравшанӣ гузоштааст огаҳ гардида, ба унвони сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷуҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ номаи саркушод ирсол намуда, хоҳиш намуда буданд, ки хуб мешуд, тахаллуси Истаравшанӣ аз номи ин шахсияти нохалаф гирифта шавад. Зеро мардум хуб қайд намуданд, ки Истаравшан (Киропол, Курушкада, Уструшана, Ӯротеппа) ватани бузургони илму адаб чун Шиблӣ, Шаҳдӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, академикҳо Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Улмас Мирсаидов, Пӯлод Бобоҷонов, Хуршеда Отахонова ва қаҳрамонони арсаи кору пайкор Набӣ Акрамов, Камол Охунов, Сабоҳат Ҷамолова ва садҳои дигар аст, ки на танҳо боиси фахри ҳамдиёрон, инчунин кишвару хориҷи онанд.

Дар умум, агар оид ба корномаҳои пасипардагии ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва пайравону аъзоёни он назар афканем, ҳанӯз аз рӯзҳои оғози фаъолияташ ин ташкилоти ҷиноӣ ба шеваи фатводиҳиву гумроҳсозии мардум, ба хосту диди кӯтаҳи хеш тарҷума ва паҳн кардани сураву оятҳои дини мубини ислом, тафриқаандозӣ байни мусалмонон, ба фирқаҳо ҷудо намудани мусалмонон, яъне ба мусалмони ҳуҷҷатдор ва беҳуҷҷат ҷудо кардани мардуми Тоҷикистон, содир намудани ҳукмҳои манънамудаи Худованд, яъне мусалмон ё кофир будани мардум корбурд намуда, рӯйрост аз дини мубини ислом сӯйистифода намуд. Оид ба чигунагии ба фирқаҳо ҷудо намудани мусалмонон, яъне ба мусалмони ҳуҷҷатдор ва беҳуҷҷат ҷудо кардани мардуми Тоҷикистон тавре огаҳӣ дорем, баъзе аз аъзову пайравони ин ташкилоти террорисӣ-экстремистӣ дар вақти фаъолияти ин ташкилот пасипардагӣ амал намуда, ба хотири гумроҳкунӣ, яъне аъзо шудан ба ТЭТ ҲНИ ба мардум муроҷиат менамуданд, ки “Агар шумо ба ҲНИ аъзо нашавед шумо мусалмон нестед, вақте ки шумо аъзои ҳизби мо шудед мо ба шумо ҳуҷҷат медиҳем, ки аъзои ҳизби исломиед”.

Ба чунин монанд аз амалҳои фитнагариву сӯйистифодакунии дини мубини ислом аз ҷониби аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ мардуми шарафманди Тоҷикистон бахубӣ огаҳ гардида, хушбахтона бо хоҳиши худ аз сафҳои ин ҳизби ихтилофангез баромаданд, ки дар натиҷа ташкилотҳои ибтидоии он дар минтақаҳои кишвар барҳам хӯрданд. Ин омил боиси аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудани ҲНИ гардид.

Бо баробари баста шудани ин ҳизби ихтилофангез ҳоло ҳам пинҳониву ошкоро аъзову пайравони он байни мардум фитнаандозиву тафриқаандозӣ намуда, ҷавононро бо андешаҳои разилонаи хеш мехоҳанд гумроҳ созанд.

Аз ин рӯ, чун ҷаҳони пешрафти техникаву технологияи муосир аст, имрӯзҳо ба ҳар роҳу восита наҳзатиёни хоин кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ андешаву фикри ҷавононро гумроҳ созанд. Бо вуҷуди оне, ки ҳизби наҳзати ислом баста шуд, ҳоло ҳам ин бешарафон ба фитнагарӣ машғуланд. Бнобар ин, ҷавонони моро зарур аст, ки ба фитнаи онҳо гӯш надиҳанд, зеро ба таъкидҳои қуръонӣ “фитна бадтар аз қатл аст”.

Маҳмадюсуф Қозиев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

ба номи Имоми Аъзами

шаҳри Бӯстон