ҲАРЗА ҶОЙИ АНДЕШАРО НАМЕГИРАД

Нашр шуд korbar - чт, 09/17/2020 - 16:34

Як хислати муҳимми одамиро бузургон дар андешаи солим дида, баҳо додаанд. Андешаву фикри солим дар мағзи солим тавлид меёбад. Агар як манбаи боэътимоди андеша тани сиҳат бошад, дигараш, албатта, дониш ва саввуминаш таҷрибаи рӯзгор аст. Хуш ба ҳоли он нафаре, ки аз ин се сарчашмаи саодати инсонӣ баҳра мебардорад.

Мутаассифона, бархе инсонҳо ин се манбаи мулоҳизоти дурустро на фақат ба эътибор намегиранд, балки ҳамвора аз равзанаи ҷаҳонбинии пурғараз ва пур аз кину адоват ба олами берун назар мекунанд. Ба ҳодисоту воқеаҳо чунон баҳо медиҳанд, ки гӯиё танҳо онҳо ҳақ буда, дигарон, агарчи аксарияти куллро ташкил диҳанд ҳам, гӯиё ноҳақ ва нослим сухан мегуфта бошанд. Барои онҳое, ки воқеиятро аз равзанаи фикри хом баҳогузорӣ мекунанд, фарқе надорад, ки ҳақиқат дар кадом мавқеъ қарор дорад, фарқи ҳақ аз ботил, дурӯғ аз рост дар чист…

Ин муқаддима, албатта, нишонии мушаххасе дорад. Ахиран наҳзатиёни хоин бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ талош мекунанд, бо ҷалби ҷавонон суҳбатҳои онлайнию ғайрионлайнӣ доир кунанд. Аммо агар шахси ватандӯсту огоҳе дар ин барномаҳои онлайнӣ ҳузур пайдо карда, суол кунад, ки ҳадафи ниҳоии шумо аз ин ҳама фитнаву тафриқа чист, зуд ба он шахс тамғаи чоплусӣ мезананд. Суоли мантиқӣ мехезад, ки чаро? Посухи онро ёфтан мушкил надорад, чунки ҷавоби дуруст намеёбанд, чунки дигар ягон далел надоранд, ки ақаллан симои худро назди муштариёнашон сафед нишон дода бошанд. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон хеле хуб дарёфтаанд, ки нуқсу иллати солҳо тӯл кашидани ҷанги шаҳрвандӣ ва ниҳоят рӯ ба табаддулот овардани наҳзатиён дар чӣ буд, ҳадаф чӣ буд ва ғайраву ҳоказо…

Ба андешаи мо, ҳар андешаи носолим қобили ҷавобгӯист. Аз он ки наҳзатиён ҳоло дар хориҷа тухми нифоқ миёни ҷомеаи аврупоӣ мекоранд, самараи нек нахоҳад дод. Ҳоло замона дигар, ҷаҳонбиниҳо дигар ва вазъи ҷаҳони муосир ва меъёрҳои баҳо ба ҳодисоти айём куллан тағйир ёфтааст. Ғарбиён хуб медонанд, ки Тоҷикистон дар ҳоли пешрафт қарор дорад, зиндагии мардум тинҷу осуда ва рӯзгори одамон рӯ ба беҳбудиҳо овардааст. Ба чӣ ҳадафе онҳо ба корҳои дохилии Тоҷикистон бино ба даъвоҳои бесарунӯг ва бемантиқи наҳзатиён мудохила карда метавонанд? Ин гуна ҳадаф нест, чунки умури давлатдорӣ дар самти маълум – осудагии рӯзгори мардум ва таъмини зиндагии шоиста пеш рафта истодааст.

Аслан, мулоҳизаҳое, ки Кабириву пайравони “паймонӣ”-ву “24”-иаш баён мекунанд, сазовори посух гуфтан ҳам нест. Сухани рост дар дил менишинад, сухани ботилу дурӯғ чун боди баҳорӣ гузарон аст, чун шабнаме ҳаст, ки бо баромадани офтоб зуд нопадид мешавад. Коҳи куҳнаро бод кардан, бо кизбу сиёҳкуниҳо афкори мардумро ба вуҷуд овардан ҳоло ғайриимкон шудааст. Инро бояд онҳое фаромӯш накунанд, ки бо ҳар баҳонае наҳзатро сафед карданӣ мешаванд…

Икром Бегалиев,

сармутахассиси Кумита