“КОРОНАВИРУС” ХАТАРНОКТАР АСТ Ё “КАБИРИВИРУС”?

Нашр шуд korbar - пн, 09/21/2020 - 09:28

Қисмати 4-уми филми “Хиёнат”-ро телевизион дидаму ба фикр рафтам, ки ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ хатарнок аст, ё коронавирус. Аз тамошои ин филм ҳар бинанда ба хулоса мерасад, ки ҳеҷ балову офату вирус дар пеши хатару бераҳмии наҳзату наҳзатиён ҳеҷ аст. Зеро ,буридани гӯшу бинию панҷаҳою ҳатто олоти мардӣ, зинда ба зинда кофтани чашмон, сарбурӣ, таҷовузи занону духтарон танҳо аз дасти наҳзатиён меояд. Ин корҳоро ҳатто бераҳмтарин лашкаркашон накардаанд.

Филми “Хиёнат” чашми ҳама сокинонро дубора кушод,  ҳақиқатро диданд.  Шукри Худо, ки баъди ин хунхориҳои наҳзатиён ба дунё омадам.  Давлат ва Ҳукумат он қадар бо заҳмату талоши зиёд ҳар лаҳза ободкориву созандагӣ  мекунанд. Шукр мегӯем, ки ин наҳзатиҳои хунхор сари қудрат наомадаанд. Агар сари қудрат меомаданд чи рӯзи сиёҳе ба сари мардум меомад.  Кадом мусулмон ба худ иҷозат медиҳад, ки дар ҳавои тафсон одамони калонсолу кӯдаконро дар даруни бочка маҳкам карда, оноҳоро то мурдан масхара кунад? Куҷои ин мусулмонист? Кабирӣ бо рӯсиёҳиҳои нав мехоҳад дубора мардуми тоҷикро ба хуну хок оғӯша кунад. Бузургону калонсолоне, ки оғӯштаи ҷангу ҷидол буданду аз гуруснагиву ташнагӣ рӯ ба фирору гурез оварда буданд, чунин мегуянд ...Мон мардум рӯзи худро баранд, нав тинҷ шудему  нав нони серӣ хӯрда истодаем, нав обод шудем. Охир биё, миёнатро маҳкам банд, қатори мардум бошу мулкатро обод кун.... Мурӣ ҳам дар ватанат мемурӣ, саги дайду барин пеши пойи мардуми бегона намешавӣ.

         Аммо чӣ чора, ин ҳама ба гӯши гарони Кабирӣ ҳеҷ кора намекунад. Зеро агар ӯ гӯши насиҳатшунав медошт, гапи падарашро мешуниду дар айёми пирӣ асои дасти падар мегашт.

Шамшод Муҳиддинов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ш. Ҳисор