КОРРУПСИЯ ВА МАСЪАЛАИ МУБОРИЗА БО ОН

Нашр шуд korbar - ср, 09/16/2020 - 16:56

Дар ҳамаи давру замон зуҳуроту мушкилоти гуногуне мавҷуд буда, ки ҳамеша садди роҳи пешрафту тараққиёти бемайлони ҷамъият гардидаанд. Яке аз чунин мушкилоти ҷиддӣ дар ҷомеа фасод ё ришва маҳсуб мешавад, ки вобаста ба пешрафти ҷамъият дар қолабҳои нав ба маҷрои зиндагии инсонҳо ворид мешавад.

Маълум аст, ки инсон ҳамеша мехоҳад, то ҳарчи зудтар ва бо роҳи содатаре ба орзуву омоли худ даст ёбад ва ё бо ҳар роҳе набошад, ба давлату сарвати афзун бирасад. Маҳз ҳамин табиати инсонӣ боиси ривоҷ ёфтани зуҳуроти номатлуби ришавдиҳиву ришваситонӣ дар ҷомеа мегардад. Аммо мутаассифона инсонҳо ба хотири манофеи инфиродиву баъзан гурӯҳӣ манфиатҳои ҷамъиятӣ ва милливу давлатиро нодида мегиранд, ки ин омил метавонад паёмадҳои ҷиддиеро дар пай дошта бошад. Зеро афзоиши ин зуҳурот метавонад боиси косд гардидани иқтисоди давлатҳо гардида, дар роҳи пиёда гардидани нақшаву ҳадафҳои ҳукуматҳо монеи ҷиддӣ эҷод намояд. Гузашта аз ин, пора талаб кардан ё пора додан зарарҳои гуногунҷанбаи моддӣ, маънавӣ, рӯҳӣ, равоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дошта, ҷаҳлу нодониро дар миёни аҳолии ҳар кишвар афзоиш мебахшад.

Маълум аст, ки кишвари мо низ дар қатори соири кишварҳои олам аз ин зуҳуроти номатлуб дар амон нест. Аз ин лиҳоз, ҳанӯз аз солҳои нахустини касби истиқлолияти миллӣ роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи барҳам задани нуфузи ин ҷараёни номатлуб аз иқдому ташаббусҳои муайяне кор гирифтанд.

Аз ҷумла бо мақсади муборизаи густурда бо коррупсия дар ҷумҳурӣ Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул ва амалӣ  гардид. Бо дарназардошти натиҷаҳои хуби бадастомада дар доираи татбиқи Стратегияи мазкур дар марҳилаи баъдӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 № 1504 Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 2020 ба тасвиб расид. Тавре ки дар муқаддимаи Стратегияи мазкур омадааст: “Муқовимат ба коррупсия - мафҳуми ин ҷараён асосан аз унсурҳои мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад”.

Дар баробари ин, муносибат ва бархӯрди қонунӣ бо ҷараёни коррупсия дар доираи ду санади меъёрӣ-ҳуқуқии дигар - Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 319,320) ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 656, 657, 661 ва ғ.) амалӣ карда мешавад. Санадҳои зикршуда ҷанбаҳои мухталифи муносибату бархӯрд бо ин зуҳурот, инчунин меъёрҳои қонунии ҷазоро нисбат ба ашхосе, ки ба чунин кирдор даст мезананд, муайян кардааст.

Дар ибтидо, тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо нафароне ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд, ки даст ба ришваситонӣ задаанд. Аммо ҳеҷ як меъёри қонуние дар нисбати ашхоси ришвадиҳанда татбиқ намегардид. Албатта бо чунин шеваи кор пешгирӣ аз зуҳуроти коррупсия дар кишвари мо беш аз пеш мушкилтар гардид. Аз ин хотир, бо илова намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории дахлдор меъёрҳои қонунӣ дар нисбати шахсони ришвадиҳанда низ татбиқ гашт.

Ба хотири ба роҳ мондани бархӯрди ҷиддӣ бо зуҳуроти коррупсия бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми январи соли 2007 ниҳоди хосси назоратӣ дар самти мазкур – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҷомеаи Тоҷикистон аз ин ташаббуси Пешвои миллат ба хубӣ истиқбол намуданд. Зеро мардуми кишвар хатарҳои ин зуҳуротро ҳамаҷониба дарк намуданд. Аз тарафи дигар, аксари мутлақи сокинони кишварро мусулмонон ташкил медиҳанд ва таълимоти шариати исломӣ низ ин зуҳуротро шадидан маҳкум менамояд.

Дини мубини ислом тамоми ҳуқуқҳои инсон – мусалмон ва ѓайримусалмонро дар ҳаёт ҳифз менамояд. Ва ҳамеша инсонро барои идора намудани нафси худ аз побандии ҳавою ҳавас набудан ва оқилона муносибат намудан бо одамон амр менамояд.

Эй нафс, ки бастаи ҳавою ҳавасӣ,

Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.

Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ришва махӯр,

К- аз дӯст бароиву ба душман бирасӣ.

(Абӯ алӣ ибни Сино)

Яъне, афроди ҷомеа бо якдигар мисли бародаранд. Аз ин рӯ, бояд ба сулҳу созиши байни худ бипардозанд ва дар тамоми лаҳзаҳои зиндагӣ, дар кумаки якдигар бошанд. Ҳама нисбат ба якдигар бояд дӯст, бародар ва ѓамхору меҳрубон бошем.

Тавре, ки Саъдии Шерозӣ гуфтааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офаринишзи як гавҳаранд,

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 

Муйдинҷон Тухтахуҷаев,

корманди Кумита