
Моҳи июли соли равон аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, Консепсияи рушди оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Мақолаи беҳтарин дар мавзӯи пешгирии хушунати хонаводагӣ” аз санаи 20 июли соли 2020 эълон карда шуд.
Озмуни мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи “Пешгирии хушунати хонаводагӣ” дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA), Ассотсиатсияи танзими оилаи Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Ҳукумати Британияи Кабир амалӣ карда шуд.
Баҳри самаранок гузаштани озмуни мазкур бо фармоиши Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи озмун тасдиқ гардида, комиссияи озмунӣ зери роҳбарии муовини Раиси Кумита таъсис дода шуд.
Дар озмуни мазкур кормандони соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, имомони масҷидҳои панҷвақта ва намояндагони дигар иттиҳодияҳои динӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Озмун санаи 30 августи соли 2020 ҷамъбаст карда шуда, аз ҷониби комиссияи озмунӣ 3 мақолаи беҳтарин бо риояи шарт ва талаботи озмун дар асоси низомномаи тасдиқгардида интихоб карда шуд.
Санаи 18 сентябри соли 2020 дар маҷмааи “Душанбе Плаза” маросими ҷоизасупории озмун бо иштироки ғолибони озмун тибқи барномаи мувофиқашуда баргузор карда шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ ҳамчунин роҳбарият ва кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA), сафоратхонаи Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе ва Ассотсиатсияи танзими оилаи Тоҷикистон низ иштирок доштанд.
Тибқи барнома маросими ҷоизасупорӣ аз ҷониби аъзои комиссияи озмунӣ, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Мавлонов ва намояндаи сафоратхонаи Британияи Кабир дар шаҳри Душанбе кушода шуда, сипас котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим доир ба шартҳо ва ҷараёни озмун, асосҳо ва заминаҳои интихоби мақолаҳои беҳтарин ва ҷамъбасти умумии озмун тариқи слайдҳо маърӯза намуд.
Баъдан ғолибони озмун ба таври зерин эълон карда шуданд:
- ҷойи якум – имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Конибодом Нурулло Ҳидоятов;
- ҷойи дуюм – мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муҳаммадсаиди Шарофиддин;
- ҷойи сеюм – сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Турсунзода Абду Ҳақназаров.
Ба ғолибони озмун диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардидд.
Дар ҷамъбаст таъкид карда шуд, ки беҳтарин мақолаҳои пешниҳодшуда марҳила ба марҳила дар маҷаллаи динӣ ва иҷтимоию фарҳангии “Дин ва ҷомеа”-и Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр мерасанд.