НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Нашр шуд korbar - пн, 09/21/2020 - 15:32

Мавҷудият ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ ва дорои истиқлоли сиёсӣ дар замони муосир муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз таърихи сиёсии Тоҷикистон ба хонандаи огоҳ ва дурандеш маълум аст, ки раванди ҳифзи истиқлолият ва таҳкими он дар мамлакат, низоми сиёсии давлат ва ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагӣ ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дорад.
Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги миллӣ ноил гардида, дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳалли муаммоҳои глобалӣ ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ шудааст. Барои дарки ин масъала баён намудани чанд воқеияти инкорнашаванда ва чанд нукта муҳим мебошад:
Нуктаи аввал. Эмомалӣ Раҳмон дар шароите ба саҳнаи сиёсат ворид шуданд, ки низоми сиёсии давлат фалаҷ гардида, дар ҳолати нобудшавӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ва бозиҳои сиёсии гурӯҳу давлатҳои манфиатхоҳ суботу оромии ҷомеаро аз байн бурда буд. Дар ин давраи ҳассос ва душвор Эмомалӣ Раҳмон бо ғояи барқарории сулҳу ваҳдат аз байни мардум ва барои мардум ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, фаъолияти худро оғоз карданд. Дар ҳақиқат, иброз доштани «Ман ба шумо сулҳ меорам» - и Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Роҳбари давлат заминаҳои бунёдии системаи идоракуниро ташаккул дода, давлатдории миллиро эҳё намуданд.
Нуктаи дуюм. Баъд аз ташаккул додани низоми сиёсии идоракунӣ масъалаи таъмини субот ва эҳёи ваҳдат масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ мешуд.  Дар алоқамандӣ ба ҳолати мазкур дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи барқарор намудани сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ намудани миллати тоҷик яке аз унсурҳои асосии барномаи кории Эмомалӣ Раҳмонро фаро гирифта буд. Дар марҳилаи даргириҳо ва авҷи моҷароҳо дар мамлакат, инчунин, дастгирӣ ёфтани неруҳои бадхоҳ аз ҷониби манфиатдорони хориҷӣ барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ кори мушкил буд. Ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана кард. Имрӯз дар фазои субот, ҳамгироӣ ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон аст;
Нуктаи сеюм. Барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва бартараф намудани хатару таҳдидҳо масъалаи таҳким ва пойдории ваҳдати эҳёгардида ба вуҷуд омада буд. Аввалин иқдоме, ки дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуда буданд, бунёди нақб ва бозсозии роҳҳои мошингард ба ҳисоб мерафт. Бунёди нақбҳо ва навсозии роҳҳои мошингард дар он замони душвор фалсафаи худро дошт. Агар аз як тараф бунёди нақбу роҳҳо омили баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро ташкил менамуд, аз тарафи дигар заминаи муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ гардид. Сангарҳои табиат, ки сабаби маҳдуд гардидани муносибатҳо байни минтақаҳо буданд бартараф шуданд. Тоҷикистон ҳамчун давлати воҳид ба марҳалаи нави инкишоф ворид гардид;
Нуктаи чорум. Дар мамлакат масъалаи бартараф намудани харобаҳои ҷанг ва баромадан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, инчунин, таъмин намудани шароити зисти арзанда муҳим буд, зеро суръати рушди давлатҳо ва ҳаёти ҷамъиятӣ чунин ҷиҳатро тақозо менамуд. Эмомалӣ Раҳмон дар радифи таҳкими сулҳ масъалаҳои мазкурро дар барномаи миллатмеҳвари худ қарор доданд. Ҷиҳати ҳалли муаммоҳои мазкур дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил ва бозсозӣ гардида, соҳаи кишоварзӣ рушд ёфт. Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардид, ки ҳам истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин намуд ва ҳам дар пешрафти соҳаи саноат мусоидат кард. Махсусан, бунёди НБО «Роғун» ва ба истифода додани ду агрегати он, аз муҳимтарин фаъолияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ мешавад;
Нуктаи панҷум. Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ ва беҳтар намудани иқтисодиёти давлат, ҳамчунин, арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷикро эҳё, ҳифз ва системаи инкишофашро таъмин намуданд. Эҳёи ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик, таҷлили солгарди бузургони ниёгон ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра аз ташаббусҳои фарҳангсолории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин муддат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд. Илова бар ин, эҳё ва бозсозии маконҳои таърихии миллати тоҷик ҷузъи таркибии сиёсати таърихиву фарҳангии Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд;
Нуктаи шашум. Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ташаккул додани низоми муайяни рушди давлатдорӣ, ҳамчунин, дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ташаббусҳои беназирро роҳандозӣ намуданд, ки мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Хусусан, дар ҳалли муаммоҳои глобалии об, гармшавии иқлим, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.
Умуман, фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ фарогири дастовардҳои беназиру бештар аст. Агар ҳамаи он дастовардҳоро огоҳона баҳогузорӣ намоем дарк мекунем, ки ин шахсияти ҷаҳонӣ худро барои миллату давлати тоҷик фидо намудаанд. Маҳз чунин фидокорӣ боис гардид, ки миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат пазируфтанд.

Алиназар АШУРОВ